Пайвандҳои дастрасӣ

Бино ба гузориши ахири СММ шумораи муътодони маводи мухаддир дар Афғонистон дар панҷ соли охир то 75 дар сад афзоиш ёфта, теъдоди умумии истеъмолкунандагони маводи мухаддир дар кишвар 1 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Бар пояи ин пажӯхиш, 8 дар сади аҳолии Афғонистон аз вобастагӣ ба маводи мухаддир азият мекашанд ва ин қариб ду баробар бештар аз нишондодҳои миёнаи кишварҳои ҷаҳон аст.

Муаллифони гузориши СММ эътиёд ба маводи мухаддирро “умдатарин” мушкили Афғонистон хонданд.

Гуфта мешавад, ки ҳамагй 10 дар сади истеъмолкунандагони маводи мухаддир ба ёрии тиббй дастрасй доранд, дар ҳоле, ки 90 дар сади истеъмолкунандагони маводи мухаддири дар назарпурсӣ ширкатварзида, иқрор карданд, ки ба ин гуна кӯмак ниёзманданд.

Дафтари СММ оиди мубориза бо ҷиноёти муташаккил ва маводи мухаддир дар пояи пажӯҳиши соли 2010 гуфтааст, ки дар Афғонистон ҳадди ақкал 350 ҳазор нафар муьтоди ашадӣ ба ҳероин ва кӯкноранд. Аз ин пеш хамин гуна назарсанҷӣ соли 2005 баргузор шуда буд.

"Полиси муътод"

Роберт Воткинс, фиристодаи СММ дар Афғонистон гуфт, ки вобастагии сахт ба маводи мухаддир миёни кормандони полиси маҳаллӣ низ зиёд мушоҳида мешавад:

“Мояи нигаронии шадиди дигаре барои мо воқеъияти он аст, ки мизони истеъмоли маводи мухаддир миёни неруҳои полис бисёр баланд аст. Ин нишондод дар вилоятҳои гуногун аз якдигар фарқ мекунад”.

Беш аз нисфи кӯкнори Афғонистон, ки манбаъи аслии тавлиди ҳероин мебошад, дар вилояти ҷанубии Ҳилманд парвариш мешавад. Дар ин вилоят, ба хусус, ошӯбгарони ҷумбиши “Толибон” бениҳоят фаъоланд.

Дар гузориш гуфта шудааст, ки нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ба хотири аз байн бурдани парвариши хашхош ва корхонаҳои тавлиди ҳероин пайваста амалиёт доир мекунад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG