Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Амрико ба Ҷумбиши сабзи Эрон


Ҷон Маккейн, сенатори ҷумҳурихоҳ ва рақиби Барак Обама дар интихоботи президентии соли 2008 Ҷоизаи миллии соли 2010 -умро барои дастовардҳои демократӣ ба Ҷумбиши Сабзи Эрон эъто кард.

Зимни суханронӣ дар маросими эътои ин ҷоиза дар Вошингтон Маккейн гуфт “арзи вуҷуд кардани Ҷумбиши сабз моро тазмин медиҳад, ки дар чанд соли оянда дар Эрон демократия пирӯз мешавад. Ояндаи демократии Эрон шояд каме дер ояд, аммо онро инкор карда намешавад».

Маккейн изҳор намуд, ки рағбати мардуми Эрон ба ормонҳои демократӣ, ҷумбиши сиёсии ислоҳталаби бумиеро ба вуҷуд овардааст, ки аз ҳама чизи дар тӯли солҳо дар Ховари Миёна мушоҳида шуда, умедбахштар ва муҳимтар мебошад.

"Обама аз Ҷумбиши сабз ҳимояти кофӣ накардааст"

Маккейн Барак Обамаро мавриди интиқод қарор дод, ки ба гуфтаи ӯ, барои пуштибонии Ҷумбиши Сабз талоши басанда намекунад.

Маккейн аз Обама даъват намуд ки “барои ҳимоят аз мардуми Эрон тамоми нерӯи ахлоқии Амрикоро истифода барад ва умеду муборизаашонро дастгирӣ кунад”.

Ин дар ҳолест ки Барак Обама зимни суханрониаш дар рӯзи чаҳоршанбе баъд аз он ки Шӯрои амнияти СММ бастаи чаҳорумини таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эронро ба тасвиб расонд дар бораи солгарди пахши эътирозҳои мардум дар Эрон ёдовар шуд.

Ӯ гуфт: “Рӯзи шанбе солгарди интихоботи Эрон аст ва дунё саркӯбии эътирозгарон ва қатли бегуноҳонро ба ёд меорад".

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз таҳримҳои ахири вазънамудаи Шӯрои Амнияти СММ ёдовар шуд ва гуфт, ки ин таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи мардуми Эрон равона нашудааст.

Солгарди интихобот ва тазоҳуроти Эрон

12 июн аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии Эрон расо як сол сипарӣ мешавад. Баъд аз нашр шудани натиҷаҳои интихобот ва эълон шудани пирузии Маҳмуд Аҳмадинажод мардуми норозӣ бо нишонаи эътироз ба кӯчаҳо рехтанд.

Барои саркӯбии эътирозгарон режими Теҳрон аз неруҳои интизомӣ истифода бурда, ҳазорон фаъол, рузноманигор ва шаҳрвандони одиро боздошт намуд. Дар ошӯбҳои баъд аз интихобот ҳадди ақал 70 кас кушта шуд.

Дар маросими эътои ҷоиза дар Вошингтон филми наворбардори эронӣ Бобак Паёмӣ намоиш дода шуд.
XS
SM
MD
LG