Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Тоҷикистон ба селзадагони Покистон


Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ба селзадагони обхезиҳои шадид дар Покистон кумаки башардӯстона фиристад. Ин кумак аз маводи ғизоӣ, хаймаҳо, либоси кӯдакона ва асбобу ашёи рӯзгордорӣ иборат аст.

Бино ба навиштаи сомонаи раёсатҷумҳури Тоҷикистон, президент ба сохторҳои зиддахли кишвар дастур додааст, ки ба мардуми зарардида аз обхезиҳоии мавсимии Покистон кӯмакҳои инсонӣ ирсол намоянд.

Кӯмакҳои Тоҷикистон дар ин замина, иборат аз 80 тонна маводи ғизоӣ, 100 хайма, 1000 маҷмўъ либоси кўдакона, 1300 адад кўрпаю болопўш ва асбобу ашёи дигари рўзгор иборат хоҳад буд.

Ҳамзамон ба навиштаи хабаргузориҳои давлатӣ, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон сафири Покистон дар Тоҷикистон Холид Усмон Қайсарро ба ҳузур пазируфтааст.

Рафти иҷрои санадҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва тарҳи бунёди роҳҳои нави оҳану мошингард, инчунин эҳдоси хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон аз қаламрави ҳамсоякишвари Афғонистон аз мавзӯъҳои меҳвари гуфтугӯи байни ҷаноби Раҳмон ва сафири Покистон будааст.

Масоили амнияти минтақа аз ҷумла аз вазъ дар Афғонистон низ аз мавзӯъҳои гуфтугӯи тарафҳо будааст.

Дар зимн оқои Қайсар аз Эмомали Раҳмон паёми раиси ҷумҳури кишвараш Осиф Алӣ Зардориро таслим намудааст, ки дар он аз сарвари давлати Тоҷикистон даъват ба амал овардааст ки аз Покистон дидан намояд.

Обхезиҳои бесобиқа дар Покистон


Дар асари селобҳои шадиди тобистони имсола беш аз 1400 дар Покистон ҷони худро бохта беш аз 17 миллион хасорот бардошта бехонаву кошона гаштаанд. Ин бузургтарин офати табиӣ дар таърихи навини ин кишвар буда, ҳаҷми зиёни моддии он 23 миллиард доллар тахмин зада мешавад.

Дар ин росто кумак ба зарардидагони ин фоҷеа ба таври густурда идома дорад. Чанде қабл Созмони Конфронси исломӣ мақараш дар Риёз эълом кард, ки ба зарардидагони ин фоҷеа як миллион доллар кумак хоҳад кард.

Аз тарафи дигар, созмонҳои кӯмакрасон аз сар задани як фоҷеа дар минтақаҳои офатзада хабар додаанд. Намояндагони СММ дар минтақа гуфтаанд, бар асари камбуди маводи хӯрока ва оби софи ошомиданӣ паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда мушоҳида шудааст.
Амрико низ барои рафъи пайомадҳои обхезии мудҳиш ба ҳайси кӯмаки аввалия ба Покистон таҷҳизот ва 10 миллион доллар кӯмак мекунад.Инчунин чархболҳои амрикои дар амалиёти наҷоти зарардидагон душодуши артиши Покистон саҳм гузоштанд.

Давлатии Чин низ ба зарардидагони ин селобҳо кумакҳои худро афзудааст.
XS
SM
MD
LG