Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш дастаи миллӣ - Уругвай, Гана, Олмон, Аргентина, Ҳолланд ва Бразил ба даври чаҳорякниҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, ки дар Африқои Ҷанубӣ ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

Ду дастаи дигари ширкаткунандаи бозиҳои чаҳорякниҳоӣ дар бозиҳои 1/8 ниҳоӣ рӯзи 29-уми июн муайян хоҳанд шуд. Вале тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Инглистон, Мексика, Словакия ва Чили аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум шуданд.

Натоиҷи 6 бозии 1/8 ниҳоӣ чунин аст:

26-уми июн. Порт-Элизабет. Варзишгоҳи “Нелсон Мандела Бей”. Уругвай – Кореяи Ҷанубӣ - 2:1 (1:0). Голҳо: Л. Суарес, дақиқаҳои 8-ум ва 80-ум – Уругвай, Ли Чун Юн, дақиқаи 68-ум - Кореяи Ҷанубӣ.

26-уми июн.
Рюстенбург. Варзишгоҳи “Роял Бафогенг”. ИМА - Гана - 1:2 (0:1, 1:1, 1:2). Голҳо: К. Боатенг, дақиқаи 5-ум, А. Гаян, дақиқаи 93-юм - Гана, Л. Донован, дақиқаи 62-юм, пенолти -ИМА.

27-уми июн. Блумфонтейн. Варзишгоҳи “Фри Стейт”. Олмон - Инглистон - 4:1 (2:0). Голҳо: М. Клозе, дақиқаи 20-ум, Л. Подолски, дақиқаи 32-юм, Т. Мюллер, дақиқаҳои 68-ум ва 70-ум – Олмон, М. Апсон, дақиқаи 37-ум - Инглистон.

27-уми июн. Йоханнесбург. Варзишгоҳи “Соккер Сити”. Аргентина - Мексика - 3:1 (2:0). Голҳо: К. Товес, дақиқаҳои 26-ум ва 52-юм, Г. Игуаин, дақиқаи 33-юм - Аргентина, Х. Эрнандес, дақиқаи 71-ум -Мексика.

28-уми июн.
Дурбан. Варзишгоҳи “Морес Мабида”. Ҳолланд - Словакия - 2:1 (1:0). Голҳо: А. Роббен, дақиқаи 18-ум, У. Снейдер, дақиқаи 84-ум - Ҳолланд, Р. Виттек, дақиқаи 90-ум, пенолти – Словакия.

28-уми июн. Йоханнесбург. Варзишгоҳи “Эллис Парк”. Бразил - Чили - 3:0 (2:0). Голҳо: Б. Жуан, дақиқаи 34-ум, Л. Фабиану, дақиқаи 38-ум, С. Робинйо, дақиқаи 59-ум – Бразил.

Ба ин тартиб дар се бозии чаҳорякниҳоӣ рӯзи 2-юми июл Ҳолланд – Бразил (соати 19 бо вақти Душанбе) ва Уругвай – Гана (соати 23.30), 3-юми июл Аргентина - Олмон (соати 19.00) рақобат хоҳанд кард.

Дар даври 1/8 ниҳоӣ боз ду бозии дигар баргузор мешавад:

29-уми июн:
Парагвай – Ҷопон, 19.00
Испониё – Португол, 23.30

Ду дастаи ғолиб ба даври чаҳорякниҳоӣ, ки рӯзи 3-юми июл соати 23.30 баргузор мешавад, роҳхат мегирад. Сипас рӯзҳои 6-уму 7-уми июл бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд. Бозӣ барои ҷои 3-юм 10-уми июл барпо мегардад.

Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 1930 то инҷониб ҳамагӣ 207 тими миллӣ ширкат кардааст ва 7 даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Бразилия аз ҳама бештар – 5 бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё 4 маротиба (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон 3 бор (1954, 1974, 1990), Аргентина (1978, 1986) ва Уругвай (1930, 1950) дуборӣ, Фаронса (1998) ва Инглистон (1966) якборӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.
XS
SM
MD
LG