Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асоси эъломи созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, паҳншавии бемориҳо дар манотиқи селзадаи Покистон ба мушкили ҷиддӣ барои ҳудуди як миллион нафар қурбониёни сел дар ин кишвар табдил шудааст. Ба гузориши шабакаи хабарии CNN, Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ рӯзи якшанбе аз паҳншавии бемориҳо дар миёни қурбониёни сел дар Покистон хабар додааст.

Cелзадагонро беморӣ таҳдид мекунад

Бар асоси эъломи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, ҳудуди 204 ҳазор нафар аз селзадагон ба бемории исҳол мубтало шудаанд ва шумори мубталоён ба бемориҳои пӯстӣ то 300 ҳазор афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунон ба дунболи ҷорӣ шудани обҳои олуда дар манотиқи селзада, беш аз 400 ҳазор нафар аз қурбониёни сел ба бемории ҳасоссияти танафусӣ гирифтор шудаанд. Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ эълом кардааст, ҳазорон нафари дигар аз селзадагон низ машкук ба ибтило ба бемории малярия ҳастанд.

Бориши бесобиқаи боронҳои мавсимӣ, ки беш аз ду ҳафта пеш дар манотиқи густурдае аз Покистон оғоз шуда, мунҷар ба ҷорӣ шудани сели шадид дар ҳудуди як панҷум масоҳати ин кишвар шудааст.

Сел, ки аз Ҳинду Афғонистон ба самти Покистон ҷорӣ шуда ба вижа дар се вилояти Синд, Панҷоб ва Хайбар-Пахтунхоҳ хисороти зиёд ворид карда ва дастранҷӣ кишоварзонро аз байн бурдааст.

Дабири кулли СММ сели Покистонро "фоҷиъаи ҷаҳонӣ" хонд

Дар ҷараёни сели Покистон, ки бадтарин фоҷеъаи табии дар таърихи ин кишвар ба шумор меояд то кунун беш аз 1500 нафар ҷони худро аз даст дода ва зиндагии бист миллион нафар низ таҳти таъсири паёмадҳои ин сел аз ҳам пошидааст.

Бон Ки Мун, дабири кулли СММ, аз сел дар Покистон бо унвони як «фоҷиъаи ҷаҳонӣ» ёд карда ва хостори кӯмаки ҳама ҷаҳониён ба қурбониёни сел шудааст.

Дар ин миён, Созмони Беҳдошти ҶаҳонӢ эълом кардааст, барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемориҳои вобаста бо об дар минтақаи Чорсада, Навшаҳр ва Пешовар ниёзи фаврӣ ба хадамоти беҳдоштӣ монанди таъмини оби солими ошомиданӣ ва муқобила бо хатароти муҳити зист аст.

Аз сӯи дигар, бар асоси эъломи шабакаи телевизиони давлати Покистон, Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири ин кишвар қасд дорад дар рӯзи сешанбе дар ҷаласае бо ҳузури мақомҳои беҳдоштии ин кишвар ва низ ниҳодҳои вобаста ба СММ ва дигар гурӯҳҳои байналмиллалӣ, вазъияти беҳдоштӣ дар манотиқи селзадаро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG