Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқод аз маҳкумияти як ҳомии ҳуқуқ дар Қирғизистон


Ҳукме, ки додгоҳи Қирғизистон нисбати як ҳомии узбактабори ҳуқуқи башар раво дидааст, мавриди интиқод қарор гирифт. Додгоҳ Азимҷон Аскаровро бо даст доштани дар куштори афсари полиси Қирғизистон муҷрим дониста, ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Вале гурӯҳҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки муҳокима одилона набуд.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳукми додгоҳи Қирғизистонро, ки як ҳомии узбактабори ҳуқуқи башарро бо даст доштан дар куштори афсари полиси ин кишвар муҷрим донистааст, маҳкум мекунанд.

Гурӯҳи Ҳуман Райтс Воч таъкид кардааст, ки ҳукми Азимҷон Аскаровро бозбинӣ кунад, зеро муҳокима ноодилона буд ва аснои он хушунат ҷой дошт.

Рӯзи 15 сентябр додгоҳи Қирғизистон Аскаров ва ҳафт нафари дигарро, ки ҳамагӣ узбактабор ҳастанд, бо куштори як афсари полис, дар нооромиҳои моҳи июн муҷрим донист. Бар илова Аскаров бо ангехтани низои байниқавмӣ, ташкили нооромиҳои дастаҷамъӣ ва кӯшиши гаравгонгирӣ дар деҳаи ҷанубии Бозор-Коргон дар моҳи июни соли равон айбдор дониста шуд. Касе аз муттаҳамҳо гуноҳро эътироф накард, ҳарчанд ки ҳангоми тафтиш ин ҷиноятҳоро бар ӯҳда гирифта буданд. Аскаров ва чор нафари дигар ба ҳабси ҳаёти маҳкум шуда, бо дастури додгоҳ моликияти онҳо мусодира мегардад.

"Парванда сохта аст"

Ду нафари дигар ба муддати бистсолӣ ва шахси ҳафтум ба муддати нуҳ сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ва аз ҷумла омбудсмани Қирғизистон Турсунбек Охун мегӯянд, ки парвандаи Аскаров сохта аст. Ба гуфти Охун идораи омбудсман тафтиши алтернативии куштори полисро роҳандозӣ намуда, ба хулоса омад, ки Аскаров дар ин амал нақше надошта, парвандаи Аскаров сиёсӣ мебошад.

Аскаров раҳбари созмони дидбони ҳуқуқи башар бо номи "Воздух" мебошад, ки чанд сол инҷониб дар бораи шароити нигаҳдошти маҳбусон дар зиндонҳои Қирғизистон ва муомилаи афсарони полис бо маҳбусони ин кишвар гузориш таҳия кардааст. Ба гуфти Охун дар рӯзҳои ноороми моҳи июн Аскаров куштору оташ задани амволи узбактаборон дар ҷануби Қирғизистонро сабт мекард.

Хонум Андеа Ҳубер намояндаи созмони Амнести Интернешенел ва ё Афви Байналмилал мегӯяд, айбномаи аскаров сохта аст: "Ин муҳокимаи ноодилона буд.Ӯро латту кӯб карданд, вакилони мудофиа ва хешовандонашро ҳам мавриди ҳамлаву фишор қарор дода буданд. Ҳукм ҳам золимона аст. дар ин чорчӯб мусоидаи амвол чӣ маънӣ дорад? Онҳо барои ин амал заминаи ҳуқуқӣ надоштанд."

Дар ҳамин ҳол гузоришгари созмони дидбони ҳуқуқи башар-Ҳуман Райтс Воч хонум Андреа Берг гуфт, одатан муҳокима дар додгоҳ бо ҳадафи жарёфти ҳақиқат барпо мешавад, вале муҳокимаи Аскаров ба интиқом шабоҳат дошт.

"Аз болои ин ҳукм шикоят мекунем"


Вакили мудофиаи Аскаров Нурбек Тухтаохунов дахолату фишори мақомотро ба танқид кард ва аз ҷумла гуфт: "Дар ин қазия чандин хилофкорӣ маълум шуд. Аввалан, ба Аскаров имкон надоданд, ки бо вакили мудофиа вохӯрда, фикрашро дар бораи айбнома ошкор кунад. Аснои фақат муҳокима шоҳидони тарафи айбдоркунанда иштирок карданд,ба тарафи муқобил чунин имкон фароҳам наоварданд. Ман чор ва ё панҷ шоҳид дорам. Дар байни онҳо ҳомии ҳуқуқ Азиза Абдурасулова ҳам шомил аст. Аммо вақте ман хостам онҳоро даъват кунам, хешовандони қурбонӣ таҳдид карданд, ки агар Азиза ба ин ҷо ояд, ӯ ин маконро зинда тарк нахоҳад кард".

Дар як аксе, ки Тухтаохунов аз Аскаров дар зиндон гирифтааст, дар тани Аскаров нишонаҳои лабу кӯб ба чашм мерасад.

Дар Нюйорк Созмони Ҳомии Рӯзноманигорон ҳам аз ҳукми Аскаров ва фишор болои вакили мудофиаи ӯ изҳори нигаронӣ намуда, даъват кард, ки парвандаҳои тамоми афроди муттаҳам дар нооромиҳои моҳи июни Қирғизистон ба шакли ошкоро сурат бигиранд.
Ҳангоми хушунатҳои ёдшуда камаш 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 400 ҳазор сокини дигари вилоятҳои ҷанубии Қирғизистон ба тарки хонаҳояшон маҷбур шуданд.

Мақомоти Қирғизистон танқидҳои дохиливу байналмилалӣ дар мавриди таъқиби ҳадафмандонаи узбактаборонро рад мекунанд ва меафзоянд, ки феълан дар иртибот бо нооромиҳои моҳи июн 240 парвандаи ҷиноӣ таҳқиқ мешавад. Ба қавли мақомоти қирғиз мансубияти қавмии онҳо муҳим нест, зеро ҳаммашон шаҳрванди ҳамин ҷумчурӣ мебошанд. Дар ҳоли ҳозир се ақзия ба додгоҳ расидааст ва дар ҳар се муҳокима узбактаборон муттаҳам мебошанд.

Тухтаохунов мегӯяд, ӯ ба ҳукми Аскаров мувофиқ нест ва қазияро ба додгоҳи таҷдиди назар мефиристад.
XS
SM
MD
LG