Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол: 4 даста – дар 1/2 финал


Чаҳор дастаи миллӣ - Ҳолланд, Уругвай, Олмон ва Испониё ба даври ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, ки дар Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад, роҳ ёфтанд. Тимҳои Бразил, Гана, Аргентина ва Парагвай аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ маҳрум шуданд.


Натоиҷи бозиҳои 1/4 ниҳоӣ чунин аст:


2-юми июл. Порт-Элизабет. Варзишгоҳи “Нелсон Мандела Бей”. Ҳолланд– Бразил - 2:1 (0:1). Голҳо: С. Робинйо, дақиқаи 10-ум– Бразил, У. Снейдер, дақиқаҳои 53-юм ва 68-ум – Ҳолланд.

2--юми июл. Йоханнесбург. Варзишгоҳи “Соккер Сити”. Уругвай - Гана - 1:1 (аз рӯи пенолти 4:2). Голҳо: С. Мунтари, дақиқаи 45-ум - Гана, Д. Форлан, дақиқаи 55-ум - Уругвай.
А.Гян – Гана, дар дақиқаи 120-ум аз пенолти истифода карда натавонист.

3-юми июл. Кейптаун. Варзишгоҳи “Грин Пойнт”. Аргентина - Олмон - 0:4 (0:1). Голҳо: Т. Мюллер, дақиқаи 3-юм, М. Клозе, дақиқаҳои 68-ум ва 89-ум, А. Фридрих, дақиқаи 74-ум.

3-уми июл. Йоханнесбург. Варзишгоҳи “Эллис Парк”. Парагвай - Испониё - 0:1 (0:0). Гол: Д. Виля, дақиқаи 83-юм.
О.Кардосо – Парагвай дар дақиқаи 58-ум ва Х.Алонсо – Испониё дар дақиқаи 61-ум аз пенолти истифода карда натавонистанд.

Ба ин тартиб дар бозиҳои ниманиҳоӣ 6-уми июл Уругвай - Ҳолланд (соати 23.30 бо вақти Душанбе) ва 7-уми июл Олмон – Испониё (соати 23.30) рақобат хоҳанд кард.

Дастаҳои ғолиби даври ниманиҳоӣ рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ ширкат меварзанд. Дастаҳои мағлубшуда 10-уми июл барои ҷои 3-юм талош хоҳанд кард.

Бояд тазаккур дод, аз 7 тиме, ки дар муддати 80 сол ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтааст, танҳо 2 тим – Уругвай (1930, 1950) ва Олмон (1954, 1974, 1990) муборизаро барои дарёфти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 идома медиҳанд. 5 тими миллӣ, ки солҳои мухталиф барандаи Ҷоми ҷаҳон шудаанд – Бразил (5 бор - 1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё (4 маротиба -1934, 1938, 1982, 2006), Аргентина (2 бор - 1978, 1986), Инглистон (1966) ва Фаронса (1998) аз идомаи мубориза барои Ҷоми ҷаҳон-2010 маҳрум шуданд.

Давид Виля, бозигари Испониё, ки то ҳоло 5 гол задааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳон-2010 дар ҷои аввал мебошад. Мюллер (Олмон), Клозе (Олмон), Снейдер (Ҳолланд), Игуаин (Аргентина) ва Виттек (Словакия ) 4-голӣ ба самар расондаанд. Фабиану (Бразил), Суарес (Уругвай), Форлан (Уругвай) ва Донован (ИМА) 3-голӣ задаанд.
XS
SM
MD
LG