Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Медведев ба Боку ва шиддати моҷарои Қарабоғ


Раисони ҷумҳури Русия ва Озарбойҷон Дмитрий Медведев ва Илҳом Алиев
Раисони ҷумҳури Русия ва Озарбойҷон Дмитрий Медведев ва Илҳом Алиев

Рӯзҳои 2-3 сентябр сафари расмии раисиҷумҳурии Русия ба Озарбойҷон дар назар аст. Тибқи иттилои масъулини Кремлин, дар ҷараёни ин сафар тамаркузи аслӣ болои таъину аломатгузоирии марзи миёни ду кишвар ва барномаҳои марбут ба тақсими об хоҳад буд.

Вале аз нигоҳи таҳлилгарон, қабл аз ҳама дар Озарбойҷон интизори дарёфти мавқеи Русия дар масъалаи Қаробоғи Кӯҳӣ ҳастанд, ки дар рӯзҳои охир дубора ба саҳнаи задухӯрдҳои миёни нирӯҳои Озарбойҷону Арманистон табдил шудааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи мушоҳидаҳо ҷараёни музокираҳо дар атрофи ин минтақаи баҳсбарангез ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар дучори бунбаст шудааст.

20 соли моҷарои Қарабоғи Кӯҳӣ

“Қаробоғи Кӯҳӣ айнан ҳамон моҷароест, ки ҷаҳон дар Ховари Миёнаву Назди Днестр, Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ, Ирландияи Шимоливу дигар манотиқи ҷудоихоҳ мушоҳида мекунад”
– чунин аст хулосаи аксар таҳлилгарон, ки роҷеъ ба баҳси атрофи минтақаи ҷудоихоҳи арманитаборон дар қаламрави Озарбойҷон сӯҳбат мекунанд.

Бо гузашти наздики 20 сол аз ҳодисаҳои хунини солҳои 1990-ум имрӯз ҳам бо хастагии мудаввом аммо ҳамоно сарсахтона ҳам Ереван ва ҳам Боку умедворанд, ки мешавад рӯзе ба ин низоъҳо ба гунае нуқта гузошт.

Панҷшанбе, дар рӯзи таҷлил аз истиқлолияти минтақаи ҷудоихоҳи Қарбоғи Кӯҳӣ, ки бо хабарҳои задухӯрдҳои ахири марзиаш дар сархати ахбори ҷаҳонӣ қарор гирифт, дар Боку ба сафари раиси ҷумҳурии Русия омодагӣ медиданд. Дмитрий Медведев гуфтааст, ки ният дорад дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Озарбойҷон дар баробари масоиле чанд инчунин дар атрофи Қаробоғи Кӯҳӣ низ сӯҳбат кунад.

Русия – миёнҷӣ ё ҷонибдори як тараф


Русия бо шумули Амрикову Фаронса узви гурӯҳи мавсум ба Мински САҲА – як гурӯҳи байналмилалии музокиротӣ ҳастанд. Вале аз мавқеи озарбойҷониҳо, Русия дар ин баҳс на миёнҷӣ балки бештар тараф аст - ва тарафе, ки аз манофеи шарики деринааш Арманистон ҳимоят мекунад.

Канъон Алиев, раиси бахши озарии радиои Озодӣ, мегӯяд, аз ҳамин ҷиҳат ва бо назардошти ин ки моҳи гузашта Русия ҳузури низомиашро дар Арманистон то соли 2044 тамдид кард, ба сафари Медведев дар Боку хеле ботаваҷҷӯҳ дида дӯхтаанд:

“Вале дар марҳилаи кунунӣ музокираҳои сулҳ дучори бунбаст шудааст ва ҳеҷ як аз тарафҳо ба беҳбуд ёфтани вазъ умед надорад. Сар задани як низои дигари хунин аз эҳтимол дур нест”.


Ҷанги лафзии Ереван ва Боку

Вале рӯзи панҷшанбе раҳбари давлати Арманистон эҳтимоли ҳалли хушунатомези сарнавишти ин минтақаро аз воқеият дур хонд. Дар як изҳороти шодбошаш аз рӯзи истиқлолияти Қаробоғи Кӯҳӣ Серж Саргсян агарчи гуфт, “танҳо роҳи ҳалли ин низоъ дар шинохти байналмилалии истиқлолияти” минтақа аст, афзуд, низои хунин, тавре гузаштаи начандон дур нишон дод, натиҷаи бӯҳрон нахоҳад шуд.


Дар Озарбойҷон мегӯянд, дар сурати ошкоро аз мавқеи Арманистон ҳимоят кардани Русия Боку дигар талош хоҳад кард доираи таваҷҷӯҳи байналмилалиро ба баҳси Қаробоғи Кӯҳӣ васеътар карда дар ҳамкориҳояш бештар ба Ғарбу Аврупо такя кунад. Мегӯянд, мавзӯи баҳси Боку бо Ереван бояд дар мулоқоти қарибулвуқӯи раҳбарони Озарбойҷону ИМА – Илҳом Алиеву Барак Обама низ матраҳ шавад.

Бархе таҳлилгарон мегӯянд, як сабаби ба дарозо кашида шудани баҳси атрофи Қаробоғи Кӯҳӣ дар ин аст, ки аз лиҳози мавқеъ ва аҳамияти худ ин минтақа дар назари давлатмардони саҳнаи ҷаҳонӣ ба мисли дигар масоил чандон арзишманд нест. Ҳрайр Тамразян, раиси бахши армании радиои Озодӣ ҷонибдори ин андеша аст. Ӯ мегӯяд:

“Ман бовар надорам, ки ин низоъ дар даҳ соли оянда хотима ёбад. Ҳадди аққал даҳ соли дигар лозим аст, ки як пешрафте ҳосил шавад, чунки ҳамоно ҳеҷ ишорае барои беҳбудёбии вазъ ба назар намерасад. Як сабабаш дар ин ки ин низоъ дар миёни масъалаҳои авлавиятноки мавриди ҳалли ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор надорад”.

Қарабоғ садде дар роҳи рушди Қафқоз

Вале бо ин вуҷуд, ба эътимоди бисёриҳо маҳз мудохилаи байналмилалӣ метавонад ба ин баҳси давомдор нуқта гузорад. Том Де Ваал, хабарнигори маъруфи бритониёӣ солиёни зиёд бо пажӯҳиши Қафқоз машғул аст. Вай мегӯяд, ҳоло вазъият ингуна аст, ки баҳси атрофи Қаробоғи Кӯҳӣ амалан ҷумҳуриҳои Қафғози Ҷанубиро аз ҳам ҷудо кардааст.

“Низои Қаробоғ ду ё се кишвари минтақаро аз ҳам ҷудо кардааст. Дар сурати баръакс ин се кишвар ба унвони ҳамшарику дӯст метавонистанд на давлатҳои ҷудогона балки як минтақаи Қафқози воҳидро ташкил бидиҳанд”.

Ноумедиҳои тоза аз билохира ҳал шудани бӯҳрони Қаробоғи Кӯҳӣ дар ҳоле ба гӯш мерасад, ки баъди ҷанги минтақаии солҳои 1990-ум чандин талоши сари мизи гуфтушунид нишондани ҷонибҳои даргир – Арманистону Озарбойҷон карда шуд. Баъди соли гузашта барқарор шудани равобити миёни Арманистону Туркия низ чунин шуд. Вале масъала ин ки барои ҳарду ҷониб дурнамои гузашт кардану қадаме ба пешвози ҳамдигар гузоштан чандон қобили қабул нест.


Ояндаи норавшани Қарабоғи Кӯҳӣ


Браян Витмор, хабарнигори радиои Озодӣ, ки аз Қаробоғи Кӯҳӣ дидан карда бо мардуми маҳаллӣ сӯҳбатҳо кардааст, мегӯяд:

“Ҳанӯз соли гузашта бо беҳбудёбии муносиботи Арманистону Туркия инчунин умеде пайдо шуд, ки ин баҳс ҳам дигар охир хоҳад шуд. Вале ман дидам, ки бо чунин таҳаввулот нигаронии наве дар зеҳни мардуми ҳарду ҷониб пайдо шуд. Қаробоғиҳо аз он нигарон шуданд, ки ҳамакнун озариҳо дубора бармегарданд, дар Озарбойҷон мардум асабонӣ шуданд, ки тавони зери назорат даровардани қаламравро нахоҳанд дошт. Ман дидам, ки он нишонаҳои пешрафте, ки тобистони соли гузашта буд, бисёриҳоро якбора нигарон кард. Аз ин рӯ дубора ба мавқеи пештараашон баргаштанд, чунки маълум шуд, ки ҳарду тараф на аз мақоми номуайяниашон балки аз ояндаи норӯшан ҳарос доранд”.

Браян мегӯяд, барои худи қаробоғиҳо, ки дар муҳити нисбатан баста ба сар мебаранд, ҳамин мавқеи имрӯзаашон беҳтар аз ҳар шароити дигар аст: ин мардуми аксаран арманитабор зиёд хостори тағйирот нест ва ҷавонони он аз шароити сиёсиву иқтисодии доштаашон тақрибан розӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG