Пайвандҳои дастрасӣ

Шоиста Мулоҷонова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва сарояндаи таронаҳои классикии тоҷик, ки солҳои ахир дар Ню-Йорки Амрико ба сар мебурд, бар асари як бемории вазнин дар бемористон даргузаштааст.

Якчанд рӯз пеш аз шаҳри Ню-Йорк хабар расида буд, ки ин овозхони саршиносро дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол додаанд ва пизишкон вазъи ӯро сангин номидаанд.

Наздикони хонум Мулоҷонова гуфтаанд, ки маросими дафни ӯ соати 9-и имрӯз ба вақти Ню-Йорк баргузор мешавад.

Шоиста Мулоҷонова, собиқ устоди Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода, соли 1925 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми Консерваторияи Маскав вай солҳои зиёд дар Театри академии опера ва балети ба номи Айнӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

Вай дар солҳои гуногун бо барномае аз таронаҳои классикӣ ва мардумӣ ба даҳҳо кишвари дунё сафар ва аз ҳунари тоҷик намояндагӣ кардааст. Ҳунаршиносон овози Шоиста Муллоҷонова - сопранои лирикиро яке аз навъҳои нодир арзёбӣ кардаанд.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ аз Рафоэл Некталов-сардабири нашрияи "Бухариан Таймс" нахуст дар бораи ин даргузашт пурсидам:

- Дирӯз соати 4-и рӯз Шоиста Муллоҷонова аз дунё гузаштанд, дар шифохонаи Ла Гвардия, дар бемористони яҳудиҳо дар қисмати Квинси нию Йорк. Он кас 85-сола буданд. Мо ният доштем, ки 3-юми сентябри ҳамин сол 85-солагипшонро ҷашн гирем. Халқамо омодагӣ мегирифт.

- Оё солҳои ахир беморие доштанд?

- Ин кас беморӣ надоштанд. То ҳамин 9-ӯми май дар ёдам ҳаст, ба сафоратхонаи Русия рафта будем. Дар ҳамон ҷо консерти 65-солагии "День Победы" буд. Дар ҳамин ҷашн таронаи "Иди Зафар"-ро хонданд. 65 сол пеш ҳамин кас 2-юми май ҳамин таронаро дар радиои Тоҷикистон хонда буданд. Дар сафорат ҳамин сурудро ба забони тоҷикию русӣ хонданд ва халқ аз ҷояш хесту ҳайрон шуд, ки ин зани аз 80 гузаштагӣ чӣ хел овози зӯр доранд ва ҳоло ҳам ҳамин хел мехонанд. Худашон ҳам ба ман гуфтанд, ки "Рафикҷон, ман ҳамин хел, то ман хонда метавонам, ман ҳастам. Агар нахонам, нестам". Ман бо Шоиста-апа наздик будам, дар бораи он кас китоб навишта будам. Номи китоб ба забони русӣ "Рожденная петь". Мо бо ҳамин китоб 5 сол пеш ба шаҳри Душанбе рафта будем. Он вақт 80-солагии шаҳри Душанбе буд.

- Шоиста Муллоҷонова дар ҳамон ҷо ҳам хонда буданд?

Ҷавоб: Вақте, ки ин кас ба саҳна баромаданд, одман аз ҷояшон хеста 3-минут қарсак заданд, ҳатто 3-минут не, 5-минут, дар ёдам ҳаст. Ман гиря кардам, одамон ҳам гиря карданд ва гуфтанд, ки Шоиста ба Душанбе омадааст. Ин кас хеле дӯстдори Тоҷикистон буданд. Тоҷиконро ҷудо нағз медиданд, Тоҷикистонро нағз медиданд. Фақат дар ҳар ҷо мегуфтанд, ки ман Артисти Халқии Тоҷикистон ҳастам.

- Ҷаноби Некталов, ин кас солҳои ахир бо чӣ кор машғул буданд, дур аз Ватан, дар Нию Йорк дар муҳите, ки аз мухлисонашон дур шуда буданд? Албатта, мухлис доштанд вале шумораи зиёди мухлисонашон дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон монда буданд.

Ҷавоб: Ин кас соли 1990-ӯм аз Тоҷикистон, аз СССР баромаданд. Ба Амрико омада як рӯз дар хона нанишастаанд. Фақат консерт медоданд. Дар кишварҳои дигари дунё ҳам. Дар Америка дар фестивалҳои "Музыка Азии" ё Рӯзҳои Тоҷикистон ва мисли он. Ин кас сафири санъати Тоҷикистон дар Америка буданд.

- Яъне мо метавонем бигӯем, ки ба воситаи Шоиста Муллоҷонова таронаҳои тоҷикӣ ҳамеша дар саҳнаҳои ҳунарии Амрико садо медод ва ба мухлисон пешкаш мешуд?

Ҷавоб: Дар Канада ҳам. Дар Австрия, дар Исроил, дар Голландия, дар Полша, дар Фаронса, дар Маскав. Дар ҳама ҷо сурудҳои тоҷикиро пешкаш мекарданд. Ин кас патриоти калони Тоҷикистон буданд. Имрӯз соати 9-и пагоҳӣ, баъди се соат дар қабристони Швартс Бразерз он касро ба хок месупоранд.

Аз соати 9 то соати 12 панихида мешавад. Ҳама артистони номдор, Малика Калонтарова, фарзанди Барно Исҳоқова Рафаэл Бадалбоев, Рушел Амнов-писари Нирё Аминов, Рушел Рубинов, Рошел Бараев, аброн Толмасов ва дигарон ҳама меоянду мехонанд ва бо мусиқиву гиря Шоиста-апаро ба роҳи охират гусел мекунанд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG