Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Обама ва Медведев


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дар Кохи Сафед масоили гуногун, аз ҷумла, сатҳи равобити миёни ду кишвар, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, авзоъ дар Қирғизистону Афғонистонро баҳсу баррасӣ карданд.

Ба иттилоъи расмӣ, бар асари гуфтушунид нӯҳ изҳороти муштарак қабул шуд.

Дар нишасти хабари муштарак дар Вашингтон, ки ба думболи музокирот доир шуд, Барак Обама ба таҳкими равобити миёни Амрикову Русияв дар чанд моҳи ахир ишора кард ва ҳамзамон гуфт, ки Маскаву Вошингтон ҳанӯз ҳам дар чанд мавзӯъ, аз ҷумла, дар робита ба авзоъ дар Гурҷистон, ихтилофи назар доранд.

Ӯ афзуд, ки ИМА ва Русия “ҳамкорӣ дар мубориза бо ифротгароии хушунатомезро тақвият бахшиданд, зеро террористҳо ба ҳарду кишвар таҳдид мекунанд, хоҳ дар Таймс-сквер бошад, хоҳ дар Маскав. Ва мо тасмим гирифтем, ки ҳамкорӣ дар бахши кашфу иттилоот ва муқовимат бо терроризмро густариш диҳем”.

Монеъаҳои тиҷоратӣ бартараф хоҳанд шуд

Аз нигоҳи коршиносон, соли гузашта ду кишвар талоши эҳёи равобити сиёсиро доштанд, имсол бошад ба назар мерасад, ки Вошингтону Маскав тамоюл ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ доранд. Сарони Амрикову Русия ба ҳайатҳои худ тавсия доданд, ки то охирҳои моҳи сентябри соли равон ҳамоҳанг сохтани масоили марбут ба шомил шудани Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро анҷом диҳанд. Вошингтону Маскав ҳамчунин дар мавриди аз байн бурдани монеъаҳо дар роҳи вуруди тавлидоти амрикоӣ ба бозори Русия созиш ҳосил карданд.

Медведев: СПАД ба мушкили Қирғизистон расидагӣ мекунад

Барак Обама ва Дмитрий Медведев ҳамчунин авзоъ дар Қирғизистонро баррасӣ карданд. Онҳо дар мавриди ҳамоҳанг сохтани интиқоли кумаки башарӣ ба ин минтақаи ҷангзада ба мувофиқа расиданд. Раисиҷумҳури Русия дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки ба он Қирғизистон низ шомил аст, дар эътидоли авзоъ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ саҳм мегирад.

Ба гуфтаи ӯ, “Котибони Шӯроҳои амнияти миллӣ ин қазияро баррасӣ карданд ва аз ҷумла, мавзӯъи эъзоми нерӯҳои посдори сулҳро низ. Алҳол барои ин ниёзе ба чашм намерасад, ва аммо вазъ метавонад ҳаргуна тоб хурад, аз ин рӯ, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ, албатта, ба ин мушкил расидагӣ хоҳад кард”.

Дмитрий Медведев афзуд, ки дар сурати зарурат, ӯ ҳамчун раиси СПАД метавонад “ҳар лаҳза ҷаласаи Шӯрои Котибони Шӯроҳои амнияти миллӣ ва ё ҳатто нишасти сарони кишварҳои узви ин созмонро даъват кунад”.

Обама: Як сол баъд ба тарки Афғонистон шурӯъ мекунем

Барак Обама ва Дмитрий Медведев дар музокирот дар Кохи Сафед сари қазияи Афғонистон ҳам тамаркуз карданд. Раисиҷумҳури ИМА дар нишасти хабарӣ, тасмими кишвараш барои шурӯъи хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон баъд аз тақрибан як соли дигарро тайид кард.

Ӯ гуфт: “Мо моҳи июли соли 2011 хуруҷи низомиёнамонро шурӯъ мекунем ва аммо ин маънои онро надорад, ки дар қаламрави ин кишвар яку якбора ягон сарбоз, сарбози амрикоӣ ё сарбози кишварҳои ҳампаймон боқӣ нахоҳад монд. Ин раванд идома хоҳад ёфт ва муҳим он аст, ки ҳукумати Афғонистон ҳарчӣ бештар масъулияти таъмини амният дар кишварро бар дӯши худ бигирад".

Дмитрий Медведев изҳор намуд, ки Маскав аз талошҳои Амрико барои эҳёи Афғонистон пуштибонӣ мекунад ва ба кумаки Иёлоти Муттаҳида ба мардуми афғон арҷ мегузорад.

Дар нишасти хабарӣ сарони ду кишвар ҳамчунин эълом доштанд, ки дар мавриди тақвияти таҳримҳо алайҳи Кореяи Шимолӣ ва Эрон ба созиш расидаанд.
XS
SM
MD
LG