Пайвандҳои дастрасӣ

То Мянмар – ду шабонарӯз дар роҳ

Ман, Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиши радиои Озодӣ, ҳамроҳи дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ширкат кард, ба кишвари Мянмар сафари корӣ доштам. Сафари мо то ба Мянмар тавассути Узбакистону Таиланд тӯли ду шабонарӯз сурат гирифт. Мо то шаҳри Тошканд масофаи беш аз 1000 километрро бо мошин тай кардем. Сипас аз фурудгоҳи пойтахти Узбакистон ба воситаи ҳавопаймо муддати 6 соат ба пойтахти Таиланд- шаҳри Бангкок парвоз намудем. Баъдан аз Бангкок бо ҳавопаймо озими Мянмар шудем ва баъди як соат моро дар фурудгоҳи пойтахти ин кишвар – шаҳри Янгон мизбонон – кормандони Федеросиюни футболи Мянмар истиқбол карданд.

Бахши аввали аксҳо

Ба ҳайати варзишӣ 28 нафар шомил буданд, ки 18 нафари онҳо футболбозанд. Инҳо - дарвозабонҳо Фарҳод Юлдошев (легионер аз Узбакистон) ва Саидҷон Саидраҳмонов, ҳимоятгарон Субҳон Хоҷамов, Алексей Неъматов, Баҳодур Шарифов, Элайҷо Арийе (легионер аз Гана), Акмал Сабуров, Асадулло Нуруллоев ва Наим Улмасов, нимҳимоятгарон Рустам Хоҷаев, Умедҷон Шарифов, Абдуқаюм Қарабоев, Ҷамолиддин Зардиев, ҳамлагарон Нӯъмонҷон Ҳакимов (капитани даста), Маҳмадалӣ Содиқов, Рустам Усмонов, Аҳтам Ҳамроқулов, Фирдавс Файзуллоев мебошанд. Раҳбари ҳайати варзишӣ Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи “Вахш”, буд. Дастаро ба ин сабқат сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев, сардори даста Ҳикматулло Шамсиддинов, мураббии калон Мубин Эргашев, мураббӣ Аҳад Ҳамроқулов, маъмур Мироҷиддин Холов ва духтур Абдусаттор Қаландаров омода карда буданд.

“Вахш” – ғолиби гурӯҳи “В”

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи «В» бо қаҳрамонони Шри-Ланка, Покистон ва Камбоҷа барои дарёфти роҳхат ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC мубориза бурд, чаҳор рӯз пеш аз оғози мусобиқа – 6-уми май ба Янгон омад. Дар бораи натоиҷи бозиҳои “Вахш” гузоришҳои банда ҳамарӯза аз Янгон тавассути радиои Озодӣ пахш мешуд. Инчунин дар ин бора ба хонандагони сомонаи интернетии Озодӣ низ гузоришҳо пешкаш менамудам. Ёдовар мешавам, ки дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа пас аз се пирӯзии пасиҳам дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Мянмар ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифт. “Вахш” нахуст бар тими “Ренаун Спортс Клаб”-и Шри-Ланка бо ҳисоби бузурги 6-0 ғолиб омад. Футболбозони тоҷик баъдан дастаи “Озмоишгоҳи Хон”-и Покистонро бо ҳисоби 1-0 мағлуб карданд. “Вахш” дар бозии севумаш бар тими қаҳрамони Камбоҷа - «Нагакорп» бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд. Ба ин тартиб, дастаи «Вахш» бо 9 имтиёз ва беҳтарин таносуби тӯбҳо - 10-0 дар сабқати гурӯҳи «В» ғолиб шуд.

Бахши дуввуми аксҳо

Воқеан, Конфедеросиюни футболи Осиё аз чаҳор дастаи ширкаткунандаи бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми раиси AFC-2010 - «Дордой-Бишкек»-и Қирғизистон, «Вахш»-и Тоҷикистон, «Яданарбон»-и Мянмар ва МТТУ-и Туркманистон даъват намудааст, ки дархости худро дар бораи мизбонии сабқати ниҳоӣ то 11-уми июн пешниҳод намоянд. Хуб мебуд, ки сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC дар Тоҷикистон баргузор шавад, зеро барои доир кардани ин бозиҳо дар кишвари мо шароити зарурӣ фароҳам аст. Порсол сабқати ниҳоӣ дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир шуда буд. Агар Конфедеросиюни футболи Осиё хоҳиши Федеросиюни футболи Тоҷикистонро ба назар мегирифт, ин тӯҳфаи хубе мешуд ба мухлисони даста дар соли ҷашни 50-солагии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа. Бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё 24-уми сентябр ва бозии ниҳоӣ 26-уми сентябр баргузор хоҳанд шуд. Ҷуфтҳои бозиҳои ниманиҳоиро AFC бар асоси қуръакашӣ муайян хоҳад кард.

Бахши саввуми аксҳо

Дастаи ”Вахш”, ки барои бори дуввум дар Ҷоми раиси AFC ширкат меварзад, танҳо бо мақсади пирӯзӣ дар сабқати гурӯҳӣ ба Мянмар омада буд. Ҳарчанд гармии ҳавои Янгон рӯзона, ҳангоми бозиҳо то ба 45 дараҷа мерасид, футболбозони тоҷик дар муддати чаҳор рӯз то як андоза ба иқлими ин ҷо мутобиқ шуданд. Ду бозии “Вахш” дар бузургтарин варзишгоҳи Янгон – Маркази омодагии ҷавонон, ки 40 000 ҷои нишаст дорад, доир шуд. Як бозӣ дар варзишгоҳи Аунг Сан, ки дорои 20 000 ҷои нишаст аст, барпо гашт. Вале ҳангоми бозиҳои дастаи “Вахш” теъдоди тамошобинон дар варзишгоҳ хеле кам - то 200 нафар буд. Бозиҳо тавассути телевизиони Мянмар зинда пахш мешуданд.

Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед



Мингалаба - тата

Футболбозони «Вахш», ки 12 рӯз дар шаҳри Янгон меҳмон буданд, пас аз анҷоми сабқат тӯли се рӯзи ахир имкон пайдо намуданд, пойтахти Мянмарро тамошо кунанд. Мо бо ҷойҳои таърихиву зебоманзари Янгон шинос шудем. Умуман дар ин сафар мо то андозае бо урфу одати бирмагиҳо шиносоӣ пайдо намудем. Ва ҳангоми муошират бо мардуми ин ҷо баъзан ба забони модариашон - бирмагӣ муроҷиат мекардем. Масалан, мингалаба - салом, никовла - чӣ ҳол доред?, каунде - хуб, тизюпе - ташаккур, тата - то боздид! Ин калимаву ибораҳоро аз роҳбаладамон Эймин, ки ба забони русӣ ҳарф мезад ва худро ба мо бо номи “Саша“ муаррифӣ намуд, омухтем.

Мянмар – кишвари аграрӣ

Мехоҳам ҳоло ба хонандагон дар бораи Мянмар каме маълумот бидиҳам. Мянмар, ки аз соли 1937 аз Ҳиндустон ҷудо шудааст, то соли 1989 Бирма ном дошт. Ин кишвар дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ҷойгир шудааст. Мянмар бо Ҳиндустон, Бангладеш, Чин, Лаос ва Таиланд ҳамсарҳад аст. Дар ҷануб ва ҷанубу ғарби он баҳри Андаман ва халиҷи Бангола воқеанд. Масоҳаташ 678, 5 ҳазор километри мураббаъ. Аҳолиаш беш аз 50 миллион нафар. Дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон, ки то соли 1989 Рангун ном дошт, беш аз 5 миллион аҳолӣ ба сар мебарад. Мардон дар Мянмар ба ҳисоби миёна 56 сол ва занон 59 сол умр мебинанд. Дини ҳукмрон буддоист, мусулмонону насрониён низ ҳастанд. Забони давлатӣ - бирмагӣ. Дар Мянмар беш аз 70 халқ ва қабилаҳо зиндагӣ мекунанд. Беш аз 75 дарсади аҳолӣ бирмагиҳоянд. Боқимонда кечинҳо, каяҳо, кейинҳо, чинҳо, монҳо, шанҳо ва ғайра мебошанд. Ба ғайр аз ин дар Мянмар чиноиҳо, ҳиндуён, покистониён низ ба сар мебаранд. Пули миллии Мянмар кята ном дорад, вале пули воҳиди хурди кята танга ё сикка надорад. 1 доллар ба 960 кята баробар аст.

Мянмар асосан мамлакати кӯҳӣ ва ландшафташ субтропикию тропикист. Дар ғарб кӯҳҳои Аракан ва қаторкӯҳҳои Паткай (баландиаш то 5881 метр) воқеанд. Сол дар Мянмар ба се мавсим тақсим мешавад: фасли сардӣ (ноябр-феврал, ҳарорати ҳаво +16-20 дараҷа), фасли гармо (март-май, +30-45 дараҷа) ва фасли сербориш (июн-октябр). Сафари мо ба Мянмар ба чиллаи тобистон рост омад, бинобар ин ҳаво хеле гарму намнокиаш баланд буд. Танҳо рӯзи охирини сафарамон дар Янгон соати 11-и 17-уми май муддати 20 дақиқа борони шадид борид ва пас аз он ҳаво боз ҳам гармтар шуд. Умуман, аз соати 9-и пагоҳӣ то соати 18 дар кӯчаҳои шаҳр сайру гашт кардан барои мо хеле мушкил буд. Бинобар ин мо, аслан, дар меҳмонхона, ки ҳуҷраҳояш кондисионер ё кулер дошт, менишастем. Вале ночор ба тамрину бозиҳо, ки соати 16 дар айни гармии ҳаво доир мешуданд, мерафтем.

Бахши чаҳоруми аксҳо

Қариб 60 дарсади хоки Мянмар ҷангалзор аст. Дарахтони нахл, тут, анҷир, панданус бисёранд. Дар ноҳияҳои соҳили баҳр ва доманаи кӯҳҳо бешаҳои сернами ҳамешасабзи тропикӣ мавҷуданд. Олами ҳайвоноти Мянмар гуногун аст: дар ҷангал тупай, санҷоби паррон, савсор, юз ва ғайра, дар ҷойҳои кушод каркадан, паланг, бабр ва фил вомехӯранд. Паррандагону хазандагон низ бисёранд. Мо дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Янгон будем ва аз тамошои он хеле лаззат бурдем. Пас аз 18 сол фил, баҳмут (аспи обӣ), тимсоҳ ва дигар ҳайвонҳои нодирро, ки мутаассифона имрӯз дар Боғи ҳайвоноти Душанбе ба назар намерасанд, дидем ва онҳоро аккосӣ ҳам кардем. Орзу намудем, ки дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе низ чунин Боғи ҳайвонот бунёд ёфта, ҷои дӯстдоштаи мардум, бахусус, кӯдакон гардад.

Мянмар кишвари аграрист. Шолӣ зироати асосии хӯрока ва содирот буда, 60 дар сади тамоми киштзорро ташкил медиҳад. Мянмариҳо гандум, ҷуворимакка, арзан, пахта, кунҷит, найшакар низ мекоранд, ҳамчунин, чой, қаҳва ва ғайра парвариш менамоянд. Дар Мянмар сангҳои қимматбаҳо, махсусан, лаъл ва ёқути кабуд машҳуранд.

Мянмар бисёр ҷойҳои муқаддас дорад. Мо дар шаҳри Янгон ибодатхонаи бузурги буддоиҳо – Шведагонро, ки таърихи 2500-сола дорад, тамошо кардем. Манораи ин ибодатгоҳ 100 метр баландӣ дорад, ки бо тилло рӯпӯш шудааст. Аксҳои аз ин ҷо гирифтаи моро бубинед.

Дар Мянмар феълан низоми ҳарбӣ ҷорист, ба ин далел, ки раҳбарии ин давлатро генерал Сан Шве бар ӯҳда дорад ва нахуствазир Зейн Сейн низ рутбаи генералиро дорост.

Лонҷипӯшони меҳмонннавоз

Мардуми Мянмар хеле оддӣ ва меҳмоннавозанд. Дар ҳар куҷое, ки будем, моро хуш пазироӣ карданд. Мянмариҳо дар кӯчаю бозор оҳиста қадам мезананд ва саросема нестанд. Мардуми Янгон дар кӯчаю бозор ва мағозаҳо хеле хушмуомила ва меҳрубонанд. Агар аз онҳо чизеро пурсон шавед, зуд бо хушҳолӣ ҷавоб мегӯянд. Кӯчаю хиёбонҳои Янгон ҳамеша серодам аст. Марду зан дар ин ҷо юбка ё домон, ки ба забони бирмагӣ “лонҷӣ” мегӯянд, мепӯшанд. Вале “лонҷӣ”-и мянмариҳо нисбат ба шотландиҳо дароз ва сабук аст. “Лонҷӣ”-и мардона аз занона бо рангу ороишаш фарқ мекунад. Ҷои гиреҳи “лонҷӣ”-и мардона аз пеш, “лонҷӣ”-и занона аз бар мебошад.

Бахши панҷуми аксҳо

Дар Мянмар аксари мардум зиндагии фақирона доранд. Онҳо аз субҳ то шом аз паи зиндагианд. Дар болои бомҳои хонаҳои Янгон маҳвора ё антеннаи параболӣ хеле кам ба чашм мерасад. Инчунин на ҳар кас қобилияти харидории телефони мобилиро дорад. Мо барои телефони ҳамроҳи худ симкарта харидем, вале аз Мянмар ба Тоҷикистон занг зада натавонистем. Ба мо аз Ватан занг мезаданд ва дар тамос мешудем. Ҳамчунин ҳамкоронам аз Прага барои гузориш занг мезаданд.

Мо дар меҳмонхонаи замонавии 12-ошёнаи “Янгон” дар қабати ҳафтум мезистем. Барои мо тамоми шароит фароҳам буд. Ҳаррӯз се бор бо хӯроки гарм таъмин будем. Дар ин ҷо аз интернет, ки пулакӣ буд ва 1 соати истифодаи он 1 доллар арзиш дошт, ҳамарӯза аз рӯйдодҳои тозаи ҷаҳон ва Тоҷикистон бохабар мешудем. Тавассути интернет гузоришҳои худро ба сомонаи радиои Озодӣ пешкаш менамудам.

Дар кӯчаҳои Янгон мардум бештар ба савдо машғуланд, пухтупаз мекунанд, вале дар дӯконҳои шахсӣ ба тозагӣ ё ҳолати санитарӣ чандон аҳамият намедиҳанд.

Нарху наво

Нархи 1 кг гӯшт аз 5 то 6 долларро ташкил медиҳад. Вале оби нӯшокии маъдании “Alpine», ки истеҳсоли худи Мянмар мебошад, нисбат ба нархи оби Тоҷикистон каме арзонтар аст. Нархи 1 литр бензин 1 доллар мебошад. Вале нархи такси нисбат ба Душанбе паст аст. Мо чаҳор нафар бо такси дар шаҳр беш аз 20 километр масофаро тай кардем ва ронанда аз мо ҳамагӣ 3 доллар талаб кард. Дар Янгон нақлиёти мусофиркаш хеле зиёд аст. Аз велосипеди сечарха сар карда, то автобусҳои истеҳсоли Ҷопон ба мардум хизмат мерасонанд. Мошинҳои мусофиркаши шахсӣ низ зиёд аст. Аслан дар кӯчаҳои Янгон мошинҳои истеҳсоли Ҷопон хеле зиёд ба чашм мерасанд. Вале мошинҳои гаронбаҳои замонавии хориҷӣ каманд.

Маоши мардум дар идораҳои давлатӣ паст аст. Мо аз роҳбалади худ, ки дар яке аз Донишгоҳҳои Янгон аз забони русӣ дарс медиҳад, дар ин бора пурсон шудем. Ӯ гуфт, ки моҳонааш ба 50 доллари амрикоӣ баробар аст. Ин маблағ барои оилааш, ки аз чаҳор нафар иборатанд, басанда нест. Ва ӯ маҷбур аст, ки вақти холиашро ба ҳайси роҳбалади сайёҳон ва гурӯҳҳои хориҷӣ истифода кунад. Вале сайёҳон низ дар Мянмар хеле кам ба чашм мерасанд.

Сафари нахустини ҳайати варзишии Тоҷикистон ба Мянмар барои ҳар яки мо таассуроти бою рангин ва фаромӯшнопазир боқӣ гузошт. Аҳсан ба футболбозони дастаи “Вахш”, ки Тоҷикистонро дар Мянмар ба таври шоиста ва бо пирӯзӣ дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё намояндагӣ карданд.
XS
SM
MD
LG