Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи занҳои афғон барои курсиҳои парлумонӣ


Хонум Аноркалӣ Ҳунарёр, номзад ба яке аз 68 курсии парлумон аст, ки барои занҳои Афғонистон ихтисос дода шудааст. Дар умум, барои ин 68 курсии палатаи поёнии порлумон, 406 зан рақобат мекунанд ва барои расидан ба ин ҳадаф, онҳо бояд таҳдидҳо, нобаробарии ҷинсӣ ва монеъаҳои фарҳангиро пуштисар кунанд.

Хонум Ҳунарёри 26-сола як ҳадафи дигар низ дорад. Ӯ намоянда ва фаъоли ақаллияти мазҳабии Сикх аст ва мехоҳад нахустин зани ғайримусалмон дар порлумони Афғонистон шавад.

Қарор аст, интихобот ду рӯз баъд 18 сентябр баргузор гардад.

Дуввумин интихобот пас аз суқути режими Толибон

Дар ҳоле, ки кишвар ба интихоби дуввумин парлумон баъд аз фурӯпошии режими Толибон дар соли 2001 омодагӣ мегирад, Ҳунарёр барои касби раъйи интихобкунандагони Кобул тамоми кӯшишашро ба харҷ медиҳад.

Бо вуҷуди он, ки аксаррияти онҳое, ки Ҳунарёр бо онҳо ҳамсӯҳбат мешавад мусалмонанд, ӯ ваъда медиҳад, ки барои адолат ва баробарии иҷтимоъӣ барои ҳамаи сокинони Афғонистон, новобаста аз мазҳабу миллаташон мубориза хоҳад бурд.

“Интихобот раванди миллист ва довталабон на бояд кӯшиш кунанд, ки ақаллиятҳои миллӣ ё мазҳабии мушахассро ҷалб кунанд, онҳо бояд овозҳои намояндагони тамоми қишрҳои аҳолиро касб намоянд. Ин аст чолиши аслӣ. Бо вуҷуди он, ки ман нахустин зани Афғонистон намояндаи ақаллияти ҳинду ва сикҳ мебошам, ки вориди саҳнаи сиёсӣ мешавад, ҳамаи мо бояд ҳамчун як миллати муттаҳид фикр кунем.”

Шореҳон ва таҳлилгарон набуди амниятро монеъаи аслии чунин иттиҳод мехонанд. Аммо суботу амнияти нисбии Кобул, ба маъракаи интихоботии Ҳунарёр мусоидат мекунад. Вай имкон дорад бо интихобкунандагон зимни гирдиҳамоиҳо ва нишастҳои хурду бузург дар мактабу меҳмонхонаҳо ва бозору манзилҳояшон ҳамсӯҳбат шуда мавқеъи худро матраҳ кунад.

Зимни суханрониҳои пурҳаяҷону оташин, ӯ дар бораи адолати иҷтимоъӣ ва ҳуқуқи инсон ҳарф мезанад.

Барои роҳ ёфтан ба парлумон, номзад бояд бо теъдоди ҳарчи бештари интихобкунандагон вохӯрӣ анҷом диҳад.

Теъдоди номзадҳои зан афзудааст

Соли 2005 дар интихоботи парлумонӣ 358 номзади зан ширкат варзид ва инак ин дафъа шумораи номзадҳои зан 50 нафар афзудааст.

Айёми кӯдакии Ҳунарёр ба солҳои ноороми 1990-ум рост омада буд. Он замон кишвараш даргири чангӣ бесарусомони шаҳрвандӣ буд.

A Tough Race For Female Afghan Candidate
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
Линки мустақим


Аммо ӯ худро хушбахт меҳисобад, чун вилояти шимолии Бағлон таҳти идораи Толибон набуд ва ба ҳамин хотир ҳам, ӯ имкон дошт дар мактаб таҳсил кунад. Ӯ орзу дошт, ки халабон шавад.

Баъд аз шикасти Толибон дар соли 2001, Ҳунарёр ҳомии ҳуқуқи башар шуд ва ӯ бовар дорад, ки ин таҷриба барои ба парлумон ворид шуданаш мусоидат хоҳад кард.

Дар ниҳодҳои давлатии Афғонистон, занҳо ба намояндагии чашмрас ноил шуданд, аммо алорағми ин дастовардҳо, ҳатто дар низоми сиёсии кунунӣ, онҳо қурбониҳои аслии хушунат, бемориҳо ва бенавоӣ боқӣ мемонанд.

Таҳдид алайҳи номзадҳои зан бештар сурат мегирад

Занҳои сиёсатмадор низ истисно нестанд. Бунёди мустақили интихоботи озод ва мунсифонаи Афғонистон мегӯяд, ки аз 10 таҳдид марбут ба интихобот, нуҳтои он алайҳи номзадҳои зан сурат мегирад.

Имкони рӯбарӯ шудан бо хатар барои номзадҳои зан, ба вижа дар минтақаҳои деҳотии ҷанубу шарқи кишвар, ки аз ҷониби ошӯбгарон идора мешавад, ба таври чашмрас меафзояд.

Ба номзадҳо таҳдидҳои гуногун мекунанд-аз тариқи телефон, номаҳо ё эълонҳо. Баъзан аъзои ситоди интихоботии онҳо мавриди ҳамла қарор мегиранд.

Ҳамин тавр, 29 август, ҳамлагари номаълум дар шаҳри шимолии Ҳирот, 5 узви ситоди интихоботиро ба қатл расонд. Ин панҷ нафар, номзадии Фавзия Гелонӣ- вакили порлумонро тарғиб мекарданд.

Хонум Наҳид Аҳмадӣ Фарид, номзади ҷавон аз Ҳиротро ин таҳдидҳо дилсард накарданд. Зимни маъракаи интихоботӣ, ӯ имкониятҳои иқтисодӣ, беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар ва вазъи ҳаёти занҳо ва оилаҳояшонро ваъда медиҳад.

Ӯ хатмкунандаи риштаи сиёсатшиносии донишгоҳи Вошингтон ва модари як фарзанд буда медонад, ки чӣ тавр шунавандагони сершумори худро ҷалб кунад.

Дар вилояти ҷанубии Қандаҳор, алорағми амалиёти таҳоҷумии нерӯҳои НАТО, ҳамлаҳои Толибон идома дорад.

Раъно Тарин, номзад ба курсии парлумонӣ мегӯяд, ки дар тафовут аз маъракаи соли 2005, ташкили вохӯриҳои оммавӣ ва суханронӣ дар бораи мавзуҳои доғ, бисёр хатарнок шудааст.

Ӯ нигарон аст, ки адами амният метавонад ба иштироки интихобкунандагон дар интихобот таъсири манфии ҷиддӣ расонанд
XS
SM
MD
LG