Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба думболи ташаннуҷи авзоъ дар Тоҷикистон, амнияти фурудгоҳҳои кишвар тақвият шудаааст. Мақомоти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гуфтаанд, ки ин иқдом ба манзури таъмини амнияти мусофирон рӯи даст гирифта шудааст.

Азиз Хоҷаев, муовини раиси Хадамоти амнияти фурудгоҳи Душанбе ба хабаргузории "Азия плюс" гуфтааст, ки мушкилоти амниятӣ ва интизомии пешомада дар Тоҷикистон, боис шудааст, ки чунин иқдоме гирифта шавад. Вай ҳамчунин таъкид кардааст:

«Таркишҳои дар қаламрави кишвар боиси нигаронӣ ҳаст. Ҳамзамон онҳое, ки аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллӣ фирор намудаанд ҳанӯз бисёре аз онҳо дастгир нашудаанд. Ба ҳамин манзур, хадамоти амнияти фурудгоҳ дар ҳамоҳанги бо шӯъбаи пулис муроқиби амнияти парвозҳо ҳастанд».

Маҳмадсаид Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе гуфтааст, ки гуселкунандагон иҷозаи вуруд ба толори фурудгоҳро надоранд.

«Танҳо мусофирони пурсуҷӯшуда метавонанд ба толори фурудгоҳ ворид шаванд».

Ҳамзамон тадобири иловагии амниятӣ дар фурудгоҳи Кулоб низ рӯи даст гирифта шудааст.Ҷонишини раиси фурудгоҳи Кӯлоб ба хабарнигори Азиа Плюс гуфтааст, ки амният дар инҷо ба мисли фурудгоҳи пойтахт тақвият шудааст.

Вале сухангӯи шӯъбаи нерӯҳои марзбони дар кумитаи давлатии амнияти миллӣ Хушнуд Раҳматуллоев гуфтааст, ки ҳеҷ гуна тадобири иловагии амниятӣ дар марзҳои кишвар ҷорӣ нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG