Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонум Мунира, сокини 52-солаи шаҳри Душанбе, 30 сол инҷониб дар як ҳавлии хурди иборат аз чор ҳуҷра бо панҷ фарзанд, шавҳар ва келинҳояш зиндагӣ мекунад.

Аммо ҳанӯзам ба он кулба ҳаққи қонунӣ надорад, чун ин манзил расман моликияти хушдоманаш аст, ки 14 сол қабл фавтидааст ва то имрӯз фарзандон натавонистаанд хонаи модарро миёни худ одилона тақсим кунанд.

Хушдоман дар зиндагиаш ин манзилро ба таври шифоҳӣ ба писари хурдӣ ва арӯси ӯ - қаҳрамони қиссаи мо хонум Мунира, васият карда буд. Аммо ин тасмими худро қонунӣ накард ва фарзандони дигари ӯ баъди маргаш аз ҳаққ ба ин мерос ба фоидаи додари хурдӣ даст накашидаанд.

Хонум Мунира барои исботи соҳибмулки аслӣ будани шавҳараш ба додгоҳ муроҷиат кардааст, аммо азбаски меросхӯрони дигар розӣ набуданд, баҳси додгоҳӣ ҳалношуда боқӣ мондааст.

Баҳсбарангезтарин мушкил

Тақсими мероси волидон баъд аз марги онҳо, яке аз масъалаҳои баҳсбарангезтарини рӯзгори сокинони Тоҷикистон аст, ки дар аксари ҳолатҳо ба гусаста шудани робитаҳои хешутаборӣ, сар задани баҳсҳои тӯлонии додгоҳӣ ва ҳатто хушунат мепечад.

Дар Тоҷикистон волидон умдатан моликияти худро ба таври шифоҳӣ ба фарзандонашон мерос мегузоранд. Дар тақсими мерос, бартарият албатта ба писарон дода мешавад ва маъмулан, хонаи падару модар ҳаққи писари хурдӣ эътироф мешавад.

Саида, сокини 37-солаи пойтахт, мегӯяд, волидон ба писаре мерос мегузоранд, ки дар пирӣ масъулияти нигоҳубини онҳоро ба ӯҳда гирифта бошад. Аммо пеши фарзандони дигар низ ин суол матраҳ мешавад, ки магар онҳо фарзанд нестанд ва ба хонаи падар ҳақ надоранд?

Абдулло, сокини дигари пойтахт, мегӯяд, падари ҳақиқӣ бояд новобаста ба ҷинс, моликияташро баробар ба таври расмӣ тақсим кунад ва ба ҷангу ҷидоли байни фарзандон роҳ накушояд.

Хонум Мамлакат, ки ду писару як духтар дорад, ду ҳавлиро ба писарҳояш мерос гузоштааст. Аммо онҳоро муввазаф кардааст, ки барои дар оянда сарпаноҳ ёфтани хоҳарашон бетарафӣ накунанд. Хонум Мамлакат мисол меорад, ки хушдоманаш ҳавлии худро ба духтараш мерос гузошта буд ва баъд аз марги онҳо, духтар хонаи волидонро фурӯхт ва бо ҳамин бародаронро ба худ душман кард.

Қонун чӣ мегӯяд?

Мақомоти ҳуқуқӣ, ки дар ниҳояти амр боз намудани гиреҳи баҳси бародарону хоҳарон ба души онҳо меафтад мегӯянд, иллати аслии ин ҳама ҷангу низоъ ва душмангарии фарзандони як падар, дар набуди фарҳанги расман мерос гузоштан аст. Ва албатта ин бовар, ки марги худро пешбинӣ кардан, мисли маргро фаро хондан аст. Волидайн ногузирии маргро эътироф мекунанд, аммо аз омодагӣ ба он худдорӣ мекунанд. Ин аст, ки баъди марги волидайн дар бисёр хонадон баҳси молу мулк сар мезанад.

Людмила Салимова, муовини нотариуси аршади Тоҷикистон, мегӯяд, дар миёни аҳолии Тоҷикистон ба таври расмӣ васият гузоштан маъмул нест. Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон мерос бо ду роҳ - қонунӣ ва тариқи васият дода мешавад. Қонунан метавонанд пайвандони наздик ба унвони меросгирандагони дараҷаи аввал - ҳамсар, фарзанд, фарзандхонҳо ва волидон муроҷиат кунанд. Агар меросгирандагони дараҷаи аввал набошад, дуюм метавонад бародар, хоҳар, бобо, бибӣ ва хоҳару бародарзодаҳояш эътироф шаванд. Ба унвони шахси сеюм тағову хола, аммаву амакӣ ва фарзандони онҳо эътироф мешаванд. Аммо бо роҳи васият мерос метавонад ба комилан нафари бегона ҳам дода шавад.

Хонум Салимова аз таҷрибаи худаш мегӯяд, одатан, манзилҳои истиқоматӣ ва мошинҳои сабукравро ба мерос мегузоранд. Ба мерос мондани ширкату корхонаҳо, хеле ангуштшумор аст. Людмила Салимова мегӯяд, бо роҳи қонунӣ мерос гузоштан, оташи хашму ғазабҳоро хомӯш намуда, ба ҳама баҳсҳо нуқта мегузорад, чун одатан баъд аз марги шахс, васияти ӯро баҳс намекунанд.

Бародар душмани бародар

Вакили дифоъ Шӯҳрат Ортиқов мегӯяд, оилаҳои тоҷик одатан серфарзанданд ва дар натиҷаи марги волидон меросхӯрони зиёд барои як манзил ба додгоҳ муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, солҳои ахир теъдоди чунин баҳсҳо ба маротиб зиёд шудаст.

Ҷаноби Ортиқов ин ҳолро ба поин рафтани сатҳи зиндагии мардум ва шикастани арзишҳои суннатии мардуми тоҷик марбут мекунад. Ба гуфти Шӯҳрат Ортиқов, одатан баҳси мерос миёни хоҳару бародарон сурат мегирад. Духтароне ки дар зиндагӣ шикаст хӯрда, ба хонаи волидон бармегарданду, дигар ҷои рафтан надоранд, ба хотири доштани кулбаи қонунӣ мубориза мебаранд.

Ӯ як мисолеро ҳам меорад, ки бародарон тариқи додгоҳ манзили падарашонро 2 сотихӣ ба чор тақсим намуданд. То ҳукми додгоҳ миёни бародарон ҷангу низоъ ва бадбинӣ афзун шуд. Зимни тақсими ҳавлӣ зарурати кушодани роҳ ба яке аз бародарон ба миён омад, ки бояд аз ҳуддуи дигаре мегузашт. Аммо бародаре, ки ба вай ин ҳудуд расида буд, ризоият намедод ва ҳамин тавр ду сол аст, ки мубориза мебаранд.

Аз рӯи ҳукми илоҳӣ

Тоҷикистон ҷомеаи суннатӣ аст ва дар баъзе маҳалҳо баҳсҳо то ба додгоҳ намерасад ва пайвандон баъд аз фавти соҳибмулк, муллои маҳалларо даъват мекунанд ва меросро мувофиқ ба қавонини шариат тақсим мекунанд. Мардум ба ҳарфи рӯҳониён эътиқод доранд ва баъзан гуфтаҳои онҳоро ҳамчун ҳукм мепазиранд. Гуфтаҳое, ки асосан аз манофеъи мардҳои хонавода дифоъ мекунанд ва занҳоро тақрибан бе мерос мегузоранд.

Насруллоҳи Билолӣ, собиқ имом-хатиби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мегӯяд, мувофиқи қавонини шариат Худованд 4 мардро ба 8 зан баробар кардааст: “Агар як духтар бошад нисфи молро мегирад. Агар ду духтар бошад, аз се ҳисса ду ҳиссаи молро мегирад. Агар як писар бошад, асаба мешавад ва кулли молро мегирад. Агар як писару духтар бошад, писар як ҳисса, духтар ним ҳисса мегирад. Писар ба он хотир як ҳисса мегирад, ки оила дорад. Духтар бошад парастор дорад. Худованд шаш ҳиссаро дар Қуръон номбар кардааст. Мо, мувофиқи қоида, ба падар модар, бобо писар духтар, ки ҳар кадоме ҳиссаи худро дорад, меросро тақсим мекунем”.

Шариати ислом дар тақсими мерос ҳуқуқҳои фарзандонро то ҳадди муайян таъмин мекунад, аммо риоя кардан ё накардани қарори уламои дин ба худи фарзандон вогузошта мешавад.

Суннатҳои шикаста

Ҷомеашинос Дилором Раҳматова мегӯяд, агар волидайн мехоҳанд баъд аз марги худ фарзандонро бо ҳам рақиб накунанд, бояд пеш аз пеш тасмими худро ба таври расмӣ сабт кунанд. Хонум Раҳматова эътироф мекунад, ки навиштани васиятнома барои шаҳрвандони Тоҷикистон падидаи нав аст. Тарғиби ин фарҳанг дар тули 70 соли Шӯравӣ низ роиҷ набуд.

Ба андешаи ҷомеъашинос, зарур аст, ки ҳуқуқдонҳо аз тариқи садову симо ва матбуоти даврӣ ин мавзӯъро ба баҳси умум бикашанд ва зарурати ин фарҳангро ба мардум тарғиб кунанд. Ӯ мегӯяд, гузоштани қадами аввал аз ҷониби нафарони калонсол дар тақсими одилонаи мерос, аз теша задан бар решаи хонавода пешгирӣ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG