Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар доираи барномаи назорат ва бехатарии марзҳо сафорати ИМА дар Душанбе ба ҳукумати Тоҷикистон 22 роҳпаймо (квадроcикл) тақдим намуд. Ин роҳпаймоҳо дар ихтиёри дидбонгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон барои тақвияти мубориза алайҳи қочоқ ва назорати марзҳо қарор мегиранд.

Миша Квост, муовини сафири Амрико дар Душанбе дар маросими тақдими ин таҷҳизот гуфт: "Таъмини амнияти марзҳои Тоҷикистон афзалияти миллӣ мебошад. Марзбонон дар шароити хеле вазинин ва баъзан бо таҷҳизоти кӯҳна марзбонӣ мекунанд. Барои ҳамин, барномаи сафорати Амрико оид ба назорати воридот ва амнияти марзҳо шод аст, ки ба марзбонон дар мубориза алайҳи қочоқ кӯмак мерасонад".

Ҳаҷми умумии ин кӯмаки техникӣ ба марзбоони Тоҷикистон 300 000 доларро ташкил медиҳад. Аммо аз соли 1992 то кунун Амрико ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 900 миллион доллар кӯмаки билоиваз кардааст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG