Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон ҳушдор дод, ки дар сурати эъмоли таҳримҳои нави Шӯрои амнияти СММ алайҳи кишвараш, Теҳрон ҳама гуна музокирот дар робита ба барномаи ҳастаияшро рад хоҳад кард.

Ин изҳороти Аҳмадинажод зимни як нишасти хабарии "Конфаронси ҳамкорӣ ва таҳкими эътимод дар Осиё" дар шаҳри Истамбул, пахш шуд.

Ӯ гуфт: “Агар давлати Амрико ва муттаҳидонаш фикр мекунанд, ки чумоғе (калтаке) баланд кунанд ба номи қатънома ва баъдан бишинанд ва мо бо мо гуфтугӯ кунанд, сахт дар иштибоҳ ҳастанд”.

Маҳмуди Аҳмадинажод аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ки созиши як моҳи пеш бо Бразилия ва Туркия дар робита ба табодули сӯхти ҳастаӣ ҳосилшударо рад накунад, зеро, ба гуфтаи ӯ, гумон аст, ки ин гуна имкон дубора фароҳам шавад. Бар пояи ин созиш, Эрон 1200 кило урани худро ба Туркия мефиристад ва дар ивазаш 120 кило сӯхти ҳастаӣ дарёфт мекунад.

Аммо кишварҳои ғарбӣ ин созишро напазируфтанд. Мақомоти ИМА гуфтанд, ки ин тафовуқ роҳи ҳалли қазияи ҳастаии Эрон нест, зеро ин кишвар ғанисозии ураниумро идома хоҳад дод.

Кишварҳои ғарбӣ Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Аммо мақомоти Эрон батакрор мегӯянд, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.

“Русия набояд дар паҳлӯи душманони Эрон бошад”

Аҳмадинажод дар ин нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки агар раисиҷумҳури ИМА Барак Обама сиёсати худро дар баробари Эрон тайғир надиҳад, дар мақомаш комёб нахоҳад шуд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки Русия набояд дар паҳлӯи душманони мардуми Эрон қарор дошта бошад. Рӯзи сешанбе Владимир Путин, сарвазири русия дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар робита ба таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон гуфт: "Мо фикр намекунем, ки қатъномаи Шӯрои Амният хориқулодда бошад ё Эрон, раҳбарияти он ва мардуми Эронро дар вазъе қарор диҳад, ки дар роҳи рушди нерӯи сулҳомези ҳастаӣ монеъа эҷод кунад".

Зимнан, қарор аст, ки Владимир Путин, дар ҳошияи нишасти Истамбул бо Маҳмуди Аҳмадинажод дидору гуфтугӯ кунад.

Таҳримҳои нав алайҳи Эрон ногузиранд?

Дар ҳамин ҳол, қарор аст, ки имрӯз Шӯрои амнияти Созмони Милал пушти дарҳои баста доир ба таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон машварат доир кунад. Бар пояи қатъномаи нав эмбаргои маҳдуди фурӯши силоҳ ба Эрон ба эмбаргои густарда табдил шуда, маҳдудиятҳои молиявӣ дар баробари муассисаҳои кишвар ва тафтиши киштиҳои эронӣ тақвият хоҳад ёфт.

Клод Ҳеллер, сафири Мексика дар Созмони Милал, раиси даврии Шӯрои амният, гуфт, ки раъйдиҳӣ ба тарҳи нави қатънома оид ба таҳримҳои нав алайҳи Эрон ҳамин ҳафта баргузор мешавад. Бархе аз дипломатҳо ҳадс задаанд, ки раъйдиҳӣ шояд рӯзи чаҳоршанбе, 9 -уми июн, сурат бигирад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дипломатҳои ғарбӣ ба пазируфта шудани қатънома аз сӯи ҳамаи панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амният Бритониё, Чин, Фаронса, Русия ва ИМА хушбинанд.

"Оҷонси ҳастаӣ шубҳа мекунад"

Аммо бештари кишварҳои узви даврии Шӯрои амният, аз ҷумла, Туркия ва Бразилия, ё аз раъйдиҳӣ худдорӣ хоҳанд варзид ё алайҳи тарҳи қатънома овоз хоҳанд дод. Туркия ва Бразилия талаб доранд, ки қабл аз райъдиҳй дар Шӯрои амният баҳсу баррасии густардатари барномаи ҳастаии Эрон доир шавад.

Ахиран Юкио Амано, дабири кулли Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ваё МАГАТЭ изҳор намуд, ки Эрон дар робита ба тайиди аҳдофи сулҳомези барномаи ҳастаияш бо Оҷонс тақрибан ҳамкорӣ накардааст. Дар як нишасти пушти дарҳои бастаи МАГАТЭ, ки рӯзи 7 -уми июн баргузор шуд, Юкио Амано Эронро дар талоши тавлиди силоҳи ҳастаӣ гумонбар донист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG