Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Душанбе шуд


Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод
Зубайдулло Зубайдов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод

Сафири Тоҷикистон дар Исломобод мегӯяд, нахуствазири Покистон сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро қаноатбахш намедонад ва изҳори итминон кардааст, ки ин ҳамкориҳо тақвият хоҳад ёфт.

Густариши муносиботи дуҷониба ва дурнамои ҳамкориҳо дар мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо нахуствазири ин кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ дар шаҳри Исломобод баррасӣ шуд.

Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдов пас аз ин мулоқот дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, Покистон бо назардошти ниёзи афзояндаи Тоҷикистон ба семент изҳори омодагӣ кардааст, то бо сармояи хусусии покистонӣ дар Тоҷикистон як корхонаи тавлиди семент бунёд шавад.



Нахуствазири Покистон ба як гурӯҳи тоҷирони ин кишвар дастур додааст, барои омӯзиши тарҳи корхонаи нави семент ба Тоҷикистон сафар кунанд ва интизор меравад ин гурӯҳ рӯзҳои наздик вориди Душанбе шавад.

Дар ин мулоқот ҳамчунин сохтмони роҳи автомобилрави миёни ду кишвар аз тариқи долони Вахон, додани замин барои Тоҷикистон дар бандари Гвадари Карочӣ ва дар Пешовар баррасӣ шуд. Тоҷикистон мехоҳад дар ин ду минтақа терминалҳои гумрукӣ бисозад ва онҳоро барои амбор кардан ва ҳамлу нақли колоҳои худ аз роҳҳои обӣ ва сипас тавассути қаламрави Покистон истифода кунад.

Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар иваз ба гузоштани замин дар ихтиёри Тоҷикистон барои сохтмони терминал дар Покистон, ҷониби Тоҷикистон имкон медиҳад, ки Покистон дар сохтмони корхонаҳои семент ва соири корхонаҳои саноатии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад.

Таҳсили ҷавонони тоҷику покистонӣ дар кишварҳои якдигар низ яке дигар аз масъалаҳои мавриди баҳс дар мулоқоти сафири Тоҷикистон бо нахуствазири Покистон буд.
XS
SM
MD
LG