Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти Файзуллоҳ Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва писари собиқ додситони кулли Тоҷикистон, фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва вазъи сарҳад дар Шӯрообод дар маркази таваҷҷӯҳи шумораҳои ин ҳафтаи нашрияҳои пойтахт буд.

«Наҷот» - ҳафтаномаи ҲНИТ паёми Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ-ро бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон нашр кардааст. Дар саҳифаи дигари ин нашрия дар матлабе таҳти унвони «Мардуми мусалмон ва президенти илмонӣ» аз қавли Муҳиддин Кабирӣ аз ёдоварии хотироташ ба кишварҳои Аврупо омадааст: «Вақте ин гуна ҳолатро дар як кишвари илмонӣ ва дунёвӣ мебинед, дар ҳақиқат саволҳое зеҳни шуморо ором намегузорад, ки чи гуна кишваре, ки ба мисли кишвари мо чанд сол пеш ба истиқлолияту демократия расидааст, ба ин дараҷа пешрафт кардааст? Ё худ чаро дар кишвари ман чунин ҳолату рафторро дар муносибат бо қишрҳои ҷомеа дида намешавад?»

Дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» зери унвони «Истед! Шумо ба куҷо?» марбут ба қазияи боздошти писари Бобоҷон Бобохонов аст, Шокирҷон Ҳакимов гуфтааст, ки ҳабси амвол маънии мусодираи онро надорад, вале пахши наворҳои телевизионӣ ба натиҷаи мурофиаи судӣ ва ҳатто рафти тафтишотӣ пешакӣ халал ворид мекунад.

Ҳамчунин дар ҳамин матлаб омадааст, ки қимати ҳадди ақал як ҳавлии кадоме аз додситонҳои генералии кишвар ва додситонҳои шаҳри Душанбе камтар аз 500-800 доллари ИМА аст.

«Намедонам дар боло чӣ гап аст»

«Азия плюс» - нашрияи русзабон мусоҳибаеро бо Бобоҷон Бобохонов нашр кардааст. Бобоҷон Бобохонов дар посух ба суоли хабарнигор дар бораи он, ки чаро ӯ аз раисиҷумҳур дархости дастгирӣ намекунад, гуфтааст : «Росташро гӯям, намедонам дар боло чӣ гап аст ва дарҳо барои тамос бо раисиҷумҳур манъ аст».

Бобохонов қотеона гуфтааст, ки ҳар амале кардааст, дар доираи қонун анҷом додааст ва таъкид намудааст, ки мақомот ҳар амалро бояд дар вақташ мақомот пайгирӣ мекарданд, на баъди рафтан аз вазифа.

«Фарғона танӯри тафсон» тахти чунин сарлавҳа ҳафтаномаи «Фараж» навиштааст, ки сабаби аслии низоъ дар Тоҷикистону Қирғизистон нобаробарии ҳузури намояндагони минтақаҳо дар ҳукумат аст. Дар ҳамин матлаб Давлат Усмон, вазири иқтисоди собиқ, гуфтааст, ки зичии аҳолӣ дар водии Фарғона, ки шарқи Ӯзбакистон, шимоли Тоҷикистон ва ҷануби Қирғизистонро дар бар мегирад, чунин маъно дорад, ки авҷи ҳар гуна низоъ дар як қисмати он метавонад ба зудӣ дар ҳудуди боқимонда паҳн шавад.

Марзшиканиҳои афғонҳо дар Даштиҷум

Ҳафтаномаи «СССР» дар бораи марзшикании шаҳрвандони Афғонистон матлаберо чоп кардааст. Муаллиф навиштааст, ки «Сарҳади Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дастрас аст». Дар матлаб омадааст, ки раиси вақти ноҳияи мазбур Иброҳим Азизов шикоят аз он мекард, ки 35 ҳазор гектар замини Тоҷикистон дар маъмнӯъгоҳи Дашти Ҷам бо рустаниҳои шифобахшу гиёҳҳои нодираш дар тасарруфи афғонҳо мондаву ба нобудӣ меравад, вале касеро парвое нест.

Ҳафтанома менависад, сокинони маҳаллӣ дар ин робита унвонии ҳукумати Тоҷикистон, раиси вилоят ва Кумитаи сарҳадот даҳҳо мактуби шикоятӣ навиштаанд, аммо муроде ҳосил нашудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG