Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Усмон Одил ҷойгузини Тоҳир Юлдош шуд


Усмон Одил, раҳбари нави ҲИУ

Усмон Одил, раҳбари нави ҲИУ

Сомонаи интернетии Ҳаракати исломии Узбакистон бо пахши як баёния марги Тоҳир Юлдошро таъйид намуда аз таъини раҳбари нави ин ҳаракат иттилоъ додааст. Аз Усмон Одил, домоди Тоҳири Юлдош, ба унвони раҳбари нави Ҳаракати исломии Узбакистон ёдоварӣ мешавад.

Пойгоҳи интернетии Ҳаракати ислоимии Узбакистон акси ҷанозаи Тоҳир Юлдошро ҷой додааст. Сомонаи узбакзабони «Фурқон», ки тавассути ҲИУ идора мешавад, аз наҳваи кушта шудани Тоҳир Юлдош мегӯяд, Тоҳир Юлдошев дар рӯзи 27 августи 2009 бар асари ҳамлаи ҳавоии неруҳои амрикоӣ дар минтақаҳои қабиланишини Покистон кушта шудааст. Он замон ҳашт нафар аз ҷангиёни дигари узбак низ ҷони худро аз даст дода буданд.

Хабари кушта шудани Тоҳир Юлдоро ҳоло манобеъи гуногун тасдиқ мекунанд. Мақомоти амниятии Покистон ва ҳатто яке аз муҳофизони шахсии Тоҳир Юлдош низ ин хабарро тасдиқ кардаанд.

Усмон Одил, ки акнун ба раҳбарии ҲИУ тайин шудааст, ҳудуди 35 сол дошта аз собиқадорони Ҳаракати исломии Узбакистон ва наздикони Тоҳири Юлдош муаррифӣ мешавад.

Фаъол шудани ҲИУ ва тайиди марги раҳбари он

Хабари марги Тоҳир Юлдош ва тайини Усмон Одил ба унвони ҷойгузини ӯ дар айни дубора авҷ гирифтани ситезаҷӯӣ дар Осиёи Марказӣ ва фаъол шудани азъои ин ҳаракат дар шимоли Афғонистон, тайид мешавад.

Тоҳири Юлдош дар аввали солҳои 1990, дар пайи як ошӯби худҷӯш дар Узбакистон алайҳи ҳукумати Ислом Каримов дар соли 1992 ба Тоҷикистон фирор кард. Дар он солҳо Тоҷикистон дучори нооромиҳо буд. Моҳи марти соли 1993 ӯ бо ҳамроҳонаш ба Афғонистон гузашт. Аъзои Ҳаркати Исломии Узбакистон бо сарварии Тоҳир Юлдош дар ҷангҳо муқобили ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷониби ИНОТ ширкат намуданд.

Раҳбарони мухолифини собиқи давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки Тоҳир Юлдош дар соли 1994 - 1995 ҳамроҳи муҳоҷирони тоҷик дар лагери Сахӣ дар Пешовар буд. Аммо пас аз он ки нерӯҳои Иттиҳодияи оппозитсиюни тоҷик, таҳти сарварии устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳукумат талошҳо барои оштӣ шуданро оғоз карданд, Тоҳири Юлдош ин сулҳро напазируфт ва инҷоро тарк гуфт.

Тоҳир Юлдош пас аз кушта шудани Ҷумъабойи Намангонӣ, фармондеҳи низомии Ҳаракати исломии Узбакистон, дар Афғонистон дар соли 2001 тамоми умури ин ҳаракатро дар дасти худ гирифт.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузашта аз чанд маврид боздошт ва маҳкумияти аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, хоса дар вилояти Суғд хабар додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG