Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон ва Тошканд масоили роҳро баррасӣ карданд


Ҳамид Беҳбаҳонӣ, вазири роҳ ва таробарии Эрон
Ҳамид Беҳбаҳонӣ, вазири роҳ ва таробарии Эрон

Ҳамид Беҳбаҳонӣ, вазири роҳ ва таробарии Эрон, бо Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазир ва вазири молияи Ӯзбакистон, масоили мавҷуд дар ҳамкорӣ дар ин арса ва транзити қаторҳо аз қаламрави ду кишварро баррасӣ кардааст.

Сарчашмаҳои расмии Узбакистон тафсилоти дидор ва гуфтугӯи вазири роҳи ва таробарии Эрон бо сарвазири Узбакистонро нашр накардаанд. Вале таҳлилгарони тоҷик тахмин мезананд, ки масъалаи манъи қаторҳои Тоҷикистон дар ҳудуди Узбакистон яке аз мавзӯъҳои аслии мулоқот дар Тошканд аст.

Чанде пеш Ҷумҳурии исломи Эрон ба Ӯзбакистон ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамчунон нигаҳ доштани қаторҳои эронии озими Тоҷикистон дар қаламраваш бо Ӯзбакистон чунин рафтор хоҳад кард. Ҳаррӯза то 150 қатори Узбакистон аз тариқи роҳҳои оҳани Эрон ба Халиҷи Форс мерасад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Ӯзбакистон то кунун садҳо қатори кишварро дар қаламраваш нигоҳ медорад ва дар миёни он қаторҳои зиёди тоҷирони эронӣ ва ҳамчунин масолеҳи лозим барои нерӯгоҳи “Сангтӯда–2” низ будааст, ки Эрон дар Тоҷикистон месозад.

Ба иттилои хабаргузории расмии “ИРНА”, дар ин мулоқот дар шаҳри Тошканд Ҳамид Беҳбаҳонӣ гуфтааст, “бо даст ба даст додан, ба ҳамдигар мо метавонем, ин масоилро ҳал кунем, балки метавонем, корҳои бузургтареро анҷом диҳем.”

Рустам Азимов аз вазири эронӣ хостааст, то таруфаҳои нақлиётӣ барои молу колои эрониро коҳиш диҳад. Хабаргузории "ИРНА" мегӯяд, Ҳамид Беҳбаҳонӣ ҳамчунин бо тоҷирони эронии муқими Ӯзбакистон дидор карда ва бо мушкилоти онҳо дар заминаи ҳамлу нақл ошно шудааст.

Каримов ба вагонҳои Роғун иҷозаи убур надод

Ҳушдори Эрон ба Тошканд дар мавриди вагонҳои Тоҷикистон

Таҳдиди Эрон ба Узбакистон натиҷа дод
XS
SM
MD
LG