Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯъбаи маорифи ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш, воқеъ дар ҷануби Қирғизистон, эълон кардааст, ки дар мактабҳои омехтаи қирғизиву тоҷикии ин ноҳия аз ин ба баъд синфи якуми тоҷикӣ ифтитоҳ нахоҳад шуд.

Бино ба ин манбаъ, дар Қирғизистон ҳама бояд ба забони давлатӣ, яъне қирғизӣ таҳсил кунанд.

Дастури вазорати маорифи Қирғизистон

Мақсуда Ҷобирова, як сокини деҳаи Правдаи ноҳияи Қаросӯ ба радиои Озодӣ перомуни ин мавзӯъ гуфт: «Мактаби мо имсол қабули фарзандони мардуми тоҷиктаборро ба синфи якуми тоҷикӣ мутаваққиф сохт. Мудири мактаб эълон кард, ки вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ чунин дастур додааст. Фикр мекунам, ки ин таъсири манфии раванди аз байн бурдани мактабҳои ӯзбакӣ дар қаламрави вилояти Ӯш аст».

Ба гуфтаи Мақсуда Ҷобирова, дар сурати қатъи фаъолияти синфҳои тоҷикӣ омӯзгорони зиёди мактаби деҳаи онҳо бекор хоҳанд монд. Вай мегӯяд, барои ба синфҳои қирғизӣ ба кор ҷалб кардани омӯзгорони тоҷикзабон шароит роҳ нахоҳад дод, зеро омӯзгорон бояд аз курсҳои такмили ихтисос гузаранд ва худро ба синфҳои қирғизӣ мутобиқ созанд.

Нигаронии ҷамъияти тоҷикон

Ҳоҷӣ Наҷмиддин Ҳамидов, раиси ҷамъияти тоҷикони ноҳияи Қаросӯ, мегӯяд, соли равон барои таҳсил дар синфи якуми тоҷикӣ 18 нафар фарзандони аҳли деҳаи Правда номнавис шудаанд. Аммо дар сурати адами иҷоза барои ифтитоҳи синфи якуми тоҷикӣ сарнавишти таҳсили кӯдакони тоҷиктабор зери суол қарор хоҳад гирифт.

Аммо Эдилбек Молдоев, мушовири вазири маорифи ин кишвар, қатъи қабули муҳассилин барои синфҳои якуми тоҷикиро иқдоми худсаронаи шӯъбаи маорифи ноҳияи Қаросӯ маънидод кард. Ба гуфтаи ӯ, мавзӯи бастани синфи якуми тоҷикӣ ҳатман таҳти таҳқиқи кормандони вазорати маориф ва илми кишвараш хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG