Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико баъд аз қабули қатъномаи нави таҳримҳо алайҳи Эрон аз сӯи Шӯрои Амнияти СММ гуфтааст, ки ин гоми Созмони миллал нишон медиҳад, ки Эрон барои сарсахтии сиёсии худ баҳои гароне пардохт мекунад.

Обама гуфт: “Ин фарогиртарин таҳримҳо хоҳад буд, ки ҳукумати Эрон бо он рӯбарӯ шудааст. Тибқи ин таҳримҳо фаъолити ҳастаии Теҳрон, барномаи мушакҳои дурпарвоз ва ҷангафзорҳои маъмулии он маҳдуд карда мешавад. Барои пешгирӣ аз қочоқи Эрон ва зарба задан ба бонкҳо ва муомилаҳои молӣ ин қатънома чаҳорчӯбаҳои нав ҷорӣ мекунад”.

Тасвиби қатъномаи нав барои Кохи сафед як навъ пирӯзиест дар самти мутмаъин намудани ҷомеъаи ҷаҳонӣ, ки Эрон ӯҳдадориҳои байналмилалиашро иҷро накард ва роҳи мухолифатро пеш гирифтааст.

Роҳи дипломатия баста нест

Обама гуфт, бо вуҷуди ин, Теҳрон ҳоло ҳам метавонад роҳи дигарро интихоб кунад: “Мо медонем, ки ҳукумати Эрон рафторашро дар як шабонарӯз таъғир намедиҳад. Аммо овоздиҳии имрӯза нишон дод, ки нархи саркашии Эрон афзоиш меёбад. Ман мехоҳам возеҳ бигӯям, ки ин таҳримҳо дарҳоро ба рӯи дипломатия намебанданд. Эрон ҳоло ҳам имкон дорад роҳи дигар ва беҳтарро интихоб кунад”.

Таҳримҳои нав бар муқобили нерӯҳои посдорони инқилоби исломӣ, мушакҳои дурпарвоз ва сармояҳо ба бахши ҳастаии он кишвар равона шудааст. Ҳамаи киштиҳои Эрон барои кашф ва мусодираи маводи мамнӯъ мавриди тафтиш қарор мегиранд ва 40 ниҳоду афроди дигар ба феҳрасте ворид мешаванд, ки сафари онҳо ба хориҷ маҳдуд хоҳад гашт. Фуруши танкҳои вазнин ва чархболҳо ба Эрон манъ мешавад.

Аммо дар бахши содироти нафт, муҳимтарин бахши иқтисоди Эрон ягон маҳдудият ворид нахоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки манти тасвибшудаи қатънома аз пешнависи аслии он, ки аз ҷониби Амрико пешниҳод шуда буд заъифтар аст, чун Русия ва Чин ба он тарҳ мухолифат намуда буданд.

Мухолифати Туркия ва Бразилия ба қатънома

Мария Луиза Рибейро, сафири Бразил дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, фикр намекунад дар ин парванда таҳримҳо асбоби таъсирбахш воқеъ шавад.

Эртуглу Апакан, намояндаи доимии Туркия дар СММ мухолифи қатънома раъй дод ва изҳори ақида намуд, ки қарордод дар бораи табодули сухти ҳастаӣ миёни Эрон, Бразилия ва Туркия дар моҳи гузашта имзо шуда буд ва набояд шитобзада пешнависи таҳримҳо дар шӯрои Амният ба раъйгирӣ гузошта мешуд. Балки бояд фурсати бештаре дода мешуд.

"Дастмоли масрафшуда"

Маҳмуд Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон зимни суханрониаш дар Душанбе гоми Созмони милларо дастмоли масрафшуда номида гуфт: “Аз чапу рост алайҳи мо қатънома содир мекунанд, вале пашизе арзиш надоранд. Ин қатънома мисли дастмолест, ки истифода шудааст”.

Аҳмадинажод нигарониҳоро дар бораи он ки гуё Теҳрон мехоҳад силоҳи атомӣ бисозад баҳона барои ҷазо додани кишвараш унвон кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG