Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизони саводнокии муҳассилини тоҷик


Рӯзи ҷаҳонии савод дар ҳоле аз сӯи ЮНЕСКО таҷлил мешавад, ки маъсулини соҳаи омӯзишу парвариши Тоҷикистон мизони саводнокӣ дар кишварро болотар аз 90 дарсад арзёбӣ мекунанд.

Гуфта мешавад,бо вуҷуди он, ки саводомӯзӣ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ поин рафта буд, аммо дар чанд соли ахир раванди ба таҳсил фаро гирифта шудани кӯдакон барқарор шудааст.

Созмонҳои мухталифи байналмилаливу ғайриҳукуматӣ дар мавриди мизони саводнокӣ ва аз таҳсил дур мондани атфоли тоҷик омори гуногунро пешниҳод мекунанд.

Вазорати маориф: Таҳсил дар макотиб беҳтар мешавад

Ҷамолиддин Амиров, яке аз масъулини вазорати маорифи кишвар мегӯяд, ин ниҳод талош хоҳад кард, ки дар соли хониши нав кӯдакон ба пуррагӣ ба мактаб ҷалб карда шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ба фарқ аз чанд соли пеш донишомӯзии муҳасиллини кишвар беҳтар шуда, танҳо дар як соли ахир бештар аз 90 хонандаи тоҷик дар сабқатҳои зеҳнии байнламилалӣ соҳиби медалҳои тиллову нуқра гардидаанд.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, ҷалби кӯдакон ба мактаб ҳанӯз маънои пурра саводнок шудани онҳоро надорад. Зеро дар мактабҳое, ки барои 900 хонанда сохта шудааст, ҳоло бештар аз 2000 толибилм таҳсил мекунанд. Ва дарсомӯзии 42 хонанда дар як синфхонае, ки барои 20 нафар пешбинӣ шудааст, ба раванди илмомӯзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ва ин аст, ки танҳо дар шаҳри Душанбе ниёз ба даҳҳо мактаби нав боқӣ мемонад.

Мушкили интихоби мактаби мувофиқ


Рамзия, як модари ҷавоне, ки фарзандаш мебоист дар синфи якум таҳсил кунад, то ҳанӯз низ ба қароре наомадааст, ки ҳуҷҷатҳои фарзандашро ба кадом мактаб супорад. Зеро дар макотиби оддӣ хуб таълим намедиҳанд, аммо дар мактабҳои нисбатан беҳтару гимназияҳо ё маблағи зиёд талаб мешавад.

Бархе аз волидон шикоят доранд, ки ҳатто дар ин муассисаҳои таълимӣ аллакай фасод реша давондааст. Чун бо истифода аз камбуди ҷойи нишаст дар бархе аз мактабҳои оддӣ барои қабули хонандагон ҳамчун ришва то 200 ва ё 300 сомонӣ талаб карда мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои ахир шумораи кӯдаконе, ки ба сабаби камбизоатӣ ва дасткутоҳии волидони худ аз таҳсил дар мактаб канор мемонанд, рӯ ба афзоиш овардааст ва ҳатто чандин ҳодисаҳои ба додгоҳ кашида шудани чунин волидайн низ ба чашм мерасад.

Сатҳи поини дониши муҳассилин

Давлатбӣ модари чаҳор фарзанди мактабхон аст ва мегӯяд, гоҳо ҳамчунон ба танг меояд, ки мехоҳад ба мактабравии кӯдаконаш монеа шавад.

Дар ин миён Давлатбӣ замони мактабхонии худро ба ёд меорад, ки ба даврони Шӯравӣ рост меояд. Вай мегӯяд, он вақт мактабҳову китобҳои дарсӣ ройгон буд ва касе сатҳи донишомӯзии фарзандонашон шикоят намебурд.

Фирӯз Саидов, коршиноси риштаи маориф, мегӯяд, бинобар он, ки дар замони Шӯравӣ соҳаи маориф маблағгузории зиёд мешуд, мутаносибан сифати саводомӯзӣ ва шароити муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи боло буд.

Хуршед Зиёев, сардори хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, мегӯяд, мувофиқи меъёри давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дараҷаи азхудкунӣ на камтар аз 80 фоиз бошад. Аммо пажӯҳиши анҷомдодаи онҳо собит кардааст, ки дар макотиби миёнаи кишвар мизони саводомӯзӣ баштар аз 70 дарсадро ташкил мекунад, ки ин ҷавобгӯи талабот нест.

Бо ин ҳама мусоҳибони мо мегӯянд, монеаи асосӣ барои саводомӯзӣ дар Тоҷикистон шароити бади иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ин кишвар аст. Ва афзудани шумораи аҳоливу зиёд шудани теъдоди хонандагон ин вазъро боз ҳам печидатар мекунад.
XS
SM
MD
LG