Пайвандҳои дастрасӣ

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо нашри як баёния ҳуввияти қурбониёни таркиш дар бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилро эълон кард. Алиҷон Маёқубов, коромӯзи ин шӯъба, дар ҷои ҳодиса ва Аюбҷон Маҳкамов, лейтенанти калон, дар беморхонаи Хуҷанд ҷон додаанд.

Дар баёнияи раёсати корҳои дохилии вилоят гуфта мешавад, ки 26 корманди шӯъбаи мазкур ва 2 шаҳрванди мулкӣ бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи Хуҷанд бистарӣ шудаанд.

Ҳамзамон раёсати корҳои дохили Суғд дар бораи ҳуввияти ҳамлаварон иттилое пахш накардааст. Дар баёния фақат гуфта мешавад, ки як нафар ҳамлавари интиҳорӣ дар пайи таркиш кушта шудааст. Мақомот масъулияти таркишро бар уҳдаи ҳамин нафар гузоштаанд.

Раёсати корҳои дохилии вилоят нафари ҳамлаварро ба гумонбарони куштори Ҳомидҷон Каримов, вакили собиқи маҷлиси шаҳри Исфара, ки дар маҳкамаи муваққатии Шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти муташаккил нигоҳ дошта мешаванд, рабт додааст.

Барои ошкор кардани дастандаркорони ин ҳамлаи маргбор ситоди вижае таҳти раҳбарии сардори идораи корҳои дохилии вилоят Рауф Юсуфов таҳқиқот мебарад.

Дар ҳамин ҳол дар маҳалли ҳодиса зиндагӣ ба маҷрои пешина бармегардад. То ҳол бинои шӯъба дар муҳосираи кормандони милиса қарор дорад, вале роҳҳои канори он боз шудааст.

Таркиш ба биноҳои атроф низ хисороти зиёд расондааст
Хабарҳои мухталифи мақомот


Дар ҳоле, ки раёсати корҳои дохилии Суғд шумори кушташудагонро се нафар меномад, қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳалокати чаҳор нафарро таъйид карда буд.

Муҳаммадҷон Назриев, як масъули маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, яке аз афсарони милиса вақте мехостааст аз вуруди мошини ҳамлаварон ҷилавгирӣ кунад, беному нишон шуда ва афсари дигарӣ дар бемористон ҷон додааст.



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қабл аз ин, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки субҳи рӯзи ҷумъа як мошини тамғаи "Волга" бо суръат ба дарвозаи шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ворид шуда ва таркидааст. Бино ба хабари вазорати корҳои дохилӣ дар натиҷаи ин таркиш 25 нафар аз кормандони милиса маҷрӯҳ шудаанд.

Пизишкони беморхонаи Хуҷанд мегӯянд, бар асари таркиш ҳудуди 30 нафар милиса захм бардошта, ду нафар дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Манобеи ғайрирасмӣ шумораи кушташудагонро зиёдтар медонанд.

Ҳамлаи интиҳорӣ ба милисахона

Ин таркиш ҳудуди соати 8 субҳи рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ пайваст. Як мошини тамғаи "Волга" бо суръат ба дарвозаи шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ворид шуда ва таркид. Дар натиҷаи ин таркиш ҳудуди 30 нафар аз кормандони милиса маҷрӯҳ шуданд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, таркиш дар назди бинои идораи шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар Хуҷанд наздики соати 8 – и субҳи 3 – юми сентябр ба ҳадде сахт буд, ки шикастапораҳои автомобил то садҳо метр парида, шишаи тирезаҳои биноҳои атроф то ҳудуди 500 метр шикаста, фурӯ рехтааст.

Баъд аз таркиш афроди либоси оддӣ дар тан шикастапораҳоро ҷамъ меоварданд. Садҳо корманди милиса тамоми роҳҳоро аз маркази Хуҷанд ба маҳали таркиш баста, атрофи онро банд кашиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG