Пайвандҳои дастрасӣ

Дар содироти орду гандуми Тоҷикистон маҳдудият ҷорӣ шудааст. Мақомоти вилояти Хатлони Тоҷикистон мегӯянд, ин тасмим бо бинобар қатъ воридоти гандум аз Русия ва Қазоқистон ба Тоҷикистон гирифта шудааст. Орду гандум аз Хатлон ба Афғонистон ва Узбакистон содир мешуд.

Тоҷикистон, ки орду гандуми худро асосан ба Афғонистон ва Узбакистон ва он ҳам умдатан тавассути навоҳии ҳаммарз бо вилояти Хатлон содир мекард, ғолибан, то баҳори соли оянда аз содироти ин навъи маводи ғизоӣ худдорӣ хоҳад кард.

Тоҷиддин Содиқов, муовини аввали сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, тасмим дар бораи манъи содироти гандум ба хориҷа пас аз он гирифта шуд, ки дар Русия содироти ғалларо то поёни соли ҷорӣ қатъ кард ва ҳамчунин қимати гандум дар бозори ҷаҳонӣ ҳам то 10 дарсад боло рафт.

"Ҳосили соли гузашта даст нахоҳад дод"

Ҷаноби Содиқов мегӯяд, имсол як миллион тонна гандуми соли гузашта ба эҳтимоли қавӣ ба даст нахоҳад омад.

«Имсол танҳо дар вилояти Хатлон қариб 7 ҳазор тонна гандум камтар истеҳсол шудааст. Масоҳати кишти ғалла ҳам дар муқоиса бо соли гузашта қариб 20 ҳазор гектар камтар буд (беш аз 133 ҳазору 55 ҳектор замини кишти ғалла ва 335 912 тонна гандум истеҳсол шудааст). Мо медонем, ки 40 фоизи гандуми истеъмолии мо асосан аз ҳисоби воридоти орду гандум аз хориҷа аст. Азбакси Русия манъ кард, Тоҷикистон ҳам водор шуд, ки содироти ғалладонагӣ ва картошкаро ба хориҷа, манъ кунад. Ҳадаф аз ин тасмим – таъмини мардуми худамон бо ин навъи озуқа аст».

Коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, манъи содироти орду гандуми Русия барои Тоҷикистон, ки бахши аслии ғалларо аз хориҷа ворид мекунад, пайомадҳои номатлуб дошта метавонад.

Таҳлилгарон бо такя ба ҳушдорҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, мегӯянд, бинобар вазъи душвори иқтисодӣ ва хисороти ворида аз ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ҳудудан 390 ҳазор ё 9 дарсади сокинони деҳкадаҳои кишвар метавонанд бо хатари гуруснагӣ мувоҷеҳ шаванд.

"Талоши ҷалавгирӣ аз болоравии нархҳо бенатиҷа аст"

Ба бовари Давлати Шоҳэътибор, коршиноси маҳаллӣ, дар чанд ҳафтаи ахир тамоюли болоравии қимати орду гандум дар тамоми кишвар ба мушоҳида мерасад ва талошҳои мақомот барои нигаҳ доштани нархи пешини он дар бозор бенатиҷа анҷом меёбанд:

«Дар ҳақиқат болоравии нархи орду гандум дар бозор нигаронии мардумро аз хатари эҳтимолии гуруснагӣ ба бор овардааст. Ҳама хабар доранд, ки воридоти орд аз Русияву Қазоқистон манъ шудааст ва ин ҳама миёни аҳолӣ тарсу ваҳмро аз камчинии орд ба миён овардааст. Ман ягон роҳи таъсиргузорӣ ба коҳиши қимати орду гандумро дар Тоҷикистон барои соли ҷорӣ намебинам, зеро қимати гандум дар тамоми ҷаҳон ҳоло тамоюли болоравӣ дорад...»

Тоҷиддин Содиқов, муовини аввали сардори раёсати кишоварзии вилояти Хатлон
Мақомоти кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, бо назардошти ҷамъоварии беш аз як миллион тонна гандум дар соли гузашта ва захираи кофии ғалла дар кишвар, хатари камчинӣ ё норасоии орду гандум то як соли дигар дар Тоҷикистон ба миён нахоҳад омад.

Тоҷиддин Содиқов, муовини аввали сардори раёсати кишоварзии Хатлон, мегӯяд, болоравии қимати орду гандум дар бозор сунъӣ эҷод шуда, кори дасти соҳибкорон аст.

«Орд дар анбори бозорҳо ва ордфурӯшиҳо фаровон аст. Ин ҳама болоравии нархҳоро соҳибкорон махсус, ба хотири рушди тиҷораташон мекунанд. Онҳо баҳона пеш меоранд, ки дигар орди Русияву Қазоқистон камчин мешавад ва мардумро тарс медиҳанд, ки шояд дар зимистон нархаш аз ин ҳам боло равад. Аммо чунин нест, захираи давлатии орд ҳам фаровон аст, барои як сол таъмин кардани тамоми мардуми кишовар кифоят мекунад…»

Нархи гандуми маҳаллӣ ҳам гаронтар мешавад

Ин ҳам дар ҳолест, ки Искандар Комилов, як тоҷир дар бозори Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар воқеъ қиммати орд дар хориҷа ҳам боло рафта, нархи гандуми истеҳсоли маҳаллӣ ҳам бинобар афзудани хароҷоти парвариши он аз сӯйи деҳқон гаронтар шудааст.

Ӯ ҳамчунин аз заҳамоти кишоварзон зикр кард, ки бо вуҷуди талаф додани садҳо ҳектор замини кишти гандум бар асари боришҳои баҳорӣ ва афзоиши масрафоти киштукор, ба истеҳсоли он даст задаанд:

«Шароити зиндагии деҳқон ҳам вазнин аст. Агар худаш дар як рӯз барои ғизояш 4-5 сомонӣ сарф кунад, барои нигоҳдории як молаш то 17-20 сомонӣ сарф мекунад. Ба ғайр аз ин, вай замин дорад, фарзандонаш ҳастанд, хонаашро бояд таъмин кунад. Бонкҳо дигар қарз намедиҳанд, дастгирии марди деҳқон нест, андозҳо калон. Хулоса, ҳамаи ин сабаб шудааст, ки нархи натанҳо орду гандум, балки дигар навъҳои маводи озуқа ҳам бамаротиб боло рафтааст…»

Ҳоло қиммати арзонтарини як кило гандум дар бозорҳои Хатлон ба як сомонию 40 дирам, муодили 31 сенти амрикоӣ, баробар аст. Дар ҳоле ки соли гузашта як кило гандум 60 дирам, муодили чизе беш аз 13 сент, арзиш дошт.

Як халтаи 50-килоии орд феълан дар бозорҳои ҷануби Тоҷикистон ҳудудан аз 110 то 120 сомонӣ қимат дорад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG