Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯйхати 15 нафар муддаиёни стипендия ё моҳонаи олимпиро, ки барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 мубориза мебаранд, тасдиқ кард.

Маҳмуди Абдулло, масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Варзишгарони маъруфи кишвар Расул Боқиев, Муҳаммад Абдураҳмонов ва Шералӣ Бозоров дар риштаи гуштии дзю-до, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева дар риштаи бокс, Дилшод Назаров ва Галина Митяева оид ба гурзандозӣ, Юсуф Абдусаломов ва Фарҳод Анақулов дар риштаи гуштии озод, Мурод Тӯйчиев оид ба гуштии юнониву румӣ, Сергей Бабиков оид ба тирандозӣ, Алишер Гулов оид ба таэквон-до WTF, Фирӯза Зубайдова оид ба камонварӣ ва Низом Сангов оид ба вазнабардорӣ муддаиёни стипендияи олимпӣ мебошанд. Мо ин рӯйхатро ба Кумитаи байнулмилалии олимпӣ пешниҳод кардем ва дархост намудем, ки маблағи моҳонаи олимпӣ 1500 доллари амрикоӣ муқаррар карда шавад. КБО ҳар як номзадро аз рӯи натиҷаҳои дар мусобиқоти байнулмилалӣ ба даст овардааш баррасӣ намуда, арзандаҳоро бо стипендия таъмин хоҳад кард».
XS
SM
MD
LG