Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи варзишгарон


Рӯзи 7-уми август дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҳамоиши беҳтарин варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзиш доир шуд.

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзишро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо шаҳодатнома ва нишонҳои сарисинагии унвонҳои «Устоди варзиши Тоҷикистон», «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ», «Мураббии шоистаи Тоҷикистон», «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон», сипоснома ва тӯҳфаҳо супурд.

Инчунин дар ин ҳамоиш Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуштигири ҷавон Баҳодур Қодиров, ки дар маросими ифтитоҳи ботантанаи нахустин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон интихоб шудааст, супурда шуд.
XS
SM
MD
LG