Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе - яке аз шаҳрҳои номуносиб барои зиндагӣ


Тибқи як таҳқиқоти анҷомдодаи ширкати «Мерсер»-и Амрико Душанбе, пойтахти Тоҷикистон яке аз шаҳрҳои номуносиб барои зиндагӣ дар миёни пойтахтҳои ҷаҳон унвон шудааст.

Зимни ин пажӯҳиш саъй шудааст, ки шаҳрҳои муносиб, нисбатан муносиб ва ҳамчунин номуносиби дунё барои зиндагӣ ташхис ва муайян шаванд.

Дар ин таҳқиқот меъёрҳое ба мисли мизони ҷинояткорӣ, суботи сиёсӣ, шумори беморхонаҳо, сифати хадамоти тиббӣ, шароити хадамоти нақлиёт, теъдоди қаҳвахона ва ресторанҳо, нуқтаҳои истироҳат, шароити иқлим, мизони озодии фард, маҷман 39 меъёр ба инобат гирифта шудааст.

Ин таҳқиқот Бишкек, пойтахти Қирғизистон ва Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро аз шаҳрҳои номуносиб барои зиндагӣ номидааст. Бишкек ва Душанбе дар раддабандии сатҳи зиндагӣ дар шаҳрҳои ҷаҳон ҷойҳои мутаносибан 209 ва 210-ро дар байни 221 шаҳр ишғол карданд.

Ҳамчунин дар ин таҳқиқоти анҷомшуда Бағдод, пойтахти Ироқ дар мақоми 221-ум қарор ва аз шаҳрҳои собиқи Шӯравӣ, Тифлис, пойтахти Гурҷистон мақоми 217-уро касб кардааст.

Пойтахти Австрия - Вена, шаҳрҳои Тсюрих ва Женева беҳтарин шаҳрҳо барои зистан унвон шуданд.


Шаҳрҳои беҳтарин барои зиндагӣ

Ҳарчанд 16 шаҳри Аврупо дар байни 25 шаҳри беҳтаринанд, сатҳи зиндагӣ дар Лейптсиг ва Афина пасттарин дар Аврупо шумурда шудааст. Ин раддабандии солонаро ширкати амрикои "Мерсер" омода ва нашр кардааст.

Душанбе ба унвони шаҳр таърихи тӯлоние надорад. Дар соли 1924 он як деҳаи калон ва минтақаи тиҷоратие дар водии Ҳисор буд, ки ба маҳзи таъсиси Тоҷикистон ба унвони воҳиди маъмурӣ ва сиёсӣ дар ҳайати Шӯравии пешин маркази он эълон шуд.

Душанбе имрӯз бино ба омори расмӣ бештар аз як миллион нуфус дорад, аммо бино ба омори дигар наздики ду миллион нафар дар ин шаҳр ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG