Пайвандҳои дастрасӣ

Даҳ моҳи пеш Эрон се шаҳрвандони ҷавони Амрикоро ҳангоми саёҳат дар марз бо Ироқ боздошт кард. Онҳо ба ҷосусӣ муттаҳам мешаванд. Ахиран мақомоти Эрон ба модарони онҳо иҷозат доданд, ки ба дидори фарзандони хуб бирасанд.

Акнун модарон бо орзуи бозпас гирифтани фарзандони худ озими Теҳрон шудаанд.

Модарони се шаҳрванди Амрико, ки фарзандони онҳо соли гузашта бо иттиҳоми ҷосусӣ аз ҷонибӣ Эрон боздошт шудаанд, ба хотири бозпас гирифтани онҳо озими сафари Теҳрон шудаанд. Ин се нафар, Сара Шоурд, Шейн Боуер ва Ҷош Фаттал моҳи июли соли гузашта, ҳангоми ба гуфтаи модарон саёҳат дар марз, боздошт шудаанд.

Эрон онҳоро ба вуруди ғайриқонунӣ ба марзҳои кишвараш ва робита бо хадамоти ҷосусӣ муттаҳам кард, аммо расман ба ҳеҷ ҷурме айбдор накард.

Модарони ин се боздоштшуда мегӯянд, дар тӯли 10 моҳи гузашта онҳо бо фарзандони худ танҳо як дафъа, моҳи март тавассути телефон сӯҳбат кардаанд. Ҳоло, ки Теҳрон ба онҳо ваъдаи таъмини раводид кардааст, модарҳо бо умеди ҳамоиш бо фарзандон ва бозгашти бо саломати онҳо ба Эрон сафар доранд.

Талоши модарон барои озоди фарзандон

Нора Шоурд, модари Сара Шоурд ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ба онҳо итминони хотир додаанд, ки ҳатман бо фарзандон мулоқот мекунанд.

"Ба мо итминони хотир доданд, ки бачаҳоямонро хоҳем дид. Ман итминон дорам, ки ин иттифоқ воқеист. Ҳадафи аслии сафари мо ҳам ҳамин аст. Аммо болотар аз ин, тавре шумо мефаҳмед, мо барои озодии онҳо талош хоҳем кард."

Азбаски Вашингтон ва Теҳрон бо ҳам равобити дипломатӣ надоранд, сафари модарҳо ба Теҳрон аз ҷониби мақомоти Швецария тарҳрезӣ шуд.

Як дипломати Швецария, ки ҳар се боздоштшударо моҳи гузашта дида буд, мегӯяд, Сара Шоурд аз бемории занона ва Бауер аз дарди меъда азият мекашанд.

Боздошти ин се тан, равобити бе ин ҳам печидаи Арикову Эронро боз ҳам печидатар кард. Вашингтон иттиҳоми ҷусусӣ алайҳи шаҳрвандони худро рад ва талаб кард, ки онҳо оҷилан озод карда шаванд.

"Фарзандонамон набояд чун асбоби сиёсӣ истифода шаванд"

Модари Бауер, Синди Ҳикей гуфт, бачаҳо набояд ҳамчун силоҳи сиёсӣ истифода шаванд:

"Мақомоти Эрон ба мо гуфтанд, ки ба мо бар пояи шароити инсондӯстона виза медиҳанд. Ин бояд бо сиёсат махлут нашавад. Мо дар ин мавзӯъ мӯътақидем."

Дар изҳороте, ки модарони ҷавонҳои боздоштшуда пахш кардаанд, гуфта мешавад, ки умедворанд, мақомоти Эрон онҳоро ба ҳузур бипазирад, то битавонанд мавзӯъи озодии фарзандони худро матраҳ кунанд.

"Ин кобус хеле тулонӣ буд", мегӯянд онҳо ва меафзоянд, "ҳашт моҳи зиндон ҳатто барои убуркунандаҳои ғайриқонунии марз низ муҷозоти кофӣ аст."

Аммо онҳо ин эҳтимолро, ки имкон дорад ба Амрико бе Шейну Сара ва Ҷош баргандандро низ сарфи назар намекунанд...

Дар чунин ҳолат мегӯянд модарон, "ин ғаме хоҳад буд, ки бори онро ҳеҷ модаре дар дунё наметавонад бикашад ва мо комилан шикаста хоҳем шуд.
XS
SM
MD
LG