Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳаводиси хунбори ахир дар ҷануби Қирғизистон шабоҳати зиёде ба рӯйдодҳои хунини соли 1992-и Тоҷикистон дорад ва нишонаҳое аз оғози як ҷанги шаҳрвандӣ дорад.

Ин таҳлилгарон мӯътақиданд, ки ҳаводиси Қирғизистон таъсири манфие ба Тоҷикистон низ хоҳад гузошт.

Бахтиёр Мӯсоев, таҳлилгари тоҷик, бар ин назар аст, ки Тоҷикистонро мебояд дар зудтарин фурсат хати марз бо Қирғизистонро таҳким бахшад, чун дар пайи даргириҳои Ӯш эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба навоҳии марзии Тоҷикистон вуҷуд дорад.

"Тоҷикистон бояд марзи хуро тақвият кунад"

Ба андешаи ҷаноби Мӯсоев, чанд соли қабл бар асари муташанниҷ шудани авзоъ дар кишвари ҳамсоя, гурӯҳи созмонёфтае марбут ба Ҷумъаи Намангонӣ марзи Тоҷикистонро убур карда ва мушкили зиёде барои мақомот ва мардуми маҳаллӣ эҷод карда буд.

Бахтиёр Мӯсоев: «Дар ҳоле ки яке аз намояндагони ҳукумати муваққати Қирғизистон дар изҳороти худ ба расонаҳо гуфтааст, ки бисёре аз силоҳбадастон дар Ӯш ба забонҳои ғайриқирғизӣ, ғолибан ба лаҳҷаҳои форсию дарӣ сӯҳбат мекарданд, фикр мекунам, ки дар ҳамин ҳодисаҳо ҳамчунин созмонҳои террористӣ ва ҷинояткоре, ки аз ҷумла дар Афғонистону Покистон ҳастанд, манфиатдоранд ва аз вазъи муташанниҷ ва идоранашавандаи вилояти Ӯш метавонанд сӯйиистифода кунанд. Онҳо умуман, дар ташаннуҷи авзоъ дар тамоми минтақа манфиатдоранд, чун тамоми наркотраффик аз роҳи Осиёи Марказӣ то ба бозори сиёҳи Русияву Аврупо амалӣ мешавад. Агар ҳам вазъ дар ин кишвар идоранашаванда шуд, интиқоли маводи мухаддир ва аслиҳа осон мешавад...»

Шиддат гирифтани авзоъ дар Қирғизистон, бавижа дар рӯзҳои баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ба иддаои коршиносон, гувоҳи он аст, ки дар ҳаводиси ҷануби Қирғизистон ҷониби саввум, ғолибан кишвари бегона, даст дорад.

"Савдои Амрико ва Русия бар сари минтақа"

Коршинос Хилватшоҳи Маҳмуд мегӯяд, рӯйдодҳои ахир дар Ӯши Қирғизистон идомаи мантиқии ҳаводиси моҳи апрелии он кишвар буда, агар ҳам дар он дасти кишвари бегона эҳсос мешавад, бештару пештар аз ҳама Русия дар чунин шакл гирифтани авзоъ манфиатдор ба назар мерасад.

Хилватшоҳи Маҳмуд: «Агар дар Қирғизистон вазъият то чи қадар ноором боқӣ бимонад ва кашмакашиҳои сиёсӣ давомдор шавад, доираи фаъолияти сиёсию низомӣ ва иқтисодии Русия дар он кишвар болотар меравад. Ва ин ки захмишудаҳои ҳаводиси Ӯшу Ҷалолобод ба бемористонҳои Русия интиқол дода шуда, он ҷо муолиҷа мешаванд, бори дигар собит месозад, ки дар Қирғизистон авзоъ ба нафъи Русия мебошад. Русия ба ин восита мехоҳад рӯйи ҳадафҳои мардумӣ ва принсипҳои демократия дар Қирғизистон хат бизанад, то дар ин кишвар ҳузури муассир дошта бошад. Ва инро амалкарди ахири Русия алайҳи Эрон, ки он кишварро шарики боэътимоду стратегии худ мехонд, аммо ба қатъномаи Шӯрои амнияти СММ бар зидди Эрон имзо кард, собит мекунад, ки Русия дар ҳар кишваре фақат бар нафъи худ ва ба хотири стратегия ё дурнамои муфид барои худро пиёда кардан кор мекунад...»

Ба андешаи ҷаноби Маҳмуд, ҳамакнун Русия, ки бо қудратҳои ғарбӣ ба тавофуқи ғайрирасмие расидааст, пас аз имзои қатъномае алайҳи Эрон, гӯё «ҳуқуқ» пайдо кардааст, дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ барои таъсир ва ҳузури бештар пайдо кардан талош варзад.

Кӣ мехоҳад дар Қирғизистон ҷанги дохилӣ шавад?

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати мегӯяд, ки доираҳои муайяне феълан мехоҳанд дар Қирғизистон ҷанги шаҳрвандӣ сар бизанад ва барои расидан ба ин ҳадаф тарҳҳое ҳам рӯйи даст доранд.

Муҳаммадалӣ Ҳайит: «Ҷанги шаҳрвандӣ дар Қирғизистон на ба манфиати Узбакистон ва на Тоҷикистон аст. Чун ҳар қадар, ки нооромиҳо зиёд шавад, доираҳо ё нерӯҳои мусаллаҳи муайяне аз хориҷ он ҷо ҳузур пайдо мекунанд ва таъсири ин ҳама ба кишварҳои ҳамсоя хоҳад расид...»

Дар Тоҷикистон ҳамчунин ба ин нукта ҳам таъкид мекунанд, ки ба истилоҳ, «қаҳрамонон»-и аслии даргириҳои Қирғизистон ҷавононанд.

"Роҳи пешгирӣ аз ҷанг таъмини адолати иҷтимоист"

Ба андешаи Амирхуҷа Сангов, раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бекории бахши аъзами ҷавонони қирғиз ва мизони нигаронкунандаи нодорию вазъи начандон хуби иҷтимоӣ, ҳамон гуна ки ин мушкил дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам ба мушоҳида мерасад, яке аз сабабҳои аслии сар задани ҳаводиси Қирғизистон мебошад:

Амирхуҷа Сангов: «Авзоъи имрӯзаи Қирғизистон як заминае ҳаст барои он ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд то андозае назари ҷиддӣ ба ҷавонон ва мушкилоту рӯзу рӯзгори онон дошта бошанд. Ба ғайр аз ин, бархостани муноқиша байни қамвҳои қирғизу узбак дар кишвари ҳамсоя ҳам, аз нигоҳи мо, бисёр нигаронкунанда буда, пайомадҳои бисёр ногувор ба думбол хоҳад дошт. Худое нокарда, агар чунин муноқишаҳо миёни қавмҳои хурд-хурд дар дохили он кишвар шиддат бигирад, имкон дорад, ки байни кишварҳо муноқишаҳои гуногунмазмун ба миён ояд...»

Бо ин ҳама дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон ин андеша бештар садо медиҳад, ки Қирғизистон қурбони бозии қудратҳо шуда, дар ин баробар Тоҷикистонро мебояд аз тадобири боэҳтиёт, аммо ҳушмандонаи сиёсию амниятӣ кор бигирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG