Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари гармии бесобиқаи ҳаво дар вилоёти марказии Русия даҳҳо ҷангалзор оташ гирифта, дар ин сӯхторҳо 25 нафар ба ҳалокат расидааст ва якчанд тани дигар беному нишон шудааст. Ҳарорати ҳаво дар ин манотиқ то 38-40 дараҷа гуфта мешавад. Баъзе аз деҳоти Русия комилан ба хокистар табдил ёфтааст.

Мақомоти Русия эълом кардаанд, ки дар вилоятҳои Маскав, Нижний Новгород, Воронеж ва Рязан беш аз як ҳазор манзил сӯхтааст ва садҳо хонавода бесарпаноҳ мондааст.

Ҳукумати Русия нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро ба хомӯш кардани сӯхтор фиристодааст, ки қариб дар 900 километри мураббаъ, ё масоҳати баробар бо шаҳри Берлин, паҳн шудааст.



Сарвазири Русия Владимир Путин ба деҳаи Верхняя Верея дар Нижний Новгород сафар кард, ки комилан ба хокистар табдил ёфтааст. Вай ба 500 хонаводаи ин русто ваъда дод, ки давлат барояшон то зимистон хонаҳои нав хоҳад сохт.

Аввалин бор дар 130 соли охир ҳарорати ҳаво дар Русия аз 38 дараҷаи Селсия боло рафтааст. Гармо инчунин ғалларо нобуд кард ва ҳазорон ширкати кишоварзиро муфлис намуд.

Асари гармо ба рӯзгори мардум ва иқтисоди Русия

Сокинони шаҳри Маскав ва манотиқи марказии Русия мунтазири анҷоми ҳавои тафсон ҳастанд. Ҳарорати ҳаво дар пойтахти Русия дирӯз ба 38 дараҷа расид, ки собиқа надоштааст.

Офати дигар дуди ғализест, ки фазои Маскавро печонидааст. Мақомот ба ин далел ба аҳолӣ машварат медиҳанд, ки аз манозили худ берун нараванд.

Аз сӯи дигар бадтарин хушксолӣ дар даҳсолаҳои охир, ки ба Русия таҳдид мекунад, метавонад боиси башиддат коҳиш ёфтани ҳосили гандуми имсола дар ин кишвар шуда, ҳаҷми содироти гандуми Русияро низ имсол ба поён бубарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG