Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози кӯчиҳои афғон дар ҳошияи Ҷиргаи сулҳ


Ахиран дар атрофи Кобул баъзе аз қабоили кӯчии ин кишвар гирдиҳамоӣ баргузор карда, аз давлат хостори танзими чарогоҳҳо шуданд.

Зоҳиран баъзе нерӯҳои сиёсӣ мехостанд дар рӯзҳои баргузории Ҷиргаи сулҳ ба ин масъала "ҷомаи сиёсӣ" пӯшонанд. Барои дарёфти посухи бештар ба ин суол мо бо Мустафо Сарвар, коршиноси радиои Озодӣ дар умури Афғонистон, сӯҳбат анҷом додем.

Суол: -Чаро дар ин рӯзҳо масъалаи кӯчиҳо дар Кобул бо ҳукумат матраҳ шудааст?

Ҷавоб: -Мушкил миёни кӯчиҳо ва ҳазораҳо дар гузашта ҳам вуҷуд дошт ва ахиран ин мушкил боз ҳам дар вулусволои Доирмидот ва Бесууд шиддат гирифт. Ва ин масъала боиси он шуд, ки эътирозоти шадидеро дар пай дошта бошад. Ва билохира боиси он шуд, ки ҳукумат тасмим бигирад, ки ба ин мавзӯъ дахолат кунад ва роҳи ҳалеро пайдо намояд.

Суол: -Аслан ангеза ва ё норозиятии онҳо чист?

Ҷавоб: -Мавзӯи аслии танишҳо миёни ду тараф истифода аз чарогоҳҳо ва алафзорҳост. Кӯчиҳо, ки дар Афгонистон сокин нестанд ва дар ҳаракат ҳастанд, аз манотиқи сард ҳамвора ба манотиқи гарм ҳаракат мекунанд. Ба хотири он, ки чорво доранд, ҳар ҷо чарогоҳ бошад, барои онҳо макони муносиб барои идомаи зиндагии хуб аст.

Суол: -Яъне онҳо мехоханд, ки давлат дахолат ва чарогоҳҳои онҳоро танзим кунад байни худашон?

Ҷавоб: -Бидуни шак. Қонуни Асосии Афғонистон дар ин маврид сароҳат дорад. Яъне моддаи 14 уми Қонуни Асосӣ давлати Афғонистонро мукаллаф карда, ки кӯчиҳоро дар манотиқи муносиб искон бидиҳад, ё заминаи зиндагиро барои онҳо фароҳам созад. Бидуни шак он шомили додани чарогоҳҳо ва заминҳои мушаххас ба онҳо мешавад.

Суол: -Чаро ҳамин рӯзҳо ин масъала матраҳ мешавад, чун дар Кобул ҳамоиши сарони қабоилу ақвоми Афғонистон бо ибтикори Хомид Карзай, раис ҷумҳури Афғонистон, баргузор мешавад?

Ҷавоб: -Таҳлилгарон ба ин боваранд, ки дастҳое дар ақиби ин саҳна ва танишҳо вуҷуд доштааст. Мақомоти аршади амниятии Афғонистон, аз ҷумла вазири корҳои дохилии Афғонистон Муҳаммади Атмар ҳам чанд рӯз пеш дар як мусоҳиба гуфт, ки дастҳое вуҷуд дорад, ки мехоҳанд, ки ин танишҳоро доман зананд ва мушкилиро бештар кунанд. Ҳатто сароҳатан гуфт, ки агар ин дастҳо дахолаташонро қатъ накунанд, номи он афродро ифшо хоҳанд кард. Ва аз тарафи дигар, шумо медонед, ки дар Афғонистон кишварҳои ҳамсоя бо шакле аз ашкол дахил ҳастанд ва даст доранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, ки ҳукумати марказии Афғонистон битавонад рӯи пойи худаш устувор бошад ва аз қуввати лозим бархӯрдор бошад.

Суол: -Муносибати давлати Афғонистон ба ин масъала то чӣ андоза ҷиддист, то битавонад ин мушкили кӯчиҳоро рафъ созад?

Ҷавоб: -Тибқи гузоришҳое, ки дар воқеъ мо дар даст доштем, муовини дуввуми раисиҷумҳури Афғонистон ва ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ ва дифоъ барои ҳалли ин мунозира байни кӯчиҳо ва ҳазораҳо мудохила карданд. Дар вулусволии Доирмидот ва Бесууд гуфтанд, ки ҳали низоъҳо ба марҳилаи ниҳоӣ расида, вале масъалаи искони кӯчиҳо боқӣ монда, ки ҳалли мунозираро ниҳоӣ бисозад.
XS
SM
MD
LG