Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳилари Клинтон, вазири корҳои хориҷии Амрико, зимни боздидаш аз Тифлис, ҳимояти қотеъи кишвараш аз якпорчагии Гурҷистон ва мухолифаташ ба шомилкардани он кишвар ба “қаламрави нуфузи” Русияро намоиш дод. Ӯ гуфт, ки Амрико "қаламрави нуфуз" -ро намепазирад.

Аз нигоҳи таҳлилгарон ин пайёми ошкор, ки зимни нишасти матбуотии муштараки Ҳилари Клинтон бо Михаил Саакашвилӣ раисиҷумҳури Гурҷистон садо дод, ҳушдор ба Маскав дар робита ба тасарруфи қисмате аз қаламрави ин ҳамсояи қавқозиаш, баъди ҷанги кӯтоҳи соли 2008 мебошад.

Ҳилларӣ Клинтон гуфт: “ИМА алоқаманди устувори истиқлолият ва якпорчагии Гурҷистон боқӣ мемонад ва кишвараш дойраҳои нуфузро намепазирад».

Хонум Клинтон эълом дошт ки ин паёми Барак Обама раисиҷумҳури Амрико аст ва зимни боздиди Дмитрий Медведев аз Вошингтон, дар моҳи гузашта, Клинтон мавқеъи ҳамсонро ба у изҳор карда буд.

"Русия бояд ба аҳдаш амал кунад"

Вазири корҳои хориҷии Амрико инчунин аз Русия даъват намуд, он ӯҳдадориҳоеро, ки ҳангоми имзои созишномаи оташбас бо Гурҷистон ба зимма гирифта буд, аз ҷумла баргардонидани нерӯҳояш ба мавқеҳои қабл аз оғози ҳамларо, иҷро кунад.

Ӯ афзуд, Русия бояд дастрасии башардӯстонаро ба қаламравҳои ишғолшудаи Гурҷистон, минтақаҳои ҷудоиталаби Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ иҷозат диҳад ва аз таъсиси пойгоҳҳои доимии низомӣ дар онҷо худдорӣ кунад.

Қаблан, зимни мулоқотша бо гурӯҳи занҳои гурҷӣ, Клинтон изҳор намуд, ки Амрико ба идомаи истилои Русия мухолиф аст ва ҷонибдори аз роҳи дипломатӣ ҳал шудани ин мушкил мебошад.

Ӯ гуфт: “Мо ба баёни мавқеъи худ идома медиҳем. Он тавре, ки ман зимни ин сафарам гуфтаам, мо мухолифи идомаи истило ва мо тарафдори истифодаи механизми Женева ҳастем. Истифодаи он бояд шиддат дода шавад ва мо қасд дорем талош кунем. Ман намехоҳам бигуям, ки ин масалаи осон аст. Чун ки ин тавр нест”.

Ҳукумати Обама кӯшиш дорад, бо овардани фишор ба Русия барои фарохонии артишаш аз Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистон ва мутмаъин сохтани Гурҷистон, ки тақвияти нерӯҳои низомиаш роҳи ҳали дуруст нест, мувозинате ҳосил шавад.

"Гурҷистон намунаи демократия аст"

Дар посух ба савол дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Гурҷистон ва беэътиноии Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури собиқи Амрико ба ин масала Клинтон таъкид намуд, ки ҳукуматаш Гурҷистонро ҳамчун як давлатӣ демократӣ мебинад.

Ӯ гуфт: “Ин кишвар қобилият дорад намунаи бесобиқаи демократия ва рушд бошад. Ман инро дар тағироте, ки ҳар рӯз дар Гурҷистон ба амал меояд мебинам.”

Зимни боздидаш аз Арманистон, хонум Клинтон ба муҷассамаи ёдгории қурбониҳои қатли оми арманиҳо аз ҷониби туркҳои усмонӣ гулчамбар гузошта буд. Арманиҳои иддаъо доранд, ки замони ҷанги якуми ҷаҳон, туркҳои усмонӣ дастикам якуним миллион арманиро куштанд.

Бо вуҷуди ин, Клинтон аз истифодаи калимаи “ҳенотсид” дар назди омма худдорӣ намуд ва барои ин Шӯрои арманиҳои Амрико, вазири хориҷиро мавриди интиқод қарор дод.

Зимни маъракаи интихоботии соли 2008 Клинтон ва Обама ваъда дода буданд ки қатли оми арманиҳоро расман эътироф хоҳанд кард, аммо то ҳол ваъдаашонро иҷро накарданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG