Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Агар исми Тоҷикистонро дар торнамои "Google" ҷустуҷӯ кунед, ин ҷумлаҳоро мехонед: «Тоҷикистон фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ аст, ки беш аз нисфи аҳолии 7 миллон нафарии он дар нодорӣ ба сар мебарад ва .... рушди фасодкорӣ... бӯҳрони энержӣ... қавмгароӣ, блокадаи роҳи оҳан».

Ин сифатҳоест, ки матбуоти дохиливу хориҷӣ дар тасвири Тоҷикистон истифода мекунад. Бо гузашти тақрибан ду даҳсола аз замони дастёбӣ ба истиқлол, Тоҷикистон ҳамчунон ба мушкилоти сангини иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву идеологӣ рӯ ба рӯ аст.

Соли 2010-мушкилтарин соли истиқлолият

Аммо бо назардошти сардии муносиботи Тоҷикистон бо Маскаву Тошканд ва хатароти эҳтимолии ин сардӣ, аксари таҳлилгарон соли 2010-ро аз мушкилтарин солҳои истиқлолият унвон мекунанд. Тоҷикистон 19-умин солгарди истиқлолро дар ҳоле ҷашн мегирад, ки барномаҳои энержии кишвар ба баҳсҳои сиёсиву ҷоҳталабӣ дар минтақа ва зарбулаҷалҳои кишварҳои ҳамсоя печидааст.

Як мақоми ҳукумат, ки бо мо аз хусуси ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия сӯҳбат мекард, Тоҷикистонро ба гурге монанд кард, ки ҳар бор барои ҳимояти лонаи худ «дандон нишон диҳад, мили туфангро ба пешонааш мегузоранд ».

Тоҷикистон феълан дар ҳолатест, ки хушиву хушбахтӣ ва дурнамои кишварро вобастаи амалӣ шудани танҳо як орзу кардааст - бунёди нерӯгоҳи Роғун. Аммо гуфтан душвор нест, ки барои расидан ба ин ҳадаф, кишвар бояд чӣ саддҳоеро убур кунад, то Роғун бичархад ва иқтисоди бӯҳронии Тоҷикистонро низ ба пеш ҳаракат кунад.

Рукуди вазъи иқтисодии кишвар

Ин ҳам дар ҳолест, ки мардум мехоҳад ҳадди ақал ними ин ваъдахоро дар ҳоли иҷро бубинад. Ба сурати умум, дар тӯли 19 соли ахир, ҷаҳиши ҷиддие дар иқтисод ё вазъи иҷтимоии кишвар ба вуҷуд наомад ва ин ҳолат зеҳни аксариятро бо фикре банд кардааст, ки мабодо вазъи феълӣ боз бадарозо бикашад.

Рӯзноманигори тоҷик Зафар Абдуллоев, ки ба пурсиши мо дар бораи эҳсоси ҷомеъа дар остонаи ҷашни истиқлол посух медод гуфт, истиқболи ҷашн дар сояи ноумедӣ ва бесуботӣ ҷараён мегирад:

Ҳамин вазъи иқтисодии мушкил бешак ба вазъи сиёсӣ ва ҳам ба эҳсоси мо нисбат ба ҷашни оянда ва дар маҷмӯъ ба вазъ дар кишвар таъсир гузошт. Яъне ман ҳоло худро дар кишвари босуботе эҳсос намекунам, ки иҷоза медиҳад, доир ба рушди ояндаи кишвар андеша кунӣ ва на дар пайи ҳалли мушкилоти рӯзмарра бошӣ ва аз ояндаи наздик натарсӣ. “

Сулҳи амният аз дастовардҳои ҳукумат

Суботу амният аз дастовардҳоест, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон солҳо боз бо таъкиди нақши худ дар таҳкими он, қудраташро мустаҳкам кардааст. Аммо ба гуфтаи коршиносон ин шиор, ки «агар Раҳмон намебуд сулҳ намешуд» акнун камранг шудааст ва ба насли нав, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ хурдсол буд, таъсири зиёд надорад. Зафари Сӯфӣ, хабарнигори тоҷик мегӯяд:

Мардум аз чунин шиорпартоӣ хаста шудаанд, то кай бо чунин шиор метавон зиндагӣ кард. “

Даромади аслии Тоҷикистон аз фурӯши ду маҳсулоти стратегӣ алюминий ва пахта аст, ки ҳарду ҳам дар бозор нархи калаванда доранд. Бинобар мушкилоти энержӣ, корхонаи арзиз натавонист дар тӯли ин солҳо бо иқтидори комил фаъолият кунад.

Соҳаи кишоварзӣ низ бо таъсири бӯҳрони тӯлонӣ тавлидотро камтар кард. Тоҷикистон, ки як замон то 800 ҳазор тонна пунба тавлид мекард, тайи солҳои ахир наметавонад, ҳатто 300 ҳазор тонна пунба ба даст орад. Дар даҳ соли ахир, муҳоҷирати корӣ ҳамчун манбаи ягонаи даромади оилаҳои тоҷик боқӣ мондааст.

Омор доир ба теъдоди муҳоҷирони корӣ мухталиф аст ва теъдоди онҳоро аз 600 ҳазор то ба бештар аз як миллион нафар мегӯянд. Аммо як нукта мусаллам аст, ки дар ҳар сеюмин оилаи тоҷик, чархи рӯзгор аз баракати маблағҳои муҳоҷирони корӣ ҳаракат мекунад.

Марат Мамадшоев, хабарнигори дигари тоҷик мегӯяд, дар даҳ соли ахир ҳеҷ дигаргунии умда ба амал наомад ва ин хоҳ нохоҳ ба эътимоди мардум нисбати ҳукумат таъсир гузоштааст.

“Тақрибан чизе тағйир наёфтааст ва яке аз омилҳои аслии ин, идораи номуносиби умури кишвар аст. Мардуми мо нодон нест ва мебинад, ки дар ҳукумат кӣ босавод ва босалоҳият аст ва кӣ одами тасодуфӣ. Ва дар ҳукумат афроди тасодуфӣ бисёр зиёданд, ки дар нишастҳои оддӣ ду калимаро дуруст гуфта наметавонанд. Табиатан ин ҳама ба эътимоди мардум таъсир мегузорад.“

Тасвири ду зиндагӣ дар Тоҷикистон

Аксарият ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон ду тасвири зиндагӣ вуҷуд дорад. Яке воқеъиятест, ки мардум худаш мебинаду таҳлил мекунад ва дигар воқеъиятест, ки радиову телевизионҳои давлатӣ нишон медиҳанд. Хуршеди Атовулло, хабарнигори тоҷик мегӯяд:

“Дар телевизион Тоҷикистон кишвари афсонаҳост, қишлоқи тиллоии Мирсаид Миршакар, вале воқеъият дигар аст ва вазъ назар ба солҳои гузашта бадтар шудааст.“

Аммо ҳама чиз ба ин андоза бад нест ва нодида гирифтпании пешрафтҳои даҳсолаи ахир низ аз рӯи адолат нест. Дар солҳои гузашта ҳукумат тавонист мизони камбизоатиро аз 70% то ба 55 дар сад коҳиш диҳад.

Ҷалби сармояи хориҷӣ барои ислоҳи бахшҳои иҷтимоӣ, ба мисли беҳдошту маориф, сохтмони роҳҳои бузургу ҳамвор, ки ҷанубу шимоли кишварро ба марказ мепайванданд, бунёди нақби Анзоб, нерӯгоҳи Сангтӯда, бунёди шабакаи барқӣ, ки шабакаи ягона дар Тоҷикистонро таъсис дод, аз намунаҳои дастовардҳои давлат хонда мешавад.

Месазад такрор кард, ки суботу амният аз дастовардҳои муҳими давлати Тоҷикистон аст, ки мардум ба воқеияти он шубҳа надоранд.

Аммо ахиран фирори 25 маҳбуси хатарнок аз боздоштгоҳи Душанбе, ҳамлаи бемисли интиҳорӣ ба қароргоҳи милиса дар шаҳри Хуҷанд дар остонаи ҷашни истиқлол, мардумро нигарон кард. Дар ин ҳамла, 2 нафар кушта ва 25 тани дигар маҷрӯҳ шуд. Инфиҷор дар як дискоклуб дар шаҳри Душанбе нигарониҳоро дар баробари мазҳабиву муҳофизакор шудани ҷавонон бештар кард.

Мардуми тоҷик мазҳабитар шудааст

Ба назари баъзе таҳлилгарон, набуди идеологияи мушаххаси давлатӣ, ниёзмандии тӯлонӣ ва бар хилофи умедҳои мавҷуд, иҷро нашудани орзуи зиндагии хубу шоиста, эътимоди мардумро ба оянда коҳиш дод ва онҳоро ба сари ҷойнамоз кашидааст.

Бино ба як назархоҳии «Геллап», як маркази байналмилалии таҳқиқи афкори умум, дар Тоҷикистон 84 дар сади мардум беш аз пеш мазҳабитар шудаанд. Ҳаштоду чаҳор дарсади пурсидашудаҳо ба «Геллап» гуфтаанд, мазҳаб дар зиндагии онҳо нақши муассир дорад.

Дар ҷомеаи дунявии Тоҷикистон, ки фаъолияти муллоҳои тундрав аз омилҳои аслии ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 унвон мешуд, ҳоло риш гузоштан ва ширкат дар намози ҷумъа, рӯсариву ҳиҷобу ниқоб ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Муллоҳое аз ҳисоби мардуми оммӣ пайдо шудаанд, ки мардумро ба парҳез аз омӯхтани улуми «бефоидаи” дунявӣ даъват мекунанд.

Авзоъи минтақа ба муроди дили Тоҷикистон начархидааст

Авзои минтақа ва омилҳои берунӣ, ки аз замони дастёбӣ ба истиқлол то кунун ҳеҷ гоҳ ба муроди дили Тоҷикистон начархидааст, имсол боз хам печидатар шуданд. Анна Матвеева, пажӯҳишгар аз Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Лондон:

“Муҳити минтақа имсол барои Тоҷикистон номусоидтар шуд. Авзоъ дар Афғонистон бадтар гашт, ҷангҳо имсол дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд. Дар ҷануби Қирғизистон муноқиша сар зад, яъне нооромӣ ба канори Тоҷикистон омад. Бар изофаи ин, бо Ӯзбакистон пайваста ҳодисаҳои номатбуле дар робита ба марз, интиқоли молу коло ва транзит пеш меояд. “

Аммо мегӯяд, Анна Матвеева, бо вуҷуди ин ҳама, роҳи паймудаи Тоҷикистон дар ин 19 сол ба сари худ як муввафақият аст:

«Муҳим аст, то бигӯем, ки тақрибан 20 соли истиқлолият амалӣ шуд ва кишвар вуҷуд дорад. Давлат ин кишварро идора мекунад ва тартибу низом ҳаст ва мардум худро ҷузъи як низоми давлатдорӣ медонанд. Бо назардошти шеваи таъсиси Тоҷикистон, 20 соли истиқлол ба назари ман як муввафақият аст».

Нӯҳуми сентябр, ҷомеъаи Тоҷикистон 19- умин солгарди истиқлолро таҷлил мекунад. Дар теъдоде аз кишварҳои дунё, мардум дар ин рӯз ба нишони ифтихор, парчами кишварро дар пештоқи хонаи худ насб мекунанд.

Аммо бо гузашти 19 сол, ифтихор аз парчами миллӣ дар Тоҷикистон расм нашуд ва худи ин ид ба иди оилавӣ табдил наёфт.

Имсол ҷашни истиқлолият тақрибан якҷо бо Иди Фитр фаро мерасад ва дар ҳар хонадон, таҳияи ғизоҳои хоси иди Фитр ҷараён дорад.

Аз ин рӯ, шояд Ҷашни Истиқлол дар сояи омодагиҳо ба ин ид, ноаён гузарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG