Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш квотае, ки имсол аввалин бор вазорати маориф, барои таҳсили фарзандони муҳоҷирони тоҷики муқими Руссия дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ихтисос дода буд, соҳибони худро пайдо накард.

Бояд гуфт муҳоҷироне, ки бо хонаводаи худ дар Руссия кору зиндагӣ мекунанд, дар як мулоқот аз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш карда буданд, то барои таҳсили фарзандони онҳо дар донишгоҳҳои дохили кишвар ягон имтиёзе фароҳам оварда шавад.

Муҳоҷирони корӣ аз имтиёзҳо бехабаранд

Дар мавсими қабули имсолаи довталабон ба донишгоҳҳои кишвар, вазорати маориф барои ин гурӯҳи ҷавононе, ки бо тақозои зиндагӣ дар муҳоҷирати Руссия ба сар мебаранд, имкон дод, бидуни имтиҳон ва ройгон ба донишгоҳҳои Тоҷикистон шомил шаванд, аммо ба гуфтаи Фарҳод Раҳимов, муовини вазири маъориф имсол ин ҷойҳо то ҳол холӣ мондаанд.

«Мутаасифона то ба имрӯз ягон нафар аз фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ба мо дар ин маврид муроҷиат накардаанд. Ман як бори дигар таъкид ва даъват мекунам, ки мо омода ҳастем фарзандони муҳоҷирони меҳнатиро бе имтиҳон тариқи сӯҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон қабул намоем».

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи бархе аз масъулини созмонҳои кор бо муҳоҷирони тоҷик дар Руссия, аксар шаҳрвандоне, ки дар шаҳрҳои мухталифи Руссия иқомат доранд, аз чунин як иқдому имтиёз барои таҳсили фарзандонашон огоҳӣ надоранд ва аз тариқи ягон эълону расонае ҳам ба онҳо дар ин бора иттилоъ дода нашудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Гавҳар Ҷураева, раҳбари бунёди муҳоҷират ва ҳуқуқ дар Руссия, фарзандони муҳоҷирони тоҷик дар воқеъ ба чунин имтиёз ниёз доранд, зеро ба гуфти ӯ, талаботи шомилшавӣ ба донишгоҳҳои Руссия хеле сахт буда, аз сӯйи дигар хароҷоти зиндагӣ бо хонавода дар ин кишвар барои муҳоҷирон гарон аст ва на ҳама, метавонанд фарзандони худро дар чунин шароит соҳибмаълумот кунанд.

« Дар Русия бархе тамоман имконияти ба ягон ҷо дохил шуданро надорад, чунин ҳолатҳо ҳам ҳаст. Чун барои таҳсили вай, пуле, ки падару модари муҳоҷираш кор мекунанд, намерасад. Ҳоло ягон кас намедонад, ки чунин имконият барои таҳсил дар Тоҷикистон будааст. Ана ҳозир, ки аз чунин имтиёз хабар додед, мо ба муҳоҷирон оҳиста-оҳиста мефаҳмонем, ки агар бачаҳоятон аъло хонанд, Тоҷикистон метавонад ба онҳо кӯмак кунад».

Ба қавли хонум Гавҳар, агар хонаводаҳои тоҷики муқими Руссия на як, балки чанд дасти коргар ва шароити беҳтар дошта бошанд, фарзандони онҳо ҳатман таҳсил дар низоми маориф ё донишгоҳҳои Русияро интихоб мекунанд.

Дар зимн, Гавҳар Ҷураева меафзояд, бо вуҷуди мушкилоти фаровон, феълан шумори муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия бо оилаву фарзандонашон кору зиндагӣ мекунанд, хеле зиёд мебошанд. Ба қавли ӯ, аксаран он нафароне бо аҳли оилаашон ба муҳоҷират меоянд, ки ё дар танҳои хаста шудаанд, ё дар ҳар сурат зиндагӣ дар паҳлӯйи ҳамсару фарзандонашонро афзал мешуморанд ва бо даст додани аввалин имконият, ин хоҳиши худро амалӣ мекунанд. Гавҳар Ҷураева мегӯяд:

«Вай маҷбур аст, ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, як бало карда оилаашро ба Руссия биёрад. Ба хотире, ки кӯдаконашро аз наздик бубинад, дар паҳлӯяш бошанд, ба онҳо илм омӯзонад. Мушкил зиёд аст, вале роҳи дигар нест, охир одам наметавонад, ки як умр дур аз оилааш, ҷойи дигаре кору мардикорӣ кунад».

Таҳсил дар макотиби миёнаи Русия мушкиле надорад

Тибқи қонунҳои Русия, ҳар як наврас метавонад дар макотиби миёнаи ин кишвар бидуни ягон мушкил ба таҳсил фаро гирифта шавад. Ба гуфтаи Шоҳин Самадов, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Русия, аксари фарзандони хонаводаҳои тоҷике, ки муваққатан барои кору зиндагӣ ин кишварро интихоб кардаанд, ба таҳсилоти умумӣ дастрасӣ доранд. Фақат як муддати аввал онҳо, ба омӯзиши забонӣ русӣ машғул мешаванд.

«Қисми зиёди фарзандони муҳоҷирони тоҷик, дар мактабҳои миёнаи Маскаву дигар шаҳрҳои Русия таҳсил мекунанд, албатта ягона мушкили онҳо ин сатҳи донистани забони русӣ аст, ва онҳо кӯшиш мекунанд дар аввал ин забонро хуб омӯзанд. Қаблан ба мо ҳам, барои мусоидат дар таҳсили фарзандонашон, дар мактабҳои миёна муроҷиат мекарданд, мо роҳнамоӣ мекардем, аммо ҳоло аксари муҳоҷирон ҳама роҳҳоро худ медонанд. Ман фикр мекунам, агар як ҷавоне, ки ин ҷо зиндагӣ кардаву мактаби руссияро хуб хатм карда бошад, метавонад ба донишгоҳ ҳам шомил шавад.»

Ва аммо то куҷо худи наврасону ҷавононе, ки бо амри тақдир ва тақозои зиндагӣ ҳамроҳи волидон муҳоҷират кардаанд, баъди чандин соли таҳсилу зиндагӣ мехоҳанд ба ватан баргарданд?

Диловар Неъматов хонандаи синфи 9 — уми яке аз мактабҳои миёнаи ноҳияи Твери Русия аст. Ӯ се сол қабл бо волидонаш ба ин кишвар кӯч бастааст. Ҳоло Диловар дар Тоҷикистон аст ва мегӯяд, зодгоҳашро дӯст медорад ва кӯшиш мекунад, ҳар таътилашро ин ҷо сипарӣ кунад, аммо барои зиндагӣ ва таҳсил ӯ Русияро беҳтар медонад, чун дар ин кишвар одат кардааст ва аз сӯйи дигар он ҷо онҳо дар паҳлӯйи падарашон ҳастанд, имконияте, ки дар Тоҷикистон надоштанд.

«Дар пеши падарам ҳастем, ҳар рӯз мебинемаш. Шароитомон ин ҷо хеле хуб аст. Албатта мушкил мекашем дар Русия вале инҷо мехонем, дӯстонит зиёд дорем, одат кардем ва беҳтар аст, ки ҳамон ҷо монем».

Дар дуроҳаи зиндагӣ

Аммо хонум Заррина, модари Диловар мегӯяд, ҳоло баъди чандин соли кору зиндагӣ дар Руссия, акнун баъзан масъалаи ба ватан баргаштани онҳо пеш меояд. Модар мехоҳад ба ватан, ба муҳити ошнову назди хешу табор баргардад, вале таҳсили фарзандон ва шароите, ки дар он ҷо фароҳам овардаву соҳиби манзил ва як қитъа замин ҳам шудаанд онҳоро дар интихоб ва дуроҳае қарор додааст.

«Агар шароитҳое, ки дар он ҷо дорем дар Тоҷикистон мешуд, бисёр олиҷаноб мебуд ва мо ҳам дар ватан зиндагӣ мекардем, аммо ҳоло дар ин ҷо мушкилтар аст»

Ва аммо ба қавли Гавҳар Ҷураева ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Руссия, дар ҳар сурат ба шароити Руссия одат кардану хоҳиши дар ин кишвар мондани фарзандони муҳоҷирони тоҷик ҷои нигаронӣ надорад, муҳим ин аст, ки онҳо аз таҳсил дур намонанд ва соҳибмаълумот ба воя расанд, дар ин сурат ба қавли ӯ ҳатман манфиати ин ҷавонон ҳам як рӯз не як рӯз ба ватанашон хоҳад расид.

Вале коршиносону созмонҳои кор бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯянд, фароҳам овардани имтиёз дар дохилшавӣ ба донишгоҳ дар баробари фарзандони хонаводаҳои тоҷике, ки дар Русия ба сар мебаранд барои фарзандони муҳоҷироне ҳам зарур аст, ки дур аз падар дар Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Чун ба қавли ӯ, аксари ин ҷавонон аз ҳисоби падарони худ, ки дар Русия заҳмат мекашанд, таҳсил мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо падарони муҳоҷир наметавонанд, сари вақт маоши худро гирифта, маблағи шартномаи фарзанди донишҷӯяшонро ирсол намоянд. Дар чунин ҳолатҳо донишҷӯ бидуни ягон хотирбинӣ аз донишгоҳ хориҷ карда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG