Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмон бо Машоӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо Исфандиёр Раҳими Машшоӣ, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Эрон, дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои ҳарбӣ - техникӣ гуфтӯгу кардааст.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот иҷрои созишномаҳои ҳамкорӣ дар арсаҳои энержӣ ва ҳамлу нақли транзитӣ ва инчунин тавсиаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шудааст.

Бино ба хабарҳои расмӣ, таҳкими ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарб - техникӣ низ аз мавзӯъҳои мавриди гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Исфандиёр Раҳими Машоӣ, раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Эрон будааст. Ҷузъиёти бештари гуфтугӯҳои ду ҷониб дар ин замина эълон нашудааст.

Ҷаноби Машоӣ пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, "мо бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи зарурати оғози як фасли ҷадид дар равобити Эрон ва Тоҷикистон гуфтугӯ кардем". Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқоти имрӯза ҳамчунин масъалаҳо ва равандҳо дар минтақа баррасӣ шудааст.

Машоӣ гуфтааст, ки боздошти вагонҳои ҳомили маводи сохтмонӣ дар Узбакистон боис шудааст, ки кори сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда 2" то шаш моҳ ба таъхир биуфтад. Ин нерӯгоҳ тавуассути сармоя ва ширкатҳои эронӣ сохта мешавад.

Дар ҳар сурат ҳам афзудааст, оқои Машоӣ, сохтмони ин нерӯгоҳ то поёни соли равон анҷом ва он мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Исфандиёр Раҳими Машоӣ бо як сафари дурӯза дар Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ рӯзи гузашта аз маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда -2" дидан кард. Нерӯгоҳе, ки тавассути ширкатҳои эронӣ сохта мешавад.

Машоӣ инчунин дар гузоштани санги таҳдоби "Хонаи Эрон" дар Душанбе ширкат намуд. Ин нахустин "Хонаи Эрон" дар хориҷ аз кишвари Эрон хоҳад буд, ки бунёд мешавад.

«Хонаи Эрон» ба унвони маркази эрониёни муқими Тоҷикистон дар маҳаллаи Гулистони Душанбе - пойтахт бунёд хоҳад шуд. Ба гуфтаи масъули сафорати Эрон, ин марказ аз якчанд толор барои намоишгоҳҳо ва ҳамоишу маъракаҳои фарҳангӣ, ҳамчунин китобхона ва синфхонаҳои омӯзиши забонҳо иборат хоҳад буд.

Исфандиёр Раҳими Машоӣ, раиси дастгоҳи президенти Эрон, дар Душанбе ҳамчунин хишти аввали сохтмони муштаъмаи варзиши зӯрхонаиро, ки тавассути Эрон сохта мешавад, гузошт ва дар расми ифтитоҳи мусобиқоти байналмилалии Ҷоми Фирдавсӣ ширкат намуд.

Дар бозиҳои байналмилалии Ҷоми Фирдавсӣ, ки дар Душанбе идома дорад, намояндагони ҳашт кишвари минтақа ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG