Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Узбакистон ба сокинони деҳаи Равоти Конибодом иҷоза додаанд, ки аз заминҳои худ дар минтақаи баҳсноки марзӣ истифода кунанд. Марзбонҳои узбак аз соли гузашта ба ин сӯ, монеъ аз кори сокинони Равот дар ин заминҳо мешуданд.

Марзбонҳои узбак аз соли гузашта дар канори ин деҳа симхор кашидаву посгоҳ гузошта ва шаҳрвандони тоҷикро намегузоштанд, ки ба заминҳои кишти деҳаашон, ки ҳудуди 60 гектарро ташкил медиҳад, роҳ ёбанд. Аз сӯи дигар, сарҳадбонҳои тоҷик ҳам посгоҳ гузошта, ба омадурафти кишворзон мамониъат мекарданд ва миёну мақомоту сокинон баҳсу талошҳо ба миён омада буд.

Аммо роҳ то канори деҳа 30 киламетр дур шуд

Ҳарчанд сокинони деҳаи Равот дар ноҳияи Конибодом ба заминҳои канори деҳаи худ бо роҳи дури 30 киламетра ва таҳти назорати сарҳадбонҳои тоҷику узбак иҷозаи рафтуомад ёфтаанд, инро ҳам қадаме ба пеш дар ҳалли мушкили хеш меҳисобанд.

Ҳанифа Юсуфова, раиси ҷамоаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом, ки деҳаи Равот ба он дохил мешавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин тартиби нав аз рӯи мувофақаи ҷонибҳои тоҷику узбак ҳосил шуд ва шаҳрвандони Тоҷикистон дубора ба заминашон роҳ ёфтанд.

"Мардум бе гапу калоча, бемалол ба заминашон гузашта истодаанд. Ба ҳар ҳол, аз гузаргоҳи расмӣ, ба ароба иҷоза доданд, аммо техникаро гузашта намемонанд. Сарҳабонҳо пур кардани коғазро ҳам талаб мекунанд».

Хонум Юсуфова афзуд, мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон дар ин маҳалли баҳснок бо сокинон мулоқот карда, то ҳал шудани ин мушкил дар сатҳи давлатӣ чунин тартиб ҷорӣ кардаанд.

Соли гузашта сарҳадбонҳои узбак аз миёни ин деҳа симхор кашидаву хандақ кофта, шаҳрвандони тоҷикро аз заминашон, ки ҳудуди 60 гектар мебошад, ҷудо карда буданд.

Сокинон мегӯянд, ин замин аз қадим моли онҳо буд, аммо мақомоти ноҳияи Бешариқи Узбакистон аз соли гузашта даъво пеш овардаанд, ки он ба Узбакистон тааллуқ дорад.

Аммо ба гуфтаи хонум Юсуфова, ҷониби Узбакистон ба номаҳои батакрор фиристодаи мақомоти Конибодом дар ин маврид то ҳол посух нагуфтаанд.

Сокинони Равот: «Моро аз ягона василаи рӯзирасонамон маҳрум накунед».

Сокинон мегӯянд, ин замин барояшон дар шароити Тоҷикистон манбаи аслии рӯзирасон ҳисоб мешавад. Иноят Холматова, як сокини 65 солаи деҳаи деҳаи Равот дар замини баҳснок яку ним гектар замини зардолу дорад.

«Мо дар оила шаш нафарем, шавҳарам – нафақахӯр, писарам - бекор, келинам - кӯдакдор, кор намекунад. Зиндагии мо аз паси ҳамин як порча замин. Бе ин замин чӣ хел зиндагӣ мекунем»?

Сокинони деҳаи Равот борҳо аз давлати Узбакистон талаб кардаанд, то онҳоро аз замини рӯзирасонашон ҷудо накунанд ва аз мақомоти ҳама сатҳи Тоҷикистон ҳам хоста бунад ба онҳо дар ҳалли ин масъала ёрӣ расонанд.

Мақомоти маҳаллӣ : «Ҳалли ин масъала - кори байнидавлатист»

Мақомоти ноҳияи Конибодом бар онанд, ки ҳалли ин мушкил дар доираи салоҳияте, ки доранд, аз дасти онҳо барнамеояд.

Ҳанифа Юсуфова, раиси ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом мегӯяд: «Инро фақат дар боло ҳал карданашон даркор. Мо дар маҳал масъалаи сарҳаду сарҳадбандиро ҳал карда наметавонем. Мо чанд маротиба ба ҷониби Узбакистон мактубҳои расмӣ фиристодем, то ҳол посухи онҳоро нагирифтем».

Аммо одилона ва саривақт ҳал нашудани ин гуна масъалаҳои замину об ба қавли хонум Юсуфова, дар пай оқибатҳои нохуш меоварад.

«Ман соли гузашта се моҳ дар ҳамон сарҳад ҳамроҳи одамон нишастам. Мардумро ром мекардем, ки ягон гапу кор нашавад. Ҳамин ки ягон гурӯҳи сокинон назди хати нави сарҳадӣ миёни деҳаашон ҷамъ мешуданд, ҳамон дам аз он сӯ низомипӯшони узбак камин гирифта, аз мо чашм намеканданд».

Равот танҳо минтақаи баҳснок нест

Дар бархе аз манотиқи вилояти Суғд, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ, Ашт, мисли деҳаи Равот заминҳои дигари баҳснок низ байни Тоҷикистону Узбакистон вуҷуд дорад.

Дар минтақаи Спитамен, ба кадом ҷониб тааллуқ доштани маҳаллаҳои Платина ва Горний ҳанӯз маълум нашудааст, дар ноҳияи Ашт қисмате аз чарогоҳҳои кӯҳистонро, ки аз қабл аз они Тоҷикистон ҳисоб меёфт, давлати Узбакистон баъд аз марзбандии якҷониба ва минхобонӣ ба ихтиёри худ гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG