Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд алайҳи 7 масъули корхонаи «Заря Востока», аз ҷумла раҳбари корхона Абдураҳим Расулов ва сармуҳандис Абдушукур Урозбоев, бо иттиҳоми дуздӣ ва тасарруфи маблағҳои бузург парванда боз кардааст.

Ҷумъаназар Раҳматов, сарвари Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, гуфт, тафтишоти қаблӣ ошкор кардааст ин нафарон бо роҳҳои фурӯши таҷҳизоту иншоот ва маводҳои сохтмонии корхонаи мазкур, бо таҳияи асноди қаблакӣ барои баланд нишон додани арзиши таҷҳизоти воридотӣ ва таҷҳизоти вориднагашта дар муддати тахминан 5 соли ахир беш аз яку ним миллион сомонӣ маблағи давлатиро аз худ кардаанд.

Лағви ҳаққи масунияти раиси корхона

Вай афзуд, сарвари кулл ва сармуҳандиси корхона бо пешниҳоди мақомоти тафтишотӣ бо аксари орои вакилон аз ҳаққи масунияти худ дар маҷлиси маҳаллӣ маҳрум гашта, мавриди боздошт қарор гирифтаанд. Аммо 5 масъули дигари ин корхона дар замони тафтишот дар озодӣ қарор доранд.

Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод мегӯяд, тафтиши парванда идома дорад ва ба куҷо фурӯхтани маводи тасарруфгаштаи «Заря Востока» муайян карда хоҳад шуд.

Дилрабо Насруллоева, сарвари дастгоҳи раиси кулли корхонаи мазкур гуфт, чун тафтиши парвандаи масъулони собиқ пӯшида ҷараён дорад, аз ҷараёни он ва назарҳои айбдоршудагон чизе гуфта наметавонад. Хонум Насруллоева дар суҳбати қаблии худ бо Радиои Озодӣ, 31 май, замони бо талаби мақомоти тафтишот аз ваклатҳои вакилӣ маҳрум гаштани раҳбари кулл ва сармуҳандиси корхонааш гуфта буд, ки ҳеҷ далели шайъӣ барои айбдор донистани онҳо пешниҳод нашудааст.

Аммо пайдо кардани вакилони мудофеъи 7 раҳбари айбдоршудаи “Заря Востока” ҳанӯз даст надод.

Аз истеҳсоли уран ба тавлиди калуш

Корхонаи «Заря Востока» - и шаҳраки Табошар воқеъ дар 30 километрии шимоли Хуҷанд дар замони шӯравӣ, чун як бахши корхонаи бузурги «Востокредмет»-и шаҳри Чкалов зери муҳри сиррӣ ба истеҳсоли маъдани уран ва фулузоти нодир ихтисос дошт, вале зоҳиран маҳсулоти резинӣ, мисли калушу дастпӯшак ва сару либосҳои махсуси корӣ ба фурӯш мебаровард. Дар ибтидои солҳои навади асри гузашта фаъолияташ дар тавлиди маъдани уран қатъ ёфт. Ва дар солҳои ахир корхона бо шумораи каме аз коргарон ба истеҳсоли маҳсулоти резинӣ ва аробаҳои дастии боркашонӣ ба бозори дохилӣ машғул буд.

Давлати Тоҷикистон дар солҳои ахир бо ҷалби сармоя аз Русия мехост кори ин корхонаро дар тавлиди фулузоти нодир дигарбора ба роҳ андозад. Бо ишора ба ин бархе аз коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, эҳтимол дорад чунин парвандаҳои пурсарусадо ин корхонаро дар чашми сармоягузорон нохушоянд ҷилва диҳад ва ҷалби сармояро ҷиҳати эҳё душвор созад.

Поёни соли гузашта 4 раҳбари корхонаи «Востокредмет» дар шаҳри Чкалов, ба шумули Шавкат Бобоҷонов – раҳбар ва Матин Зиёев – сарвари бахши амнияти дохилӣ бо ҳукми додгоҳ бо ҷурми «суииистифода аз мақоми хидматӣ», сармуҳандис Александр Ботов ва Александр Бабошин – сардори бахши сохтмони «Востокредмет» -«хиёнат ба ватан» ва як шаҳрванди Узбакистон – Виссарион Тен бо гуноҳи «ҷосусӣ» аз рӯи Асноди ҷиноии Тоҷикистон ба манфиати кишвари дигар аз 10 то 22 сол аз рӯи Асноди ҷиноии Тоҷикистон ба ҳасб маҳкум карда шуда буданд.
XS
SM
MD
LG