Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як миллион доллар барои роҳи оҳани Душанбе-Машҳад


Тарҳи роҳи оҳани Машҳад-Ҳирот-Мазори Шариф-Душанбе яке аз мазвӯъҳои калидии мулоқоти имрӯзаи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Эрон буд. Ҷониби Эрон барои омодасозии асноди ин тарҳ як миллион доллар ихтисос додааст.

Дар нишасти ҳайатҳои баландпояи ду кишвар, ки бидуни ҳузури хабарнигорон сурат гирифт, барномаи роҳандозии ин тарҳ матраҳ гаштааст, вале тафсилоти он эълон нашудааст.

Тарҳи роҳи оҳан миёни се кишвари ҳамзабон дар ҷараёни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод дар оғози соли ҷорӣ дар Теҳрон пешниҳод шуда буд.

Таҳлилгарон ин тарҳро яке аз воситаҳои раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти нақлиётӣ унвон мекунанд.

Аҳмадинажод: Аз масрафи зиёди об бояд ҷилавгирӣ кард

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, ки субҳи имрӯз вориди Душанбе шуд, дар конфронси байнулмилалии «Об барои ҳаёт» гуфт, дар ҷаҳони муосир масрафи воқеии об нисбат ба ниёзи мардум ба маротиб бештар аст ва бояд аз масрафи беш аз ҳадди об ҷилавгирӣ кард.

Раисиҷумҳури Эрон таъкид кард, ки масъалаи оби ошомиданӣ дар даҳсолаи оянда, яке аз масъалаҳои мубрам ва пурчолиш дар ҷаҳон хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир бо вуҷуди захираҳои кофии об дар ҷаҳон теъдоди қобили мулоҳизаи аҳолии сайёра аз норасоии об ба мушкил рӯбарӯ ҳастанд.

Ӯ гуфт, Эрон бо истифода аз технологияи муосир дар масъалаи поксозӣ, ҳифз ва масрафи дурусти об муваффақ шудааст ва омодааст таҷрибаи худро ба дигар кишварҳо пешкаш кунад.

Маҳмуди Аҳмадинажод бомдоди имрӯз ба манзури ширкат дар конфронси байнулмилалии «Об барои ҳаёт» вориди шаҳри Душанбе шуд.

Қарор аст, баъд аз ширкат дар конфронси байнулмилалӣ мулоқоти як ба яки Маҳмуди Аҳмадинажод бо Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои президенти Тоҷикистон сурат бигирад.

Бино ба иттилои дафтари матуботии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот масоили ширкати Эрон дар тарҳҳои энержии Тоҷикистон, ҳамкориҳои ду кишвар дар дигар бахшҳо ва ҳамчунин мавзӯъҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Дар чаҳорчӯби сафари раисиҷумҳури Эрон ба Душанбе, имрӯз ҳамчунин мулоқоти ҳайатҳои Эрону Тоҷикистон дар сатҳи олӣ дар бӯстонсарои Пуғузи Варзоб ва дидори раисиҷумҳури Эрон бо зиёиёни тоҷик дар назар аст.

Коршинос: Ниёзи Эрон фурсати муносиб барои ҳамкорист

Дар ҳошияи сафари Маҳмуди Аҳмадинажод дар байни таҳлилгарони тоҷик ин мавзӯъ бештар матраҳ аст, ки оё фаъол шудани равобити дуҷонибаи Эрону Тоҷикистонро чӣ гуна мешавад маънидод кард?

Бархе аз коршиносон мегӯянд, Эрон бо он ки торафт шарикони худ дар саҳнаи байнулмилалӣ, аз ҷумла Русия ва Чинро аз даст медиҳад, мехоҳад бо таҳкими муносиботаш бо Тоҷикистон нуфузи худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақвият диҳад. Ва Тоҷикистон, ки бо масдуд шудани роҳи оҳан аз ҷониби Узбакистон ва равобити начандон гарм бо Русия тақрибан дар инзивои иқтисодӣ қарор гирифтааст, дар симои Эрон сармоягузор ва ҳомиро ҷустуҷӯ мекунад.

Дар ин робита радиои Озодӣ бо Абдуғаффори Камол, коршиноси масоили Ховари Миёна, сӯҳбате анҷом дод.

Ҷаноби Камол дар мавриди он, ки имрӯз Эрон ва Тоҷикистон ба ҳамдигар бештар ниёз доранд, мегӯяд, ин фурсати муносибе барои тақвияти ҳамкориҳост. Ниёзи Тоҷикистон ба Эрон сармоягузорӣ ва кушодани роҳҳо ба уқёнус бошад, ниёзи Эрон ба Тоҷикистон доштани як шарики стратегӣ дар минтақа мебошад.

Суол: -Метавон гуфт, ки сафари ахири вазири дифоъи Эрон ба Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши фишори Узбакистон ба Тоҷикистон метавонад баёнгари як ниёзмандии дигари Тоҷикистон бошад?

Абдуғаффори Камол: -Албатта, сафари вазири дифои Эрон чанд рӯз пеш анҷом шуд ва ҳанӯз фурсате нарасидааст, ки бозтоби онро дар равобити ду кишвар бубинем. Дар ҳоли ҳозир, ғайр аз санадҳои имзошуда барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳои низомӣ чизи хосеро дар равобити ду кишвар наметавон мушоҳида кард.

Суол: -Сарвари маркази масоили стратегии Осиёи Ҷанубӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой Сергей Лузянин гуфтааст, наздикии бештари Тоҷикистон ба Эрон ва талошҳои Теҳрон барои расидан ба узвияти СҲШ норозигии Ғарбро ба вуҷуд хоҳад овард. Назари шумо чист?

Абдуғаффори Камол: -Аз оғози истиқлолият то имрӯз бархурдҳо ба равобити Эрон бо Тоҷикистон ҳамеша аз ҳассосияти болое бархурдор будааст ва ин ҳассосиятҳо сунъӣ ва сохташудаанд. Ҳамин гуна назарҳоро мо дар расонаҳои хабарии Русия дар мавриди Чин ҳам мехонем. Ва ҳамеша аз он чи расонаҳои русӣ дар мавриди равобити Эрон бо Осиёи Марказӣ менависанд, бузург кардани ҷиҳатҳои манфии ин мавзӯъ ва тарс додани Тоҷикистон аз наздикшавӣ бо Эрон аст.
XS
SM
MD
LG