Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти байнулмилалӣ бо ширкати намояндагони 70 кишвар ва ниҳодҳои сармоягузори Афғонистон дар Кобул оғоз ба кор кард. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон дар оғози ин нишаст, хостори додани ҳаққи бештаре ба ҳукумати Афғонистон дар масрафи кӯмакҳо ва воситаҳои байналмилалӣ шудааст.

Оқои Карзай гуфтааст, бар ивази ин иқдом нерӯҳои Афғонистон талош хоҳанд кард, ки то соли 2014 нақши аслиро дар таъмини амният ва суботи кишвар ба даст бигиранд.

Дар конфаронси мазкур дабири куллии СММ Бан Ки Мун, дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен ва вазирони корҳои хориҷии беш аз 40 кишвар ширкат доранд.

Тоҷикистонро дар ин нишаст Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунад. Нишасти мазкур бузургтарин нишасти байналмилалӣ дар Кобул дар тайи 30 соли охир унвон шудааст.


Нишасти навбатии ҳукумати Афғонистон ва ҳампаймонҳои байнулмилалияш дар Кобул аз ҳамоишҳои қаблӣ тафовути зиёд хоҳад дошт. Бори аввал Кобул ба беш аз 70 сармоягузори хориҷӣ барномаи ҷадид дар мавриди сарфу харҷи бахши аъзами кӯмаки молиявии байнулмилалӣ барои Афғонистонро ироа хоҳад кард.

Вазирони афғон 23 барномаи навро муаррифӣ мекунанд ва аз кишварҳои кумакрасон хостори он мешаванд, ки аз ин баъд маболиғро на аз тариқи созмонҳои хориҷиву ғайриҳукуматӣ, балки тавассути ниҳодҳои ҳукуматӣ ба кишвар интиқол диҳанд.

Аз нигоҳи ҳукумат, сармояи барои Кобул тахсисдодаи ҷомеъаи байнулмилалӣ бояд асосан дар татбиқи барномаҳои миллии Афғонистон сарф шавад, на барои авлавиятҳои ҷудогонаи созмонҳои хориҷӣ.

Умар Захилвол, вазири молияи Афғонистон ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “он чӣ мо мепурсем ин аст, ки ҳама кумак барои Афғонистон тавассути буҷаи давлатӣ ворид мешавад ваё берун аз он ва 80 дар сади он дар ду соли оянда бояд барои авлавиятҳои ҳукумати Афғонистон ва мардуми афғон равона шавад”.



Сарфу харҷи кӯмаки байнулмилалӣ бар дӯши кӣ бошад?

Ба иттилои вазорати молияи Афғонистон, тақрибан 77 дар сад аз 29 миллиард доллар, ки аз соли 2001 ба ин сӯ, ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои Афғонистон ҷудо кардааст, бидуни ширкати ниҳодҳои ҳукуматӣ сарфу харҷ шудааст. Аммо оё ҷомеъаи байнулмилалӣ ба чунин тағйироти ҷиддӣ розӣ хоҳад шуд ё не, ҳанӯз маълум нест.

28 январи соли равон дар конфаронси Лондон оид ба масоили Афғонистон эълом шуда буд, ки ҳукумати Афғонистон тавассути беҳбудсозии сохтори ҷамъиятии молиявӣ ва маҳдудсозии фасоду ришват бояд харҷи тақрибан 50 дар сад масрафоти кумаки хориҷӣ дар ду соли ояндаро бар дӯш бигирад.

Марк Седвил, намояндаи мулкии Паймони НАТО дар Афғонистон чанде пеш ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ ва Радиои Афғонистони Озод гуфта буд, ки “айни ҳол фақат 20 дар сади кӯмак аз тариқи системи ҳукумати Афғонистон интиқол меёбад. Мо дар конфаронси Лондон розӣ шудем, ки барои ду соли оянда интиқоли сармоя аз тариқи ҳукуматро то 50 дар сад боло барем ва мехоҳем бахши боқимондаи онро бо авлавиятҳои ҳукумати Афғонистон ҳамоҳанг созем”.

Хориҷиён пироҳани поки афғонҳоро олуда месозад?

Конфаронси Кобул дар ҳоле баргузор мешавад, ки, ба гуфтаи коршиносон, сатҳи фасод дар Афғонистон то ба арш расидааст. Ва дар вазъи феълӣ ширкатдорони конфаронс ҳангоми суханронӣ аз эҳтиёт кор хоҳанд гирифт.

Ҳафтаҳои ахир мансабдорони Афғонистон ва хориҷӣ ҳамдигарро дар фасод ва сарфи беҳудаи сармоя айбдор мекунанд. Аз нигоҳи мансабдорони Кобул, болоравии фасод бо он далел марбут аст, ки тақсим ва сарфи кумакҳои молиявӣ бар дӯши созмонҳои хориҷӣ ва ғайриҳукуматӣ вогузор шудааст.

Ҳабибулло Ғолиб, вазири адлияи Афғонистон чанде пеш ба хабарнигорон дар Кобул гуфта буд, ки “хориҷиён ба ин ҷо меоянд ва пироҳани поки моро бо дастони ифлосашон олуда месозанд”.

ИМА то ҳол аз фасод дар Афғонистон нигарон аст

Дар ҳамин ҳол мансабдорони аршади хориҷӣ аз сарфи дурусти кумаки ҷомеъаи байнулмилалӣ аз сӯи созмонҳои хориҷӣ ва шаффофияти фаъолияти ин созмонҳо дифоъ мекунанд. Марк Седвилл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки кӯмаки молиявии байнулмилалӣ хуб сарф мешавад ва кафолати барои баравардасозии ниёзмандиҳои мардум равона шудани ин сармоя низ таҳти назорат қарор дорад.

Бархе аз коршиносону сиёсатмадорони афғон низ мутмаинанд, ки ҳукумати Афғонистон маҳз ба ҳамин чиз – шаффофияти сарфи маболиғ ва назорати кумаки байнулмилалӣ ниёз дорад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва қонунгузорони ИМА ҳушдор медиҳанд, ки агар ҳукумати Афғонистон аз чораҳои оҷили зиддифасод кор нагирад, ба мушкили дарёфти кӯмаки молии ҷомеъаи байнулмилалӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Вигаудас Усаскас, намояндаи Итиҳодияи Аврупо дар Афғонистон, ҳафтаи гузашта изҳор намуд, ки Брюссел то рӯшан шудани натоҷи конфаронси Кобул ироаи 252 миллион доллар кумакро мавқуф гузоштааст.

Охири моҳи гузашта Маҷлиси Намояндагони Конгресси ИМА дар роҳи интиқоли 4 миллиард доллар кӯмаки молӣ монеъа гузошт ва талаб кард, ки Вошингтон иттиҳоми яғмои кумаки байнулмилалӣ аз сӯи мансабдорони аршади Афғонистонро ҷиддан тафтиш кунад.

Ҳамзамон ҳукумати Афғонистон эълом дошт, аз ин баъд вазирон ва мансабдорони воломақоме, ки дар ришвату фасод муттаҳам мешаванд, мавриди пайгарди қонун қарор мегиранд ваё дар додгоҳи вижа муҳокима мешаванд.
XS
SM
MD
LG