Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии муддаиёни унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон


Дар бозиҳои даври 20-уми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон, муддаиёни аслии унвони қаҳрамонӣ - дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода - пирӯзӣ ба даст оварданд.

«Истиқлол» дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар "Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард. Нимҳимоятгар Дилшод Восиев дар дақиқаи 45-ум тӯбро аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонд.

"Регар-ТадАЗ» дар меҳмонӣ, "Хайр"-и Ваҳдатро бо ҳисоби 2-1 мағлуб намуд. Ду голи меҳмононро нимҳимоятгар Иброҳим Рабимов дар дақиқаҳои 27-ум ва 78-ум ба самар расонд. Як голи мизбонон ба ҳамлагар Низом Раҳимов (дақиқаи 42-юм) мутааллиқ аст.

Дар бозии дигари даври 20-ум, ССКА "Помир"-и Душанбе бар дастаи меҳмон - "Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Тӯбро дар замони изофии дар нимаи дуввуми бозӣ таъинкардаи сардовар ҳамлагар Чарлз Накути ба самар расонд.

Бозии «Равшан"-и Кӯлоб ва "Хуҷанд", ки бо хоҳиши ҳарду даста пешакӣ дар шаҳри Хуҷанд доир шуд, бо ҳисоби 4-3 ба фоидаи хуҷандиҳо ба анҷом расид.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо 43 имтиёз дар ҷои аввал, «Регар-ТадАЗ» бо 42 имтиёз дар ҷои дуввум ва «Хайр» бо 33 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

17

13

4

0

38-9

43

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

18

13

3

2

52-11

42

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

18

10

3

5

31-20

33

4.

ССКА«Помир» (Душанбе)

18

7

6

5

21-24

27

5.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

17

7

5

5

17-18

26

6.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

18

4

5

9

23-35

17

7.

«Энергетик» (Душанбе)

18

4

3

11

19-32

15

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

18

4

3

11

21-35

15

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

18

1

2

15

14-52

5


Нишонзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 17 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир», «Регар-ТадАЗ») – 13, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 10.

Ҷоми Тоҷикистон
1/4 финал. Бозиҳои аввал

25 август (чоршанбе)
«Регар-ТадАЗ» - «Хайр»
«Шодмон» - «Рангонгаз»
«Хуҷанд» - «Ҳулбук»
«Истиқлол» - «Энергетик»

Даври 21-ум
28 август (шанбе)
«Вахш» - «Хайр»
«Хуҷанд» - ССКА «Помир»

29 август (якшанбе)
«Парвоз» - «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» - «Равшан»
XS
SM
MD
LG