Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як боди сард дар равобити Маскав ва Минск


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва раиси ширкати Газпром Алексей Миллер ҳини баррасии масъалаи қарзи Беларус

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ва раиси ширкати Газпром Алексей Миллер ҳини баррасии масъалаи қарзи Беларус

Мақомоти Маскав ва Минск натавонистанд дар бораи пардохти қарзи Беларус ба тавофуқ расанд. Русия таҳдид кардааст, ки интиқоли газ ба кишвари ҳамсояашро 15 дарсад ва тадриҷан бештар аз ин коҳиш хоҳад дод.

Алексей Миллер, раиси "Газпром"-и Русия, дар бораи коҳиши тадриҷии интиқоли газ ба Беларус дар як дидораш бо раисиҷумҳури Русия эълон кард. Миллер дар ин мулоқот гуфт,

"5 рӯз мӯҳлати додашуда ба Беларус барои пардохти қарзҳояш аз Русия ба поён расид. Қарзҳо пардохт нашуданд ва аз 21-уми июни соли 2010 аз соати 10-и қабл аз зуҳр ҳар рӯз интиқоли гази Русия ба Беларус 15 дарсадӣ коҳиш хоҳад ёфт".

20-уми июн Беларус як ҳайат ба Маскав фиристод, то музокирот идома ёбад ва Дмитрий Медведев ба Газпром дастур дод, ки музокиротро идома диҳанд. Бо вуҷуди ин, Маскав дар ин замина мавзеъгирии ҷиддӣ эълон кардааст ва гуфтааст, ки барои қарз танҳо пули нақд мегирад.

Ҳушдори Медведев ба Минск

Медведев дар мулоқоташ бо Миллер гуфт, "онҳо бояд тибқи қарордод пардохт кунанд. Дар қарордод омадааст, ки пардохт бо асъори қавии хориҷӣ сурат мегирад. Тағйироти дигар ба қонуни мо дар бораи асъор мутобиқат намекунад. Газпром наметавонад чизи дигаре қабул кунад, на панир, на равған, на пирожки ва на блинчик. Ҳамкорони беларуси мо бояд инро дарк кунанд".

"Гарзпром"-и Русия мегӯяд, ҳоло Беларус барои истифодаи газ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 192 миллион доллар қарздор аст ва Беларус тибқи қарордод барои ҳар 1000 метри мукааб газ бояд дар семоҳаи аввал 169 долларӣ пардохт мекард. Вале 150 долларӣ пордохт кардааст. Дар семоҳаи дуввум нархи ҳар 1000 метри мукааб боло меравад ва ба 185 доллар мерасад.

Посухи Лукашенко

Дар посух ба чунин рафтори Русия Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, гуфт, равобити наздики миёни ин ду кишвар барои масъалаи бархоста зери суол рафтааст:

"Онҳо нархи газро барои Украина 30 дарсад поин бурданд. Ахиран ҳам гуфтанд, ки нархи газро барои Маҷористон поин мебаранд. Вале чаро тасмим гирифтаанд, ки барои мо нархи газро 30 дарсад боло баранд? Мо ба Русия даромади зиёд медиҳем, масалан колоҳои низомӣ. Барои ҳамин онҳо набояд дар муносибот бо Беларус чунин рафтор кунанд. Русияву Беларус аз ин муомила даромади зиёд намегиранд, вале мумкин аст хеле чизҳоро аз даст диҳанд".

Интиқоми Маскав аз Минск?

Аммо ин масъала решаҳои дигар дорад ва ахиран муносиботи миёни ин ду кишвар рӯ ба сардӣ овард. Моҳи гузашта Русияву Қазоқистон ба тавофуқ расиданд, ки тарҳи ташкили Иттиҳоди гумрукиро дар танҳоӣ иҷро кунанд. Дар ин тарҳ Беларус низ шомил буд. Маскав аз ин масъала низ розӣ нест, ки Минск ба Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон, паноҳандагӣ додааст.

Хати аслии гази Русия ба кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Ғарбӣ аз қаламрави Беларус мегузарад. Ҳудуди 20 дарсади содироти гази Русия аз ин роҳ сурат мегирад. Ба ҳамин далел Русия билофосила кишварҳои аврупоиро ором кард, ки маҳдудияти интиқоли газ ба Беларус ба кишварҳои аврупоӣ асар нахоҳад гузошт.

Русия мегӯяд, барои таъмини Аврупо бо газ лӯлаҳои Украина тавони интиқоли гази кофиро доранд. Чунин ихтилоф бо Украина дар оғози соли 2009 сабаби ду ҳафта қатъ шудани гази Русия ба кишварҳои Аврупо шуда буд.
XS
SM
MD
LG