Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева - нахустин президенти зан дар минтақа


Роза Отунбоева ба унвони раисиҷумҳури давраи гузори Қирғизистон савганд ёд кард. Ӯ 59 сол дорад ва аввалин зани раҳбари давлат дар минтақаи Осиёи Марказист. Отунбоева гуфт, ки тамоми талоши худро барои татбиқи ҳокимияти қонун дар Қирғизистон сарф хоҳад кард.

Дар раъйпурсии рӯзи 27 -уми июн мирдуми Қирғизистон ҳамзамон бо ҷонибдории аз Қонуни асосии нави кишвар, аз номзадии Роза Отунбоева ба унвони раиси ҷумҳури давраи гузори Қирғизистон низ пуштибонӣ карданд. Ӯ то 31 декабри соли 2011 дар ин мақом кор хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Роза Отунбоева, раисиҷумҳури мунтахаби давраи гузори Қирғизистонро ба муносибати тайиди салоҳияташ дар ин мақом табрик кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо шодбош гуфтани хонум Отунбоева ҳамчунин хостори таъмини суботу амният ва сулҳи бардавом дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон шудааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, умедвор аст, бозгашти субот ва ҳокимияти қонун ба Қирғизистон имкони диҳад, ки муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя ва дӯст густариши бештар пайдо кунад.

Роза Отунбаева ант берди
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00


Сарнагунии Боқиев ва ҳукумати муваққат


Роза Отунбоева, дар пайи сарнагунии ҳукумати Қурмонбек Боқиев, тавассути эътирозгарони хашмгин дар рӯзи 7-уми апрели соли равон, ба ҳайси раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон ба курсии раҳбари ин кишвар нишаст.

Қурмонбек Боқиев дар пайи ҳаводиси 7 ва 8-уми апрел дар Бишкек ба ҷануби Қирғизистон рафт ва талош намуд ҳаракати ҷонибдоронашро роҳандозӣ кунад. Аммо баъдтар бо миёнҷигарии Қазоқистон, ки раёсати САҲА-ро бар ӯҳда дорад, аз қаламрави кишвараш ба ҷануби Қазоқистон рафт ва истеъфои худро эълон намуд.

Баъди чанд рӯз Қурмонбек Боқиев бо даъвати раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко вориди Минск шуд.

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, тасмими Белорус дар мавриди паноҳгоҳ додан ба раисиҷумҳурии сарнагуншудаи Қирғизистонро маҳкум карда буд.

Ҳаводиси Ӯш

Раъйпурсии Қонуни асосии Қирғизистон баъди ду ҳафтаи нооромиҳои ҷануби ин кишвар доир шуд. Дар рӯзҳои 11 ва12-уми июн дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон зоҳиран ихтилофи миёни узбакҳо ва қирғизҳо боиси низоъ ва хунрезӣ шуд. Дар натиҷаи ин низоъи қавмӣ ҳудуди 280 нафар кушта ва даҳҳо ҳазор нафари дигар ҳам маҷбур ба тарки маҳалли зисти худ шуданд.

Нигарониҳое вуҷуд дошт, ки бо таваҷҷӯҳ ба ташаннуҷи авзоъ дар ҷануби Қирғизистон ҳукумати муваққат дар баргузории раъйпурсӣ муваффақ нашавад.

Аммо рӯзи 27-уми июн ҳудуди 70 дарсади раъйдиҳандагон ба овоздиҳӣ рафтанд ва ҳудуди навад дарсади ширкаткунандагон дар овоздиҳӣ ба ҷонибдории Қонуни асосии нави Қирғизистон овоз доданд ва аз Роза Отунбоева ба ҳайси раисиҷумҳури давраи гузор пуштибонӣ карданд.

Қонуни асосии нави Қирғизистон ин кишварро нахустин ҷумҳурии порлумонӣ дар паҳнои Шӯравии пешин эълон кард. Акнун қарор аст, дар моҳи октябр бар асоси ин қонуни нав порлумони Қирғизистон интихоб шавад.
XS
SM
MD
LG