Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, ки Шаҳром Амирӣ донишманди ҳастаии ин кишвар, Амрикоро тарк карда ва аз тариқи кишвари саввум озими Эрон шудааст. Вазорат иддаъо мекунад, ки Шаҳром Амириро ҷосусони амрикоӣ рабудаанд ва Эрон ин масъаларо ҳамчунон пайгирӣ хоҳад кард.

Достони нопадид шудани Шаҳром Амирӣ донишманди ҳастаии Эрон мисли филмҳои детектив аст ва суоли зиёде ҳам дар бораи ин достони ба қавли нотамом мавҷуд. Дар ин бора сӯҳбате доштем бо Ҳусайни Ориян, шореҳи Радиои Фардо ва нахуст аз ӯ хостем, то моҷарои мазкурро ба таври мухтасар барои мову шумо шарҳ диҳад.



Амрико: Шаҳроми Амирӣ озод аст


Қаблан мақомоти Амрико гуфтанд, ки Шаҳром Амирӣ, донишманди эронӣ, ки гузораш ба Амрико афтодааст, озод аст ва агар бихоҳад метавонад ин кишварро тарк кунад. Амирӣ рӯзи 12 -уми июл аз сафорати Покистон дар Вашингтон паноҳгоҳ хоста буд. Теҳрон мегӯяд, ки Амрико ин донишмандро рабудааст.

Филип Кровлӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, "Амирӣ бо хости худ ба ин ҷо омадааст ва ҳоло бо хости худ метавонад ин кишварро тарк кунад".

Манучеҳр Муттакӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, Амирӣ тақозо кардааст, ки ҳарчӣ зудтар ба Эрон баргардад ва Амрико бояд ба вай иҷозаи тарк диҳад.

Амирӣ аз сафорати Покистон паноҳгоҳ хоста буд

Покистон тасдиқ кардааст, ки як нафар дар бахши манфиатҳои Эрон дар сафорати Покистон дар Вашингтон паноҳ ҷуста, исрор меварзад, ки ӯ Шаҳром Амирӣ донишманди ҳастаии Эрон аст.

Донишманде, ки гуфта мешавад, аснои баргузории маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ беному нишон шуда буд. Мақомоти Теҳрон борҳо иброз доштаанд, ки хадамоти амниятии Амрико Амириро рабудаанд.

Надим Патяла, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Покистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми 12 июл шахсе ба сафорат омада, гуфтааст, ӯ Шаҳром Амирӣ буда, мехоҳад дар сафорат паноҳ ёбад.

Патяла афзуд, ки ин мушкили мақомоти Эрон аст ва ин фард ҳам дар бахши манфиатҳои Эрон дар бинои сафорати Покистон дар Вашингтон қарор дорад.

Эрон дар ИМА сафорат надорад. Робитаи дипломатии миёни ин ду кишвар соли 1979 дар паи инқилоби исломии Эрон мутаваққиф шудааст.

Қабл аз изҳороти Патяла расонаҳои хабарии Эрон иттилоъ доданд, ки Амирӣ истирдоди фаврӣ ба Ҷумҳурии Исломиро тақозо намудааст. Мақомоти Теҳрон чандин дафъа исрор варзидаанд, ки Амирӣ ҳангоми баргузории маросими ҳаҷ дар Арабистон Саудӣ рабуда шудааст.

Се сӯҳбати видеоии зиддунақизи Амирӣ

Ҷои ёдоварист, ки моҳи июн телевизиони Эрон як навори видеоро намоиш дода буд, ки дар он шахсе мегуфт, аснои адои фаризаи ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ, афроде номаълуме ӯро рабуда, зӯран ба ИМА интиқол додаанд.

"Номи ман Шаҳроми Амирӣ мебошад. Имрӯз 5 апрели соли 2010 аст ва ман дар Таксони ИМА қарор дорам. Ман дара малиёти Арабистони Саудӣ ва ИМА дастгир шудам. Маро дар шаҳри Мадина рабуда бо сӯзандоруе беҳуш намуда ба ИМА интиқол доданд. Дар тӯли 8 моҳи буду бош дар ИМА ман мавриди вазнинтарин шакли шиканҷа ва фишор қарор гирифтам".

Вале баъди чанд рӯз дар шабакаи интернетии Youtube навори дигари ин шахс зуҳур намуд, ки мегуфт, ман дар Амрико озодам.

"Ман дар Амрико озод ҳастам ва мехоҳам таҳсиламро идома диҳам. Мехоҳам ба ҳама таъкид кунам, ки амнияти ман таъмин аст".

Аммо дар навори сеюм, ки телевизиони Эрон дар таърихи 29 июн намоиш дод, ин шахс мегӯяд, ӯ дар иёлати Вирҷинияи ИМА аз афсарони амниятии ИМА пинҳон аст ва мехоҳад гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ба ӯ дар бозгашт ба хонааш кӯмак кунанд.

ИМА иддаоҳои ба намоишомадаро рад намуд. Моҳи март телевизиони АВС-и Амрико гузориш дода буд, ки Амирӣ аз Эрон фирор намуда, ба Идораи марказии истихбороти ИМА ёрӣ мерасонад.
XS
SM
MD
LG