Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар баёни курсӣ


Ҳо бар падаракат лаънате... Ман гуфтама,- ин ҷо ягон гапе ҳаст. Ин фиш-фишу, шўру-шари мардум беҳуда нест...

Аз бачагиам мани гўлу гумроҳро бовар мекунонданд, ки аз одамизод - зан, аз ҷондориёт – асп, аз беҷонони ҷонситон шамшер, ба кас вафодорӣ намекунанд. Яъне ба ин маъно, ки: Аспу зану шамшери вафодор кӣ дидаст?

Аз афташ барои он, ки ин се чиз, ба ҳамоне хизмат мекунанд, алҳол соҳибашон аст. Вале дар бораи ту чизе намегуфтанд. На дар бораи ҷондориату на дар бораи беҷониат.

Тамоми ҳақиқату таърихи ту, чун дар афсонаҳои халқию сиёсӣ, дар паси девораи баланду касногузари сирру асрор маҳфуз аст. Ту бо ҳама беҷониат аз тамоми махлуқоти рўи замин зиндатарию бо ҳама кундиат аз ҳар шамшер бурротар.

Ман намедонам туро кӣ ва кай фикр карда баровардааст. Он ихтироъкори аввалин туро аз лой сохта буд ё аз чўб. Вале ту алҳол, ту чун шайтон, бо сад рўю ҳазор намуд, мардумро аз роҳ мезанӣ. Ту акнун аз чорпояю сандалӣ сар карда, то курсию тахт, чун шаклу намудат, номҳои зиёде ҳам дорӣ.

Сиёсатбозон маҳз барои ту шабҳои бехобӣ мекашанду, барои як даме дар болоят зиёдтар нишастан, якдигарро аз об гирифта, ба алав мепартоянд ва барои ин мардумро шўронда, бероҳа мекунанд. Бародарро бо бародар ҷангию хоҳарро бо додар душман мегардонанд. Деҳқон каландашро бардошта ба ҷои полиз дар сари ҳамсояаш ҷўяк мекашад. Даравгар бо досаш ба ҷои алаф хекиртаки дигареро мебуррад. Ҳе, илоҳӣ пойҳоят шикананд... Астағфуриллоҳ... аз шикастани дасту пои ту чи фоида? Ту, охир, бепою даст ҳам ҳарромкориатро кардан мегирӣ. Ту на дар об ғарқ мешавию на дар оташ месўзӣ...

Бештари мансабталабон танҳо пас аз соҳиби ту шудан, худашонро ба қатори «одам» медароранд, ҳарчанд, ҳарчанд, дар асл, ба болои ту нишастану аз одамгарӣ баромадан қариб ҳаммаъно гаштаанд.
- Мана, мо ҳам одам шудем,- мегўяд масхарабозе, ки дирўз дар тўи калоншавандае тамаллуқкорона лаганбардорӣ мекарду имрўз соҳиби чорпояе гашта, худро ҳокими баҳру бар метарошад ва пурра фаромўш мекунад, ки чанде пеш, худаш бо суханони «Фалонӣ хари калон шудааст» дигаронро механдонд.

Акнун одами калон ҳамонест,ки дар зераш курсичае дорад ва тамоми кораш аз «такмил» додани он иборат аст. Вай боварӣ дорад, ки ҳар қадар он курсӣ калонтар шавад, соҳибаш «калоншавандатар» мешавад.

Барои одами дар болои ту нишаста, Фирдавсӣ ҳеҷ гоҳ ба қатори Одами Калон ё «Калоншаванда» намедарояд, вале сарошпази чойхона ё фарз кардем, директории театр, ки яке шавларо аз палав фарқ карда наметавонаду дигаре муаллифу ҳунарпеша он тараф истад, намедонад, ки тамошобин кисту роҳгузар дар куҷост, аллакай худро ба қатори калоншавандагон ворид кардаанд. Ҷунки ҳар кадомашон як курсичае, як чорпоячае доранд.

Акнун эшон бо чашмони чун гови мурда беҳисашон ба атрофиён менигаранду бо тамасхур мардумро аз қатори одамон хат мезананд ва барои онҳое, ақидаи худро доранду бо пода ҳамроҳ будан намехоҳанд, «рўихатҳоии сиёҳ» месозанд. Онҳо танҳо худро «одамшуда» ҳисоб мекунанд.

Он бечораҳо, макру шайтонӣ ва бевафоии туро дар як лаҳза фаромўш мекунанд ва барои дар болои ту як рўз зиёдтар нишастан, ба ҳар ноодамию ҳарромкорӣ омодаанд.

Ту – гоҳ чармию гоҳ резинӣ, гоҳ чўбину гоҳ оҳанин, гоҳ аз пари қу мулоимтару гоҳ аз санг сахттар... чархдору бечарх, болоравандаю поёндаванда, гоҳ даврзананда гоҳ чун гаҳвора ҷунбон, ту бепою ҳамеша пойдор! Ту он қадар зуд тағйири шаклу намуд мекунӣ, ки рангивазкунии бўқаламун ба назар бозии кўдакона менамояд...

Пас аз чанде ту ин хислати ношудатро чун касалии сирояткунанда ба соҳибонат, ба онҳое, ки имрўз дар болои туст, мегузаронӣ. То як мўҳлати муайян. То он даме, ки ту онҳоро чун чўби пўсида, чун кунда аз болоят бардошта ба замин мезанӣ ё ҳангоме, ки туро ба сими барқ мепайванданд ва ту соҳибатро, ки навакак дар болоят чун дар болои тахти Ҷамшед роҳат мекард, дар як дам ба кундалочак табдил медиҳӣ ва сўзонда бирён мекунӣ.

Лаънати худою халқи ҷаҳон насибат бод, эй курсӣ, ки мардумро «Одам мекунам» гўён аз одамгарӣ мебарорӣ! Тамом! Ман дигар гап надора-ам!..
XS
SM
MD
LG