Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани эронии маҳкум ба эъдом ба гуноҳаш "иқрор кард"


Сакина Муҳаммадии Оштиёнӣ, зани эронии маҳкум ба эъдом, дар телевизиони давлатии Эрон гуноҳи худро иқрор кард. Ӯ бо забони озарӣ канда-канда сӯҳбат мекард ва гуфтораш ба форсӣ тарҷума мешуд.

Зимни ин мусоҳиба Оштиёнӣ гуфт, ки дар куштори шавҳараш ширкат намуда, бо марде робитаҳои ҷинсӣ барқарор карда буд. Ин мард холабачаи шавҳараш будааст.

Оштиёнӣ иқрор кард, ки холабачаи шавҳараш пешниҳод кардааст, то ки шавҳарашро бикушад ва ӯ ба ин иҷозат дод. Зимни мусоҳиба Оштиёнӣ гуфт, бовар карда буд, ки ин таҳдид як шухист ва он замон онро ҷиддӣ намепиндошт.

Малик Аждар Шарифӣ, додситони вилояти Озарбойҷони Шарқии Эрон, аз тариқи телевизион хабар дод, ки ин зан ба шавҳараш доруи хоб додааст. Баъд аз беҳуш шудани ӯ холабачаи шавҳараш омада, мардро ба ваннаи пуроб андохта, симҳои барқро ба танаш пайваст карда, ӯро кушт.

Вакили дифоъ: Оштиёнӣ зери шиканҷа иқрор шудааст

Вакилони дифои Оштиёнӣ иқрори шахси зери ҳимояташонро қатъиян рад намуда, мегӯянд, ки эътирофи ӯ зери шиканҷа гирифта шудааст. Ҳотан Киён, яке аз вакилони дифои ин зан, ба рӯзномаи британиёии Гардиан гуфт, ки Оштиёниро дар давоми ду рӯз қабл аз зуҳураш дар телевизион сахт латтукӯб карда, мавриди шиканҷа қарор доданд.

Вакили дифои дигар Муҳаммад Мустафоӣ, ки феъалан дар Норвегия ба сар мебарад, ба хабаргузории Си-Эн-Эн гуфт, ки барномаи телевизиони Эрон мавсум ба “20:30” аз ҷониби хадамоти истихборотии Эрон идора мешавад. Мустафоӣ аз тарс, ки вайро низ боздошт мекунанд, моҳи июл ба Норвегия фирор кард.

Зимни мусоҳибааш Оштиёнӣ гуфт, ки ҳеҷ гоҳ бо вакили дифоъ Мустафоӣ вонахурдааст ва изҳорот ӯро бардуруғ номид. Ин дар ҳолест, ки Мустафоӣ ба Си-Эн-Эн гуфт, ки бо Оштиёнӣ соли гузашта дар зиндони шаҳри Табриз мулоқот карда, вакили дифои расмии ӯ будааст.

Ҳукми сангсори Оштиёнӣ ва вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ

Оштиёниро соли 2006 баъд аз он, ки додгоҳ ӯро дар зино гунаҳкор донист ва барои ӯ ҳукми 99 шаллоқро эълон кард. Аммо баъд аз он, ки додгоҳи Табриз ӯро дар кушторӣ шавҳараш муттаҳам намуд, парвандаашро аз нав боз карданд. Бо вуҷуди он, ки Оштиёнӣ қаблан барои зино ҷазояшро гирифт, ин иттиҳом бознигарӣ шуда, ӯро ба сангсор маҳкум карданд. Парвандаи Оштиёни таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кард.

Дар саросари ҷаҳон вокунишҳо ба ҳимояти Оштиёнӣ ва маҳкумияти чунин навъи муҷозот баланд шуданд. Дар натиҷа мақомоти Эрон парвандаро бознигарӣ карда бино ба гузоришҳо ҳукми сангсорро бо ҳукми эъдом иваз карданд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷаи Амрико, 10 август гуфта буд, ки парвандаи Оштиёнӣ ва сарнавишти норушанаш Вошингтонро нигарон кардааст. Вай афзуд, ки муҳокимаи парванда дар додгоҳ шаффоф набуд ва он ҳатто мувофиқи қоидаҳои конститутсионии Эрон сурат нагирифт. Клинтон ишора намуд, ки ҳатто вакили дифои ин зан маҷбур шуд аз Эрон фирор кунад.

Ин дар ҳолест, ки Бразилия аз Теҳрон даъват намуд, бо намоиши ҳусни нияти башардӯстона Оштиёниро озод кунад. Луиз Игнасио Лула Да Силва, президени Бразилия, ба вай паноҳандагӣ пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG