Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садое, ки барои ҳамеша дар дилҳо нишаст


Дӯстмурод Алӣ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки аз марги ӯ инак беш аз 20 сол сипарӣ мешавад, агар умр вафо мекард, 60-сола мешуд. Овози форам, одамияти баланд ва гузашта аз ин хоксорию саховатпешагӣ аз амалҳоест, ки дар хотироти наздикону пайвандон ва ихлосмандони ҳунараш боқӣ мондааст.

Ҳанифа Алиева завҷаи Дӯстмуроди Алӣ мегӯяд, вақте ҳамсараш аз дунё гузашт ӯ ҳамагӣ 34 сол дошт ва бо ҳашт фарзанд дар чаҳорсӯи зиндагӣ ҳайрон монд.

Хонаводаи Дӯстмуроди Алӣ, ин овозхони маҳбуб ва сермухлис дар деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзобод зиндагии хоксорона дорад. Мисли оилаҳои дигар, ки ба ҳазор шикасту рехти зирндагӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Хонуми Ханифа, ки яквақтҳо ҳамсояҳо ба зиндагии серу пури ӯ ҳавас мекарданд акнун дар корхонаи мурғпарварӣ кор мекунад ва се моҳ боз маош нагирифтааст.

Аммо ӯ аз ин сахтиҳо шикоят надорад ва мегӯяд, зиндагии онҳо қатори дигарон ба навъе мегузарад. Хонуми Ҳанифа аз он ғамгин аст, ки дар ду соли ахир бори дуввум аст, ки нимпайкараи ҳамсари ҷавонмаргаш, Дӯстмуроди Алӣ болои манзили охираташ тахриб шуда ба равони хонаводаи ӯ таъсири амиқ гузоштааст.

Ҳанифа Алиева мегӯяд баробари шунидани ин хабари шум чанд рӯз бемори бистарӣ шуд. Бародари калонии Дӯстмурод, Раҷабмурод Алиев мегӯяд, то кунун ниҳодҳои интизомӣ натавонистаанд масъули ин тахрибкориҳоро ошкор ва муҷозот кунанд. Раҷабмурод Алиев мегуяд, вақте нимпайкараи Дӯстмуродро бори аввал тахриб карданд, ихлосмандони ҳунури ӯ ва ёру дӯстон онро дубора бунёд ва рӯи қабри овозхони шодравон насб карданд. Хонаводаи Дӯстмурод дар бораи тахрибгарони нимпайкараи овозхон тахминҳое доранд, аммо дар ин бора намехоҳанд лаб кушоянд.

Дӯстмуроди Алӣ аз овозхонҳои солҳои шинохтаи тоҷик буд, ки бо садои бисёр ширин ва таронаҳои пурмаъни қалби ҳазорон мухлисро тасхир карда буд. Ӯ дар пайи маризии мармузе аз дунё чашм пӯшид. Баъзеҳо сабаби марги ӯро ба вуҷуди партовгоҳҳои ҳаставӣ дар ноҳияи Файзобод марбут кардаанд. Гуфта мешуд, ки бархе аз аҳолии атрофи партовгоҳҳо ҳамагӣ аз маризиҳои шабеҳи якдигар аз олам гузаштаанд.

Майрам Мирзоева, як сокини ноҳияи Файзобод, мегӯяд, ҳунари Дӯстмуроди Алӣ нотакрор аст ва ӯ танҳо як фарзанди Кабкрез нест, ӯ мутааллиқ ба тамоми Тоҷикистон аст. Вақте аз хонум Мирзоева дар бораи шикаста шудани нимпайкараи шодравон Дустмуроди Алӣ пурсидам, гуфт дар ин бора наметавонад сухан кунад. Бархе ҳадс мезананд, ки вуҷуди нимпайкара дар рӯи гӯри овозхон баъзе афроди мазҳабиро норроҳат карда буд.

Рӯзгори Дӯстмуроди Алиро бародараш Раҷабмурод як китоби зиндагӣ арзёбӣ мекунад, ки пур аз хотираҳост. Ӯ гуфт ҳаводорони ҳунари додараш дар Афғонистону Эрон ва Самарқанду Бухоро кам набуданд ва як сафари онҳо ба мавзеи Оқсойи Самарқанд боиси оштии мардуми ду маҳал ва таҳкими дӯстии тоҷикону узбекон гашта буд.

Раҷабмурод мегӯяд бародараш то он қадар овози ҷазобу ширин дошт, ки барояш баландгӯяк даркор набуд ва ҳатто боре ба хотири озмоиш дар яке аз маъракаҳо барқро хомуш мекунанд, вале ҳамон лаҳни хуши борбадии Дустмурод бидуни микрофон ҳамагонро дар он шаб тасхир мекунад. Раҷабмурод мегӯяд бародараш мактаби хоси худро дошт ва ғайри қобили тасаввур бо гузашти 20 сол аз марги ӯ ҷавонон аз ӯ мухлисӣ мекунанд.

Раҷабмурод ҳамчунин гуфт эҷодиёти Дӯстмурод домани густарда дошт ва ӯ дар тӯли умри кӯтоҳ беш аз 200 тарона офаридааст. Аммо аз Дӯстмурод дар фонди тиллои радиои точик танҳо 25 суруд боқӣ мондааст.

Аз аҳли ин хонавода танҳо писараш Наврӯз ва наберааш Замон аз пайраҳаи падар рафтаанд, то чароғи Дӯстмуроди Алиро дар дар саҳнаи овозхонӣ фурузон нигаҳ доранд. Вале бо гузашти 20 сол аз марги Дустмуроди Алӣ ҳамоно овози ӯ дар фитаҳо сабт ва дар дохили худравҳо ва нуқтаҳои сабти овоз шунида мешавад, овозе, ки назир надошт ва роҳи дилҳоро ба осонӣ пайдо мекард.
XS
SM
MD
LG