Пайвандҳои дастрасӣ

Дар арафаи рӯзи истиқлоли Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ҳудуди 200 нафарро бо нишону унвон ва ҷоизаҳои давлатӣ қадр намуд. Дар ин миён, ҷоизаи Рӯдакӣ дар бахши адабиёт, санъат ва ҳунар ба панҷ нафар сазовор дониста шуд.

Имсол ба ҷоизаи Рӯдакӣ шоир Доро Наҷот, адабиётшинос Соҳиб Табаров, коргардон Мирзоватан Миров, рассом Сӯҳроб Қурбонов ва Миралӣ Достиев, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ва хонандаи опера мушарраф шуданд.

Баландарин ҷоизаи адабиву ҳунарии кишвар

Дар арафаи эътои ин ҷоиза, дар маҳофили рӯшанфикрии кишвар, баҳс бар сари ҷоизаи Рӯдакӣ ва пойин рафтани эътибори он хеле гарм шудааст.

Ҷоизаи Рӯдакӣ дар замони шӯравӣ таъсис шуда, дар он замон мӯътабартарин ҷоизаи адабиву ҳунарии Тоҷикистон маҳсуб мешуд.

Номгӯи барандагони ин ҷоиза дар он даврон бузургоне, чун Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқи Шералӣ, Бозори Собир ва амсоли ононро дар бар мегирад. Аммо бо пош хӯрдани Шӯравӣ, шумори барандагони ҷоизаи Рӯдакӣ хеле афзуд, вале обрӯи ҷоиза баръакс батадриҷ пойин рафт.

Он ҳам дар ҳолест, ки рақобат бахусус байни адибони тоҷик барои ба даст овардани ҷоизаи Рӯдакӣ ҳамеша шадид будааст. Аммо, дар зеҳни иддае аз адибон ва соҳибназарони тоҷик,сӯҳбат бештар аз эътибори худро аз даст додани ҷоизаи Рӯдакист.

"Ҷоизаро муваққатан бояд барҳам дод"

Қиёмиддин Сатторӣ, пажӯҳишгари тоҷик бар ин назар аст, ки маъмулан унвонҳои давлатӣ бо роҳи шаффоф ва дар пояи асил будани асару корнамоии онҳо дода намешавад. Одатан бо шеваи ҷӯрабозиву хешу таборчигӣ ва бо назардошти маҳалу садоқат нишон додан ба мансабдорони болои ин унвон дода мешаванд.

Афзун бар ин, аксарияти баррандагони ҷоизаи Рӯдаки худи аъзои Кумитаи тадорукоти ҷоиза ҳастанд, ки ин ба обрӯи давлати Тоҷикистон ва ҷоизаи Рӯдаки латма ворид кардааст.

Ёрмуҳаммади Сӯчонӣ, пажуҳишгари осори адибон бар ин назар аст, ки вақти он расида, ки давлати Тоҷикистон ҷоизаи Рӯдакиро муддате барҳам диҳад. Зеро дар махзани адабиёт ва умуман он соҳаҳое, ки ба ин ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд ягон асари арзишманд ба пояи ҷоиза вуҷуд надорад.

Агар ин иқдомро давлати Тоҷикистон тасмим бигирад, аз як тараф эътибори ҷоизаро баланд мебардорад ва аз тарафи дигар асарҳои арзандаву асил тавлид мешаванд.

Ба андешаи мунаққид Муҳамадалии Навид, тақдими ҷоиза боиси рушди адабиёт мегардад аммо мояи нигаронии аст, ки манзалати ҷоиза коста шудааст. Зеро соҳаҳое, ки бо даҳҳо унвонҳои давлатӣ сарфароз мешаванд, ошкор аст, ки дар чӣ ҳолат қарор доранд.

Барзу Абдуразоқ, як нафар аз ҳунармандони шинохтаи Тоҷикистон ҳам ахиран тавассути матбуот аз поин рафтани қадри ҷоизаи Рӯдакӣ изҳори нигаронӣ карда буд.

Барзу Абдурразоқ дар мусоҳибааш ёдовар шудааст, ки бо сабаби адами тавофуқ дар рафти баррасии ҷоизаи Рӯдакӣ, бо нишони эътироз ҷаласаро тарк кардааст.

Ҷоиза дар интизори насли ҷавон

Аммо Абдураҳмон Абдуманонов мунақиди тоҷик ба ин назар аст, ки баррандагони ҷоиза афроди арзанда ҳастанд.

«Ман медонам, ки Дороҷ Наҷот арзанда аст, шоири хуб аст. Сӯҳроб Қурбонов асарҳои хуби расомӣ дорад. Мо дигар мисли Сӯҳроб Қурбонов расомии бориз надорем. Фарзона чанд сол пеш гирифт арзанда аст».

Абдураҳмон Абдуманонов дар мавриди он, ки солҳои охир довталабони арзандаи ҷоизаи Рӯдакӣ ангуштшумор гардидааст мегӯяд, ки ҳоло насли нав дар пайроҳаи рушду эҷод қарор дорад ва шояд баъди 5 ё 10 соли дигар ҳамин насли нав барои дарёфти ҷоизаи Рӯдаки вориди майдони мубориза шавад.

Ва шояд ин ҷоиза битавонад батадриҷ обрӯи рафтаашро баргардонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG