Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи СММ: Истиқлоли Косово қонунист


Додгоҳи олии Созмони Милали Муттаҳид ҳукм кард, ки Эъломияи истиқлоли Косово аз Сербистон дар соли 2008 қонунӣ аст. Ҳисашӣ Овада, раиси Додгоҳи байналмилалии адолат зимни қироати ин ҳукм гуфт, эъломияи Косово мухолифи қонунҳои байналмилалӣ ва мухолифи Қатъномаи шумораи 1244 Созмони Милал намебошад.

Ҳисаши Овада, раиси додгоҳи СММ назари машваратии 14 додраси ин додгоҳро қироат кард:

“Додгоҳ ба хулоса расидааст, ки қабули эъломияи истиқлолият 17 феврали соли 2008 қонуни умумии байналмилалӣ, қатъномаи рақами 1244 Шцрои Амнияти СММ ва чаҳорчубӣ конститутсиониро нақз накардааст. Хулоса, қабули он эъломия ягон банди корбастпазири қонуни байналмилалиро вайрон накардааст”.

Мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ мегӯянд, ки тасмими додгоҳ метавонад ба ҷумбишҳои ҷудоиталаб дар дигар минтақаҳо таъсири ҷиддӣ дошта бошад. Ин қарор метавонад сабаб шавад, ки кишварҳои бештаре истиқлолияти Косовро ба расмият шиносанд.

"Эълони истиқлолият мамнӯъ нест"

Бино бар ҳукми додгоҳи байналмилалии адолат дар қонуни умумии байналмилалӣ эълони истиқлолият манъ нашудааст:

“Додгоҳ бар ин аст, ки дар қонуни умумии байналмилалӣ ягон монеъаи барои эълони истиқлолият вуҷуд надорад. Ва бино бар ин ба хулоса омадааст, ки эъломияи истиқлолияти 17 феврали соли 2008 мухолифи қонуни умумии байналмилалӣ набуд”.

Сербҳо Косоворо зодгоҳи миллати худ меҳисобанд, аммо баъд аз он ки соли 1999 НАТО барои хотима додан ба низоъи қавмӣ миёни сербҳо ва ҷудоихоҳони албанитабор Сербистонро мавриди бомбаборон қарор дод, Белград аз назорат бар Косово маҳрум гашт.

Шӯрои Амният бо қабули қатъномаи 1244 дар Косово ҳукумати муваққатии СММ -ро ҷорӣ кард. Бо вуҷуди он ки дафтари ҳукумати муваққатии байнулмилалӣ дар Косово то ҳол вуҷуд дорад, баъд аз соли 2008 нақши он коҳиш ёфтааст.

17 феврали соли 2008 қонунгузорон ва раисиҷумҳури тозаинтихобшудаи Косово эъломияро дар бораи истиқлоли Косово аз Белград қабул намдуанд. Сербистон соли 2009 ба Додгоҳи байналмилалии адолат шикоят бурд ва гуфт, эъломияи истиқлолияти раҳбарони албании Косово “нақзи бармалои” тамомияти арзии Сербистон ва қонунҳои байналмилалӣ мебошад.

"Чин ва Русия ҷонибдори Сербистон ва мухолифи истиқлол"

Истиқлолияти Косово аз ҷониби 69 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла ИМА ва қисми зиёди кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба расмият шинохта шудааст. Аммо Сербистон, бо пуштибонии Русия, Чин ва дигар кишварҳо бар зидди истиқлолияти Косово маъракаи дипломатӣ ба роҳ мондааст. Баъд аз муроҷиати Сербистон ба додгоҳи байналмилалии адолат наздик ба 30 кишвари дунё ба додгоҳ эътироз карданд.

Чин, Русия ва Испания ки дар қаламравҳои худ бо ҷумбишҳои ҷудоиталаб рӯбарӯанд, бар зидди қонунӣ будани эъломияи истиқлолияти Косово эътироз намуданд, аммо Амрико ва ҳампаймононаш аз қонунӣ будани ин гоми Косово ҳимоят мекунанд.

Ҷеймс Кар Линдсай, профессори донишгоҳи иқтисодии Лондон мегӯяд, бо вуҷуди он ки ҳукми додгоҳ эътибори иҷроӣ надорад, он бисёр муҳим аст:

“Ало рағми он ки ҳама мегуянд, ин назари машваратист, шумо метавонед гуфт, фарқ надорад. Ин аҳамияти бениҳоят бузург дорад. Ин ниҳоди аслии СММ мебошад”.

Амрико аз хукми додгоҳ истиқбол карда, аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хостааст, атрофи ин қарор муттаҳид шаванд. Қабл аз эълони ҳукми додгоҳи СММ Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури Амрико ба Президенти Сербистон Борис Тадич занг зада, бори дигар вайро мутмаъин намуд, ки Амрико аз Косовои демократӣ ва гуногунқавм пуштибонӣ мекунад. Вай инчунин такрор намуд, ки Вошингтон истиқлолият ва тамомияти арзии Косоворо эътироф мекунад.

"Сербистон ҳукми додгоҳро қабул надорад"

Аммо ба ин нигоҳ накарда, баъд аз эълони қарори додгоҳи СММ Вук Йеремич вазири корҳои хориҷаи Сербистон ба хабарнигорон гуфт, ки мавқеъи кишвараш тағйр наёфт:

“Сербистон дар ҳеҷ сурат ва таҳти ҳеҷ шароит эъломияи якҷонибаи истиқлолияти ба ном Ҷумҳурии Косоворо намепазирад. Мавқеъи мо тағйр намеёбад ва ман мутмаъинам ки баъди ин ҳукми кӯтоҳназарона ва фаннӣ дар робита ба ин масала мавқеъи бозигарои асосии ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ тағйр нахоҳад ёфт”.

Йеремек афзуд, ки аз назари вай ҳукми додгоҳ тамоми марзҳои ҷаҳонро дар хатар мегузорад ва дигар ҷумбишҳои ҷудоиталаби Балкан ва дунёро ангезиш медиҳад.

Ин дар ҳолест ки Филип Кровли сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт ки ҳукми додгоҳи СММ танҳо ба Косово дахл дорад:

“Ин ҳукми додгоҳи байналмилали адолат дар асоси воқеъияти беназир ва вижаи Косово гирифта шудааст. Аз назари мо ин ҳукм ва ин мадракҳо ба дигар парвандаҳо дахл дошта наметаовнад”.

Борис Тадич низ як рӯз қабл аз эълони ҳукми додгоҳ назари ҳамсонро изҳор намуда, гуфта буд, ки мавқеъи кишвараш дар ин масала ҳеҷ гоҳ иваз намешавад.

Косово хушҳол аст

Ин дар ҳолест ки Искандар Ҳюсенӣ, вазири корҳои хориҷаи Косово аз тасмим додгоҳи СММ истиқбол намуда гуфт, ки саранҷом додгоҳи байналмилали адолат қонунияти эъломияи истиқлолияти Косоворо тасдиқ кард ва барои кишвараш ин хабари хуш аст:

”Додгоҳи байналмилали адолат имруз ҳақи Косовро ба истиқлолият тасдиқ кард.Барои Косово ин хабари бузург аст. Ин хабари хуш барои сулҳ ва пойдори дар минтақаи Балкани ғарбӣ. Ин хабари хуш барои Аврупо”.

Ӯ афзуд, ки алтернативаи дигар вуҷуд надорад ва Косово ва Сербистон бояд барои ояндаи муштаркашон дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ҳамкорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG