Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Обама аз пайомадҳои фалокати нафтӣ


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи гузашта дар муроҷиат ба мардуми Амрико аз паёмадҳои фалокати нафтӣ дар Халиҷи Мексика ва талошҳои ҳукуматаш барои рафъи ин вазъ иттилоъ дод.

Обама ба вижа гуфт бар асари ин фалокат иқтисоди соҳаи моҳидорӣ, саёҳӣ ва хадамоти маишии аёлатҳои воқеъ дар соҳили халиҷ аз ихроҷи нафт осеби ҷиддӣ дидаанд. Обама қавл дод, ки рӯзи чаҳоршанбе бо раҳбарияти ширкати Бритиш Петролиум мулоқот ва аз онҳо талаб хоҳад кард, ки тамоми хисороти коргарон ва соҳибони корхонаҳои хусусиву давлатиро ҷуброн кунад. Бо ин ҳадаф, гуфт раҳбари Амрико, Бритиш Петролиумро зарӯр аст, ки бо таҳияи сандуқи вежа саромяии зарӯриро ба он интиқол диҳад.

Обама гуфт, ки аз Рей Мейбас вазири дарёгардии Амрико хостааст дар зудтарин фурсат як барномаи дарозмуддати рафъи паймадҳои резиши нафтро таҳия кунад. Барои ин Рей Мейбас бояд бо соҳибони ширкатҳои моҳидорӣ, соҳибони меҳмонсаройҳо, ҳукуматҳои маҳалӣ ва хадамоти ҳифзи муҳити зист машваратҳо доир намояд.

Талаби хисорот аз Бритиш Петролиум

Обама таъкид кард, ки Бритиш Петролиум бояд масъулияти ҷуброни хисоротро бар душ бигирад: “Мо Бритиш Петролиумро водор хоҳем кард он хисороти воридкардаи худро ҷуброн кунад. Мо барои кумак ба табиати соҳили халиҷи Мексика ва аҳолии он тамоми кушишро ба харҷ хоҳем дод”.

Обама бори дигар ёдовар шуд, ки кишвараш 20 дар сади нафти тамоми ҷаҳонро истеъмол мекунад ва аммо дар қаламраваш ҳамагӣ 2 дар сади нафт истихроҷ мешавад. Ва дар ҳоле ки манобеъи нафт дар заминҳои хушк ва обҳои наздик ба соҳилҳо коҳиш ёфтааст, ширкатҳо нафтро дар жарфи баҳру уқёнусҳо ҷустуҷу мекунанд, ки хатар дорад. Обама ваъда дод ки ба истихроҷи нафт дар жарфи дарёҳо мараториум ҷорӣ хоҳад кард ва бори дигар гуфт, ки Амрико бояд ба манобеъи алтернативии энержи гузарад.

Ин ҳам дар ҳолест, и бино ба иттилоъи ширкати Бритиш Петролиум баъд аз насби кулоҳаки махсус болои чохи рахнашудаи нафт, 3 июн наздик ба 150 ҳазор бушка нафт аз обҳои халиҷ кашида шуд. Аммо резиши ҳазорон бушка нафт ба обҳои халиҷи Мексика идома дорад ва бартараф шудани рахна то моҳи август имкон надорад.
XS
SM
MD
LG